Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Бонуи қиссаи Эрон
Амири Ҷавоншер

Симини Донишвар нахустин румоннависи зани Эрон ва устоди барҷастаи ҳунару зебошиносии Теҳрон буд. Дар муҳите, ки ҳамчунон мардсолор аст, ӯ тавонист бо омӯхтану дарс додану навиштан аз пешоҳангони фарҳангӣ шавад.

Падараш Муҳаммадъалии Донишвар пизишку ҳофиздӯст буд ва китобхонаи бузурге дошт. Модараш Қамар-ус-султанаи Ҳикмат аҳли фарҳангу ҳунар буд ва мудири мадрасаи инглисии Меҳройини Шероз. Симин дар соли 1300 хуршедй (1921 м.) дар чунин хонаводае дар Шероз зода шуда, ки ӯро бо ҳунару адабиёт ошно кард. Табиъӣ буд, ки бо забони форсӣ аз роҳи Ҳофизу Саъдӣ маънус шавад ва бо лаҳҷаи шерозӣ бор биёяд ва аз омезаи онҳо барои худ дар навиштан сабке биофаринад.
 
Бахше аз суханронии Симини Донишвар дар шабҳои шеър дар соли 1356 (1977) дар Теҳрон
Нависандагиро дар шонздаҳсолагӣ бо мақолае бо ъунвони "Зимистон бешабоҳат ба зиндагии мо нест" дар рӯзномае дар Шероз оғоз кард. Ӯ забони инглисиро низ фаро гирифт.
 
Симин аз Шероз ба Теҳрон рафт, то дар Донишкадаи адабиёти донишгоҳи ҷадид-ут-таъсиси Теҳрон дарс бихонад. Дар ҳоле ки дарс мехонд ва бо даргузашти падараш ниёзи молӣ сабаби он шуд, ки дар родюи Теҳрон ба кор бипардозад ва барои рӯзномаҳо мақола бинависад. Ӯ ҳатто муддате муъовини ахбори хориҷии родю ҳам шуд.
 
Ӯ бо устодони барҷастаи замони худ, монанди Фурӯзонфар, Ъабдулъазими Қариб, Баҳманёр, Хонларӣ ва дигарон аз наздик ошно шуд ва аз онҳо бисёр омӯхт.
 
"Оташи хомӯш", нахустин маҷмӯъаи достонии ӯ, шомили 16 достони кӯтоҳ дар соли 1327 (1948 м.) интишор ёфт. Ӯ баъдҳо ин асарро бисёр румонтик тавсиф мекард ва дигар онро чоп накард. Аммо ҳамин маҷмӯъа ӯро ба силки нависандагон даровард. Ба навиштаи худаш, ҳангоми сафар аз Шероз ба Теҳрон бо Ҷалоли Оли Аҳмад ошно шуд: "Ҷалолу ман ҳамдигарро дар сафаре аз Шероз ба Теҳрон дар баҳори 1327 (1948) ёфтем ва бо вуҷуде, ки дар ҳамон бархурди аввал дар бораи вуҷуди лаби лаълу кони ҳусни Шероз дар замони мо шак карду гуфт, ки тамоми ингуна маъодин дар замони ҳамон марҳуми Хоҷа Ҳофиз истихроҷ шудааст, боз ба ҳам дил бастем".
 
Оли Аҳмад тавони инро дошт, ки бисёре аз аҳли қаламро муриди худ кунад, аммо Симин яке аз онҳо набуд. Пас аз яке-ду сол ошноӣ Симин ҳамсари ин нависандаи пуровоза ва сиёсии Эрон шуд. Аммо ба гуфтаи худаш, на Симин Оли Аҳмад шуд, на вориди сиёсат ва на ҷанҷолҳои аҳли қалам.
 
Дар соли 1328 (1949) Донишвар поённомаи дуктурояшро дар бораи зебоишиносӣ бо роҳнамоии Фотимаи Сайёҳ ва баъд Бадеъуззамон Фурӯзонфар навишт.
 
Оли Аҳмад ва Донишвар, ба навиштаи худашон, на танҳо ҳамсар, балки дӯст ва нахустин хонандаву мунтақиди ҳам буданд. Дигарон покнависҳоро мехонданд ва он ду чиркнависҳои якдигарро. 
 
 
Онгуна ки гуфта шуда, чанд шахсият масири зиндагии ӯро дигаргун карданд: Фотимаи Сайёҳ, ки ӯро бо адабиёти Ғарб ва бавижа Русия ва низ нигоҳи интиқодӣ дар адабиёт ошно кард; Содиқ Ҳидоят, ки Симин достонҳояшро барояш мехонд ва ба назари ӯ дар бораи навиштаҳояш гӯш медод; ва низ Нимо Юшиҷ, пешвои шеъри нав, ки дар Теҳрон бо ҳам ҳамсоя буданд.
 
Донишвар дар соли 1331 (1952) ба муддати ду солу анде ба Донишгоҳи Станфурд дар Омрико рафт, то дар заминаи ҳунару адабиёт ва достоннависӣ мутолеъа кунад. Ин давра дар ҷаҳонбинии ӯ ва ошноӣ бо мактабҳои фарҳангии Ғарб ва адабиёти ҷадиди Ғарб муассир буд.
 
