Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Ба пешвози Наврӯз

Дар остонаи Наврӯз фазо ва ҳолу ҳавои сарзаминҳои наврӯзӣ бо рӯзҳо ва давраҳои дигари сол бакуллӣ мутафовит аст. ҶадидОнлойн кӯшидааст дар ин гузориши густарда аз Эрону Афғонистону Тоҷикистон фазои наврӯзии се шаҳри Теҳрон, Ҳирот ва Душанберо ба тасвир бикашад.

Теҳрони наврӯзӣ

Маҳтоҷи Расулӣ

Саъдӣ мегуфт: “Алами давлати Наврӯз ба саҳро бархост”. Аммо барои мо, шаҳрнишинон, ки саҳро дар дастрас нест, алам (парчам)-и Наврӯзро шаҳрдорӣ бар фарози тири чароғбарқ бармеафрозад. Тоблуҳое, ки шаҳрдорӣ ба муносибати Наврӯз бар сатҳи шаҳр насб мекунад, ҳамон парчами давлати Наврӯз аст.

Аммо пеш аз он ки тоблуҳо насб шавад, нишонаҳои дигар аз роҳ мерасанд. Гулфурӯши маҳалла аз чанд ҳафта пеш бозорашро бо сабзаву сунбул гарм кардааст. Гулфурӯшони хиёбонӣ аз муддате пеш бар сари чаҳорроҳҳо наргис мефурӯшанд. Гулфурӯшони канори хиёбон, ҳар ҷо ки боғчаворе аз гул бар замин паҳн кардаанд, бунафшаву помчолро дар ҷаъбаҳо мефурӯшанд. Ҷаъбаҳое, ки ин солҳо одамиро бештар ёди шеъри Шафеъии Кадканӣ меандозанд:

Эй кош одамӣ ватанашро
Мисли бунафшаҳо
Дар ҷаъбаҳои хок
Як рӯз метавонист
Ҳамроҳи хештан бибарад
Ҳар куҷо, ки хост.

Аввалин ҷое, ки дар Теҳрон бӯи баҳор аз он ба машом мерасад, хиёбоне ба номи Баҳор аст (ба ёди Муҳаммадтақии Баҳори Маликушшуъаро, ки хонааш онҷо буд), ки либоси бачаҳо мефурӯшанд. Падарону модарони ҷавон, дар ҳоле ки дасти бачаеро гирифта ва дигариро бағал кардаанд, аз ду моҳ пеш дар ин хиёбон пайдо мешаванд. Витринҳо аз либосҳои нав пур мешавад ва мардумон ҷуфт-ҷуфт ба назора меистанд, то либоси дилхоҳро интихоб кунанд.

Аммо барои мо, матбуъотиҳо, шояд Наврӯз дертар аз ҳама ва дар охирин рӯзҳои исфанд ҳамроҳ бо Ҳоҷӣ Фирӯз аз роҳ мерасад, ки вижаномаҳои наврӯзии маҷаллот мунташир мешавад ва рӯзномаҳо яке пас аз дигарӣ вижаномаи Наврӯз медиҳанд; ғанию пурбор бо рангу бӯи Наврӯз ва ёдҳои наврӯзӣ. Аммо садои зангӯлаи Ҳоҷӣ Фирӯз, ки ин солҳо аз тарси маъмурон бо тарсу ларз дар хиёбон зоҳир мешавад, чизи дигарест. Ман, ки ҳар бор онҳоро бо он либосҳои сурх мебинам, наметавонам аз даст бурдан ба ҷайбам худдорӣ кунам.

