Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Ҳувият аз забони намодҳо
Дориюши Раҷабиён

Солҳо пеш, шояд 15 ё 16 сол пеш, дар роҳи Исфаҳон ба Шероз мутарҷими як окодемисян (академик)-и узбак будам. Кулер (кондитсионер)-и худрави шику роҳати “Бенз” равшан буд ва гармои тобистонро аз мо меронд ва маҷол медод, ки ба суҳбатҳои Аҳмадъалӣ Аскаров, узви Фарҳангистони улуми Узбакистон, бо ҳавсалаи тамом гӯш диҳам. Чизҳое, ки мегуфт, бароям тозагӣ дошт; яъне на ин ки хабари тозае бошад, балки рӯйдодҳои торихии маълумро ба наҳве ғайримутаъориф бароям таъриф мекард, то собит кунад, ки “тоҷикҳо” омезае аз “ақвоми бумии турки Осиёи Миёна ва муҳоҷимони омадаи эронӣ” будаанд ва ин ки манзур аз “тӯрониён” дар тӯли торих ҳамвора туркҳо будаанд. Оқои Аскаров кӯчактарин шинохте аз ман надошт; фикр мекард як мутарҷими маҳаллиам ва ба гӯшаи зеҳнаш ҳам хутур накарда буд, ки шояд ман ҳам тоҷик бошам. Хулоса, панҷ-шаш соъате дар роҳ бо ҳам гапугуфте муфассал доштем, бидуни ин ки окодемисяни узбак аз ҳувияти тоҷикии ман огоҳ шавад; вагарна ба эҳтимоли зиёд аз мусоҳибаташ бебаҳра мемондам.

Дидгоҳи окодемисян Аскаровро ба анҳо (шаклҳо)-и мухталиф ва бо истинод ба навиштаҳои Василий Бартолд ва Бобоҷон Ғафуров, аз бузургтарин ховаршиносони шӯравӣ, ба чолиш кашидам ва ӯро ба дақоиқе сукуту тааммул водоштам. Аммо худам ҳанӯз нафаҳмида будам, ки дучори тафсири расмии Узбакистон аз торихи минтақа шудаам. Ин мавзӯъ баъдҳо бароям равшан шуд. Замоне ки дар ҳамаи майдонҳои аслии Узбакистон тандиси Темурланги Гурконӣ (бо номи “Амир Темур”) қад алам кард ва дар Тоҷикистон тандисҳои Исмоъили Сомонӣ ҷойгузини “ленин”-ҳои мутаъаддид шуд. Навъе пархош буд; пархоши ҳувиятӣ миёни ду пора аз минтақае, ки ҳамомезии фарҳангии шигарфе доранд. Ба гунае, ки мусиқии суннатии ҳар ду кишварро “Шашмақом” номанд, ғизои аслии мардумони ҳар ду кишвар “палав” аст ва Рустаму Таҳминаву Суҳробу Манижа аз роиҷтарин номҳои мавҷуд дар ҳар ду кишвар аст. Аммо намодҳои ин ду кишвари навпо гӯӣ ба манзури озори мутақобил интихоб шуда буданд: Темурлангро дар Тоҷикистон аз ҷаллодони даҳр медонанд ва Сомониёнро дидгоҳи расмии Узбакистон аз силсилаҳои камрангу дараҷаи дувуми сарзамини худаш ба шумор меоварад. Узбакистон соли 1996 шашсаду шастсолагии Темурро ҷашн гирифт ва се сол баъд аз он ҷашнҳои бошукӯҳи ҳазору садсолагии Сомониён дар Тоҷикистон роҳ уфтод; ҷашнҳое, ки дар чорчӯби барномаҳои Созмони Милал баргузор шуд ва равобити миёни Тоҷикистону Узбакистонро тиратар кард.

