Шаҳриёр Мухторов, грофист, тарроҳ ва муҷассамасози тоҷик аст, ки соли 1960 дар шаҳри Душанбе ба дунё омад. Мегӯяд, аз дусолагӣ ба медод (қалам)-ҳои рангӣ ъалоқа дошта ва беҳтарин саргармиаш наққошӣ ва рассомӣ будааст. Ҳамсолонаш дар берун бозӣ мекарданд ва ӯ тахайюлашро бо рангҳои гуногун рӯи коғаз мерехт. Ин ъишқу ъалоқа бо мурури замон на танҳо коҳиш наёфт, балки ба ҳадде бузург шуд, ки ояндаашро рақам зад.
Вай дар 16-солагӣ вориди Омӯзишгоҳи ҳунарҳои зебои Олимов ва се сол баъд барои такмили маҳорати наққошӣ ва муҷассамасозӣ равонаи Донишгоҳи ҳунарҳои зебои шаҳри Маскав шуд. Дар ҳамон соли нахусти донишҷӯӣ дар Маскав дар мусобиқот ва намоишгоҳҳои ҳунарӣ ширкат мекард ва аз ӯ тақдир мешуд. Яке аз корҳои мондагори Шаҳриёр Мухторов дар давраи донишҷӯиаш пайкараи нимтанаи Абулқосим Лоҳутист, ки бо санги мармар сохта буд; ҳарчанд ҷинси бештари корҳои баъдиаш брунз аст. Барои омӯхтани зарофатҳои кор бо санг ба кишварҳои каронаи Болтик сафар карда ва аз устодони он сомон фанни сангтароширо фаро гирифта буд.
Акнун офаридаҳои Шаҳриёр Мухторовро метавон дар хиёбонҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Хуҷанд, Хоруғ ва Турсунзода дид. Бархе аз осори ӯ ба хиёбонҳои шаҳрҳое чун Самарқанд дар Узбакистон ва низ шаҳрҳое дар Русия ва Қирғизистон зебоӣ мебахшанд.
Шаҳриёр мегӯяд, асп шохиси ҳунари як муҷассамасоз аст. Ва агар муҷассамасозӣ аз сохтани тандиси асп ъоҷиз бошад, пас ҳунари чандоне надорад. Чун нишон додани фурӯрафтагиҳову барҷастагиҳои пайкари асп маҳорати бисёр мехоҳад. Аз инҷост, ки дар коргоҳи Шаҳриёр даҳҳо асп дар ҳолоти мухталиф ҷавлон медиҳанд ё бо виқор истодаанд. Шаҳриёр рӯи ҳар як аз ин тандисакҳо порае аз маҳорати аспсозиро омӯхтааст.
Шаҳриёр муътақид аст, ки ҳунари наққошӣ ва муҷассамасозиро дар ҳеч донишгоҳе наметавон фаро гирифт. Одамҳо наққош ё муҷассамасоз ба дунё меоянд ва сирфан зарофатҳои ин корро дар муассисоти омӯзишӣ фаро мегиранд. Сиришту биниши як наққош ё муҷассамасоз иктисобӣ нест. Ин бовари Шаҳриёр аст. Ҳамчунин бовар дорад, ки муҳимтарин фурӯза ё фазилати як пайкартарош шикебоӣ аст. Чун муҷассама якшаба падид намеояд, бояд ҳавсала кард. Гоҳ барои падид овардани як симо ё як тандис моҳҳо бояд нишасту кор кард. Ва чандин рӯзи дигар бояд қолиби онро таҳия кард ва тазйиноташро анҷом дод. Инҷост, ки бархе тоб намеоваранд ва корро нотамом мегузоранд ва ба ҷое намерасанд.
Шаҳриёр Мухторов мегӯяд, ки муҷассамасозӣ кори содае нест ва шабҳои бехобӣ дорад. Ва, масалан, барои офаридани як чеҳра маҷбур аст чандин ҷилд китоб бихонад ва аз он чеҳраи торихӣ шинохти дақиқ ҳосил кунад ва танҳо баъд аз он тахайюлашро нахуст бар коғаз ва сипас дар ҷинси тандис бирезад. Аммо ҳосили он гарди ҳамаи ранҷҳоро басодагӣ мезудояд.
Ба гуфтаи Шаҳриёр, мактаби муҷассамасозӣ дар Тоҷикистон дар солҳои шӯравӣ аз ҳамаи мактабҳои дигари Осиёи Миёна пешӣ дошт, вале ахиран дар вазъи асафборе қарор гирифтааст. Вай барои ислоҳи авзоъ анҷуманеро бо номи "Санъати тасвирӣ ва рушди пайкартарошӣ дар Тоҷикистон" поярезӣ кардааст. Ҳадафи аслии ин анҷуман ёфтани навҷавонони боистеъдод барои тадовуми ҳунари муҷассамасозӣ дар ин кишвар аст. То кунун ҳудуди сӣ тан аз ин навҷавононро ёфтаанд ва барояшон давраҳои омӯзишӣ баргузор мекунанд. Шаҳриёр хушнуд аст, ки ҳамчунон дар Тоҷикистон метавон ҷавонони боистеъдодеро суроғ дошт; ҷавононе, ки танҳо ба роҳнамоӣ ниёз доранду бас. Вай барои тарғибу ташвиқи ин ҷавонон ҳамроҳ бо онҳо тарҳҳои муштаракеро анҷом медиҳад. Чанде пеш дар мусобиқаи саросарии муҷассамасозон Шаҳриёр ва сӣ шогирдаш баранда шуданд ва тайи даврае кӯтоҳ барои боғу гулгаштҳои шаҳр тандисҳое сохтанд. Моҳи ут (август)-и соли 2011 Шаҳриёр Мухторов дар гулгаштҳои шаҳри Душанбе 22 нимтана насб кард ва тарроҳии Боғи марказии пойтахтро ҳам ба ъуҳда дошт. Ва акнун орзу дорад, ки яке аз гулгуштҳои шаҳри Душанберо сирфан ба офаридаҳои худ ва шогирдонаш ихтисос диҳад.
Дар гузориши тасвирии ин сафҳа ба коргоҳи Шаҳриёр Мухторов, муҷассамасози тоҷик, саре мезанем ва пои суҳбатҳои ӯ менишинем.
Ирсоли матлаб