Аз ҳамон вақтҳо, ки бӯи ид аз хиёбони Баҳор баланд мешавад, бачаҳои бузургтар садои идро бо инфиҷори тараққаҳояшон дармеоваранд. Ин садо садои чаҳоршанбесурист. Дар моҳи исфанд ҳеч кас аз садои тараққаи сари зуҳр дар хонааш як чурт (ғанаб) наметавонад бизанад. Саратро, ки ба эътироз аз панҷара (тиреза) берун меоварӣ, то ба бачаҳо бигӯӣ ин ҳама сарусадо накунанд, вонет (мошин)-ҳои пур аз қолиро мебинӣ, ки вориди ҳаёт (ҳавлӣ) шудааст, то фаршҳои шустаро таҳвил диҳад. Тоза дармеёбӣ, ки панҷараи ҳамсоя ҳам лухту ур (урён) шудааст. Пардаҳо аз панҷара ҷудо шуда, то шуста шавад ва ин бор поку бидуни гарду ғубор панҷараро бипӯшонад. Фикр мекунӣ, хонатаконӣ аҷаб расми матбӯъест ва ёдат меравад, ки саратро барои чи аз панҷара берун карда будӣ.

Бӯи ид, аммо, аз бисоти ҳафтсинфурӯшони канори хиёбон хуштар аст. Дуруст монанди бедқирмизҳо ва бедмушкҳо ва шукуфаҳои махсуси баҳоре, ки дами гулфурӯшиҳо чашмро ба тамошо мехонанд. Ё мисли бӯи искинос (пули коғазӣ)-и нав дар бонкҳо. Муштариҳо мегӯянд: “Оқо, ба ҷои ин чекҳои пули 50 ҳазор тумонӣ як каме искиноси нав ба ман бидеҳ” ва ҳайф, ки мутасаддии боҷа ин солҳо бештари авқот шарманда аст.

Анбӯҳи мардумон, аммо, бӯи наврӯзро бо трофик (ҳаракати роҳ)-и сангини шаҳр маза-маза мекунанд. Аз авоили исфанд хиёбонҳо шулӯғ (пуриздиҳом)-у шулӯғтар мешавад ва ҳама медонанд, ки баъд аз зуҳрҳо, замоне ки кор дар идораву корхона таътил шуда, дигар ба хиёбон наметавон рафт. Ҳар кас ба ҳавои хариди чизе аз хона берун меояд ва ҳузури фаровони худрав (мошин)-ҳо шаҳрро пурғулғула кардааст. Ҳатто агар бихоҳӣ барои пуст кардани як баста ба идораи пуст (почта) биравӣ, беҳтар аст субҳи зуд ҳаракат кунӣ; чун тамоми касоне, ки бачаҳояшон дар Урупову Омрико зиндагӣ мекунанд, аз як моҳ пеш аз Наврӯз пиставу бодому оҷилу ширинӣ ва савғотиҳои дигареро, ки ба кори Наврӯз меояд, ба идораи пуст мебаранд, то суфраи бачаҳоро дар диёри ғурбат рангин нигаҳ доранд.

Агар саффи пустхонаҳо дар миёнаҳои моҳи исфанд дароз аст, саффи ширинифурӯшиҳо дар рӯзҳои охири сол дароз мешавад. Ин рӯзҳо аз дари ширинифурӯшиҳои маъруф мисли “Шаҳрзод”-у “Бибӣ”-ю ғайра наметавон дохил шуд. Шириниҳоро қаблан омода ва бастабандӣ кардаанд ва намунаҳоро дар витрин чидаанд, то муштариҳо фақат ба ишораи ангушт нишон диҳанд, ки аз кадом намуна мехоҳанд.

Шаҳрҳои шулӯғе мисли Теҳрон ҳар чи дар рӯзҳои нимаи моҳ трофики сангин доранд, дар рӯзҳои поёнии сол хилват мешаванд. Дигар мусофирон роҳии ҷоддаҳо шудаанд, то ба шаҳру диёри худ бирасанд. Бӯи баҳор дар ҷодда аз бунафшаҳои саҳроӣ беҳтар шунида мешавад. Сабза аз даруни барфу сармо аз хок сар бар карда, зиндагии тозаро навид медиҳад, вале ту ногаҳон дармеёбӣ, ки ин ҳама шодӣ барои ин аст, ки як соли дигар ҳам аз умрат барбод шудааст.

Соқӣ, гулу сабза бас тарабнок шудаст,
Дарёб, ки ҳафтаи дигар хок шудаст.
Май нӯшу гуле бичин, ки то дарнигарӣ,
Гул хок шудасту сабза хошок шудаст.

