Барои афроди насли ман, ки воқеъиятҳои даврони ихтиноқи шӯравиро камтар ба чашми сар дидаанд ё аслан надидаанд, Наврӯз табъан айёми шодию суруру рақсу пойкӯбист ва аз маҳдудиятҳое, ки ҳудуди 25 сол пеш ҳам монеъ аз таҷлили Наврӯз дар Осиёи Миёна мешуд, танҳо достонҳоеро шунидаему хондаем; аз давроне, ки ибороте чун “Иди деҳқон” ва “Иди баҳор” ҷойгузини “Наврӯз” шуда буд ва аз баҳоронаҳои хиёбонӣ хабаре набуд.
Пештар аз он, дар оғози истиқрори ҳукумати шӯроҳо, ки Наврӯз як ҷашни мазҳабӣ ба шумор меомад, ҳеч навъ иборати ҷашнӣ ҳам муқорин бо Наврӯз ба чашму гӯш намерасид. Танҳо пас аз исботи ин дидгоҳ, ки Наврӯз дорои решаҳои илмию табиъист, то мазҳабӣ, ба ифтихори “Иди деҳқон” ва “Иди баҳор” шеъру таронаҳое суруданд ва навиштаҳое мунташир шуд.
Аммо ин бад-он маъно набуд, ки Наврӯз дар миёни тӯдаҳо ҳам мурда буд; он сирфан ба пастуи хонаҳо паноҳ бурда буд ва ойинҳои наврӯзӣ фишурда шуда буд ва маросими шодмонии хонаводагӣ даври деги суманак ва атрофи гулхан ба дур аз чашми мақомот дар як рӯз анҷом мегирифт. Ва ҳамчунон падару модарон номи фарзандонашонро, ки рӯзи Наврӯз ба дунё омада буданд, Наврӯз ва Наврӯзгул мегузоштанд. Решаҳои Наврӯз дар ин сарзамин басе қавитар ва устувортар аз он буд, ки бо чанд даҳа ҳукумати наврӯзситез бифарсояд.
Қурбони Абдуллоҳ, овозхон ва ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, он рӯзгорро хуб ба ёд дорад; ва лаҳзаҳои сару сина задан бо мақомотро, то як оҳанги наврӯзиро – ҳарчанд бо полоиши идеулужик ва таҳрими вожаи “Наврӯз” – ба таъйид бирасонад.
Аммо ҳамаи инҳо ривоётест, ки аз наслҳои қадимитар мешунавем. Имрӯза дар Тоҷикистон Наврӯз – агарчи на ҳампои ҷашни соли нави масеҳии расмист – ҳамасола бо рангу бӯ ва шукӯҳи бештар ва сарзиндатар баргузор мешавад, ки Наврӯзи ахир дар Наврӯзгоҳи тозасохти шаҳри Душанбе намунаи хуби он буд. Ва ин бор раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам дар суханрониаш Наврӯзро “оғози соли нав” номид, ки барои кишваре, ки тақвими расмиаш мелодӣ аст, нуктаи қобили таваҷҷуҳест.
Барои овозхонон ҳам Наврӯз аз муҳимтарин ва пуркортарин давраҳои сол аст. Гурӯҳҳои ҳунарӣ ва овозхонони тоҷик дар остонаи Наврӯз ба такопӯи эҷоди таронаҳои тозаи наврӯзию баҳорӣ меуфтанд, ки гӯӣ мусобиқае барои беҳтарин суруди баҳорӣ худбахуд роҳ уфтодааст.
Дар остонаи Наврӯз ба истудиюи бархе аз овозхонони тоҷик сар задем, то шоҳиди омодагии онҳо ба ҷашни соли нави бостонӣ ё Наврӯз бошем, ки шарҳи онро дар гузориши тасвирии болои ин сафҳа мебинед.