Тайи солҳои пасошӯравӣ ин ду миллат дар ҷустуҷӯи решаҳо ва ҳувияти навин ҳамвора музоҳими якдигар будаанд ва дар ин масир борҳо бо ҳам сарбасар омадаанд. Чун иштирокот ҳар чи бештар аст, тақсиму марзбандӣ миёни онҳо ба ҳамон андоза сахттар. Дар натиҷаи ин бигӯ-магӯҳо акнун пайванди миёни мардумони Тоҷикистону Узбакистон башиддат осеб дида ва миёни ин ду кишвари ҳамсоя иртиботи ҳавоӣ вуҷуд надорад.

Мавзӯъи ин навишта, аммо, намодҳоест, ки дар Тоҷикистон ҷойгузини Столину Ленин шуданд ва ҳадаф аз зикри он ёдвора ишора ба сароғози шӯравизудоӣ дар минтақа буд, ки бо шӯру ҳаяҷоне азим дар кишварҳои навпо, аз ҷумла Тоҷикистон, ҷараён гирифт. Шояд ҳам бавижа Тоҷикистон, ки пештару бештар аз ақвоми дигари Шӯравӣ бӯи хуши ошноиро аз фаросӯи марзҳояш шунида буд ва нигоҳи умедворе ба паҳнаи дуруфтодаи ҳамтаборонаш дӯхта буд. Дар паи талошҳои ҳувиятхоҳонаи равшанфикрони Тоҷикистон буд, ки ин ҷумҳурӣ соли 1989 ба унвони нахустин ҷумҳурии Шӯравӣ ба забони мардуми маҳаллӣ мақоми расмӣ дод ва номи асили ин забон (форсӣ)-ро ба матни Қонуни Асосиаш баргардонд. Ва яке аз нахустин мавридҳои сарнагунии муҷассамаи Ленин ҳам дар соли 1991 дар Тоҷикистони шӯравӣ иттифоқ уфтод.

Аммо истиқлол баногоҳ омад. Истиқлоле набуд, ки барояш ҷонбозиҳо карда бошанд ё ҳатто интизорашро дошта бошанд. Хостороне дошт, аммо ҷонсупороне надид. Истиқлоли ногаҳонӣ раҳбарони вақтро дар ҳамаи ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин даступоча карда буд. Аксари онҳо кӯшиданд, ки ба гунае ин ҷумҳуриҳоро дар чорчӯби иттиҳод ё ҷиргае дигар гирди ҳам оваранд, аммо замон гузашта буд ва ҳавои истиқлол паҳнаи Шӯравиро фаро гирифта буд.

Тоҷикистон ҳам ба монанди дигар ҷумҳуриҳо даргири ҳувиятсозӣ шуд, то дар арсаи байнулмилалӣ ҷойгоҳе барои худаш фароҳам кунад. Фарохони равшанфикрон ба бозгашт ба хатти форсӣ ва иттиҳод бо кишварҳои форсизабон баландтар садо медод. Абулқосим Фирдавсӣ ба намоди ҳувияти миллат табдил шуд ва дар майдони марказии пойтахт тандиси ӯ ҷои Ленинро гирифт ва бисёре онро чирагии адаб бар сиёсату хушунат унвон карданд.

Такассуру гунагунии андешаҳо дар матбуъоти азбандгусехта хиракунанда буд. Даврае буд, ки имрӯз ҳам бисёре ба унвони “мардумсолории ростин” аз он ёд мекунанд ва шуморе ҳам ба унвони “давраи ҳарҷу марҷ”. Эътирозоти хиёбонӣ сиёсатҳои давлатро рақам мезад. Давлат бо эҳсоси заъфе, ки дошт, баночор таслими хостаҳои муътаризон мешуд. Бо фарёди “Истеъфо!”-и мардум мақоме барканор мешуд ва дигарӣ ба ҷояш менишаст.