Кори аслии Донишвар устодии Донишгоҳи Теҳрон буд ва ҳудуди 40 сол дар заминаи ҳунару адабиёт навишту дарс дод ва шогирдони барҷастае тарбият кард. Дар канори он дар хона ва ҳамроҳ бо Оли Аҳмад бо аҳли қалам муровида дошт ва дар таъсиси Конуни нависандагони Эрон нақши муҳимме ифо кард ва нахустин раиси он шуд. Донишвар китобҳои бисёре, аз достон гирифта то масоили ҳунарӣ, низ ба форсӣ тарҷума кардааст. Аммо он чи ки ба Донишвар нақши пешгомӣ додааст, достонҳову маҷмӯъа-достонҳои ӯст, монанди "Шаҳре чун биҳишт" (1961), "Сувушун" (1970), "Ба кӣ салом кунам?" (1980), "Ғуруби Ҷалол" (1981), "Ҷазираи саргардонӣ" (1993), "Аз парандаҳои муҳоҷир бипурс" (1997) ва "Сорбони саргардон" (2001).
 
Аз миёни ин осор румони "Сувушун" беш аз ҳама тарафи таваҷҷуҳ воқеъ ва беш аз 15 бор чоп шуд. Ин достон ба бештари забонҳои муҳимми дунё ҳам тарҷума шуд ва аз он ба ъунвони санаде ёд шуда, ки барои шинохтани Эрони муъосир бояд онро хонд.
 
Ба ъунвони нахустин румони як зани эронӣ ба забони форсӣ, "Сувушун" дар миёни ноқидони эронӣ ва пажӯҳишгарони ғарбӣ борҳо ба баррасӣ гирифта шуда ва аз чандин манзар барҷастагиҳои он таҷзияву таҳлил шудааст. Достони "Сувушун" дар хонаи яке аз моликон дар Шерози пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум рух медиҳад ва аз ин роҳ зиндагии иҷтимоъию иқтисодии мардумро дар ишғоли артиши Инглис тарсим мекунад. Қаҳрамонони зану марди ин достон Зарӣ ва Юсуфанд, ки дар миёни суннатҳои иҷтимоъӣ равобити зану мард ва муровидоти иҷтимоъӣ ва низ бозиҳои сиёсии кӯчаку бузург гирифтор омадаанд. Донишвар дар поён ин достонро ба авҷе мерасонад, ки дар он кушта шудани Юсуф, қаҳрамони ъадолатталаби достон, бо афсонаи марги Сиёвуш ба ҳам омехта шудааст. Ва барои бисёре, бавижа равшанфикрону норозиён, намодҳои ин достон ба сарнавишти Эрони он замон пайванд хурдааст.
 
Ва дар воқеъ, метавон гуфт, ки "Сувушун" Донишварро ба ъунвони як достоннависи барҷаста шиносонд ва аз ҳамин рӯ дар соли 1363 (1984) Ҳушанги Гулшерӣ навиштаи баланде бо номи "Ҷидоли нақш бо наққош" дар бораи ӯ мунташир кард ва дар соли 1371 Фарзонаи Мелонӣ китоби "Ҳуҷбу ҳиҷоб"-ро интишор дод, ки бахше аз он ба Симини Донишвар ихтисос ёфт. Дигарон ҳам дар бораи ин румон навиштаанд.
 
Дар шабҳои шеъри Институи Гуте дар поизи 1356 (1977), ки ҷавве пурҳаяҷон ва сиёсӣ бар он ҳоким буд, Донишвар дар бораи нақши ҳунар ва рисолати ҳунармандон ва нақди ҳунарӣ сухан гуфт. Пас аз инқилоб аз ъузвият дар Фарҳангистони забону адаби форсӣ худдорӣ кард ва то тавонист ба навишта идома дод.
 
Дар даҳ соли ахир Симини Донишвар дигар монанди гузашта сари ҳолу фаъъол набуд ва зиндагии ӯ бештар ба беморӣ ва дар бистар гузашт. Ӯ рӯзи панҷшанбе, 18 исфандмоҳи 1390 (8 морси 2012) дар Дизошеби Шимирон даргузашт.
 
Донишварро "бонуи қиссанависӣ" лақаб додаанд ва бо вуҷуди он ки дар солҳои ахир нависандагони барҷастае аз миёни занон бархостаанд, ӯ ҳамчунон мавқеъияти худро ба ъунвони пешгоми занони достоннавис ҳифз кардааст. Донишвар хотироти худро ҳам ҳамарӯза навишта ва гуфтааст, ки пас аз маргаш мунташир хоҳад шуд. Хотироти ин нависандаи тезбин бешак санаде хонданӣ хоҳад буд.
 
Ъаксҳое, ки дар олбуми болои ин сафҳа мебинед, аз "Ёдномаи дуктур Симини Донишвар" ба кӯшиши Ъалии Деҳбошӣ бардошта шудааст.

Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.