Аммо ин шӯру шавқи истиқлол дер напоид. Соли 1992 Тоҷикистон ғарқи ҷанги дохилӣ шуд ва тайи панҷ сол ҳудуди панҷоҳ ҳазор кушта дод ва даҳҳо ҳазор нафари дигар кишварро тарк карданд. Бо подармиёнии Созмони Милал ва Русияву Эрон ва бо такя ба шиъори “Мо ҳама тоҷикем!” тарафҳои даргир бо ҳам канор омаданд ва яке аз мавридҳои нодири поён додан ба ҷанги дохилиро сабти торих карданд. Ҳувияти тоҷикӣ ё таъаллуқ ба сарзамини Тоҷикистон аз унсурҳои калидии поён додан ба он ҷанг буд. Аммо паёмадҳои он ҷанг, бавижа муҳоҷирату оворагии садҳо ҳазор тоҷик, то кунун аз авомили гирифториҳои иқтисодию иҷтимоъию фарҳангии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Мошини ҳувиятсозӣ, аммо, фаъъол буд ва дар ҳоли шаклу намо додан ба ҳувияти кишваре, ки ҳаргиз бо ин ном вуҷуд надошта. Давлати навпо барои эҷоди ҳувияте вижа номи “форсӣ”-ро дубора аз матни қонун ҳазф кард ва забони расмии кишварро “тоҷикӣ” номид. Навиштаҳо ба хатти форсӣ аз рӯи дару девор зудуда шуданд ва барномаи “бозгашт ба хатти форсӣ то соли 1995” лағв шуд. Бо вуҷуди корзори густардае, ки барои муқобила бо бозгашти тоҷикон ба расмулхатти форсӣ анҷом гирифта ва алорағми тасмими мақомот ба пойбандӣ ба хатти сириллик, ин тамоюли равшанфикрони ҷомеъа то кунун дар расонаҳои кишвар мавҷ мезанад.

Барои таҳкими ҳувияти тоҷикӣ давлат торихдононро ба кор гумошт, то силсилаи Сомониён (819-999 м.)-ро ба унвони бунёнгузори нахустин давлати тоҷикӣ ҷо биандозанд, бо ин истидлол, ки вожаи “тоҷик” ба мафҳуми қавмияти эрониёни Фарорӯд дар ҳамон давра роиҷ шуда буд. Соли 1999 тандиси Абулқосим Фирдавсиро аз маркази пойтахт ба ҳошияи шаҳр бурданд ва ба ҷои он тандиси Исмоъили Сомониро насб карданд. Баландтарин чакод (қулла)-и Иттиҳоди Шӯравии пешин (Коммунизм) воқеъ дар минтақаи Помири Тоҷикистон ҳам ба “Исмоъили Сомонӣ” тағйири ном кард. Хиёбонҳои аслии шаҳрҳои Тоҷикистон ҳам, ки ғолибан номи Ленинро доштанд, Исмоъили Сомонӣ ном гирифтанд ва арзи миллии Тоҷикистонро ҳам “сомонӣ” номиданд. Бад-ин гуна давлати навпои Тоҷикистон худро бо дудмони Сомониён пайванд дод, то вориси он шинохта шавад.

Суруди Миллии Тоҷикистон ҳам табъан бояд иваз мешуд. Суруди Миллии Тоҷикистони шӯравиро Абулқосим Лоҳутӣ соли 1946 дар тамҷид аз миллати рус навишта буд, ки матлаъи он чунин буд:

Чу дасти рус мадад намуд,
Бародарии халқи совет устувор шуд,
Ситораи ҳаёти мо шарорабор шуд…

Муаллифи Суруди Миллии Тоҷикистони мустақил Гулназар Келдӣ аст, ки онро ба ситоиш аз Тоҷикистон ихтисос додааст:

Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саъодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем.
Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

Ҷустуҷӯи ҳувият нишону намодҳои расмии Тоҷикистонро ҳам бакуллӣ дигаргун кард. Орм (нишон)-и давлатии Тоҷикистон дар оғози истиқлол шеру кӯҳу партави хуршед буд, ки бар фарози он тоҷу ҳафт ахтари заррин медурахшиданд. Дар поёни соли 1993 тасвири хуршеди толеъ барҷаста шуд, тоҷу ҳафт ситора дар конуни орм қарор гирифт, шер нопадид шуд ва тасвири як китоби боз афзуда шуд. Ба расми ормҳои шӯравӣ, даври ҳамаи ин тасвирҳоро як шоха пунба ва чанд хӯша гандум фаро гирифт.

Дар тафсири бисёре аз ин намодҳо ниҳодҳои расмӣ ба решаҳои маздаяснӣ ё зартуштии онҳо ишора карданд; аз ҷумла ҳафт ситораро намоди ҳафт амшоспанд ё фариштаи зартуштӣ ва партави хуршедро намоди фарри эзидии зартуштӣ унвон карданд. Такя ба намодҳои зартуштӣ ба моҳияти ҷунбишҳои истиқлолхоҳи авохири давраи шӯравӣ ва талошҳои давлат пас аз касби истиқлол бармегардад. Давлати Тоҷикистон дар оғоз талош мекард бо барҷаста кардани унсури маздаяснӣ дар пешинаи тоҷикҳо ба масофи исломгароӣ биравад ва ба ин манзур ҷашнҳои бузургдошти Зартушту Авесторо баргузор кард ва соли 2006-ро соли “тамаддуни ориёӣ” номид. Аммо гароиши беш аз пеши мардум ба ислом дар паи фатрат (футурот)-и идеулужии кумунистӣ боъис шуд, ки ин рӯйкарди давлат тағйири ҷиҳат диҳад ва соли 2009-ро ба нишони гиромидошти Имом Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит “соли Имоми Аъзам” унвон кунад.

Ҷашнҳои имсоли Тоҷикистон, аммо, бошукӯҳтар аст: рӯзи нуҳуми септомбр (сентябр) ин кишвар бистумин солрӯзи истиқлолашро таҷлил мекунад. Дар остонаи ин ҷашн баландтарин парчами ҷаҳон ва баландтарин сохтмони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд ва дар рӯзи истиқлол 3000 нафар дарозтарин парчами ҷаҳонро дар хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе ҳамл хоҳанд кард. Бузургтарин китобхонаи Тоҷикистон ҳам ифтитоҳ мешавад, ки як сохтмони азими нуҳтабақа аст ва бино ба гузоришҳо, аз миллат тақозо шуда, ки ба китобхонаи ҷадид китоб тақдим кунанд, то қафасаҳои холӣ пур шавад. Дар расонаҳои мустақил ва маҷозӣ (Интернет) бисёре аз рекурдгароии давлат интиқод кардаанд ва хостаанд, ки беҳтар мебуд ин бузурггароиро дар заминаи омӯзишу парвариш ба харҷ медод ва ба интишори китобҳои илмию донишӣ мусоъидат мекард.

Ва аммо фароянди ҷустуҷӯи ҳувият дар Тоҷикистон ҳанӯз ба фарҷом нарасидааст, бо ин ки кеши шахсияти Исмоъили Сомонӣ дар саросари кишвар маҳсус аст. Вале тайи ин солҳо шӯру шавқе, ки бо шунидани номи Исмоъили Сомонӣ дар миёни тоҷикҳо эҳсос мешуд, то ҳадди зиёде фурӯкаш кардааст, ки он ҳам метавонад ношӣ аз таблиғи беандозаи ҳукуматӣ аз як сӯ ва гароишҳои тозанафаси мазҳабӣ аз сӯи дигар бошад.

Аммо насби муҷассамаҳои Исмоъили Сомонӣ дар саросари Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад. Баҳори гузашта яке аз охирин муҷассамаҳои Ленин дар Тоҷикистонро ҳам дар маркази шаҳри Хуҷанд ба зер кашиданд, ки баландтарин тандиси Ленин дар Осиёи Миёна буд. Ва ахиран дар остонаи бистумин солрӯзи истиқлоли кишвар тандиси навсохтаи Исмоъили Сомонӣ ба ҷои Ленин нишаст, ки гузориши мусаввари ин сафҳа, сохтаи Қамари Аҳрор, ба ин рӯйдод ихтисос дорад. Мансур Ҳоҷибоев, созандаи тандиси Исмоъили Сомонӣ дар Хуҷанд, ки тавзеҳоташ аксҳои ин гузоришро ҳамроҳӣ мекунад, дар насби тандиси Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Табрези Эрон ҳам даст доштааст.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.