Ҳироти наврӯзӣ

Тоҳира Шарифӣ

Бо ин ки шаҳри Ҳирот дар муҷовират бо Эрон воқеъ аст ва фарҳанги оммаи он бо фарҳанги мардумии Эрон тафовути чандоне надорад, аз ҷашни Наврӯз дар Ҳирот истиқболи гарме сурат намегирад. Ҳанӯз ба бовари шумори қобили таваҷҷуҳе аз мардум, Наврӯз бо суннатҳои мазҳабишон ҳамхонӣ надорад ва ин бовар боъис шуда, ки иддае бо ҷашни бостонии Наврӯз сари ситез дошта бошанд. Афзун бар ин, иддае Наврӯзро мусодиф бо марги Усмон, халифаи севуми мазҳаби тасаннун, медонанд, ки боъиси камрангии таҷлил аз Наврӯз дар ин пора аз паҳнаи Наврӯзистон шудааст. Ин адами рағбат ба таҷлил аз Наврӯз бар аҳли ташайюъи Ҳирот ҳам таъсир гузоштааст ва дар минтақаи Бикробод ҳам ки ҷузъи навоҳии тақрибан шиъанишини вилоят аст, истиқбол аз Наврӯз рангу бӯи хоссе надорад.

Нишонаҳое аз Наврӯзро метавон дар ғарби вилояти Ҳирот, дар маҳаллаҳое чун Бобоҳоҷӣ ва шаҳраки Ҷабраил мушоҳида кард, ки шиъанишинанд. Фаршҳои шусташуда рӯи девори хонаҳо гӯёи ривоҷи хонатаконӣ дар байни мардуми ин манотиқ аст, ки ба истиқболи Наврӯз рафтаанд. Бештари хонаводаҳо ба расми деринаашон сабза мекоранд, суфраи наврӯзӣ мегустаранд ва бузургтарҳо ба кӯчактарҳо идӣ медиҳанд.

Дар ин маҳаллаҳо фурӯшгоҳҳо ва мағозаҳо ҷунбуҷӯши бештар дорад. Мардумеро метавон дид, ки барои хариди либоси нав барои бачаҳояшон ба ин мағозаҳо мераванд ё васоили ороиши суфраи ҳафтсинашонро тадорук мебинанд ва рӯзҳои Наврӯз ба дидори ҳамдигар мераванд ва соли нави хуберо барои ҳамдигар орзу мекунанд.

Аммо иддаи қобили таваҷҷуҳе аз мардуми Ҳирот, аъам аз шиъаву суннӣ, моиланд, ки дар ҷашни Наврӯз (мелаи Гули Сурх) дар шаҳри Мазори Шариф ширкат кунанд. Ба гунае, ки панҷ-шаш рӯз пеш аз Наврӯз билети ҳавопаймо барои мусофират ба Мазори Шариф ноёб мешавад.

Ҳамчунин рӯзи аввали Наврӯз маросими хоссе баргузор мешавад, ки бо номи “маросими ҷандаболо” машҳур аст, ки боз ҳам ин маросим нисбат ба соири нуқоти Ҳирот дар шаҳраки Ҷабраил пурҷунбуҷӯштар аст. Ба хотири ин ки ин минтақа аз амнияти бештар бархурдор аст.

Дар Ҳирот маросими чаҳоршанбеи аввали сол комилан шабеҳи сездаҳбадари Эрон аст. Бо ин ки рӯзи сездаҳуми Наврӯзро ҳам иддаи зиёде дар канори хонавода ва дӯстон дар домани сабзи табиъат мегузаронанд.

Душанбеи наврӯзӣ

Шаҳри Душанбе дар остонаи Наврӯзи имсол гӯӣ наврӯзитар аз ҳар соли дигар аст: овезаҳо ва лавҳҳои шодбош дар сатҳи шаҳр беш аз пеш ба чашм мехурад ва расонаҳоро матолиби наврӯзии ғанитаре сабз кардааст. Инак ду сол мешавад, ки матбуъоти мустақилли Тоҷикистон дар навиштаҳои мутаъаддид аз давлат мехоҳад, ки Наврӯзро ба унвони соли нави расмии ин кишвар шиносоӣ кунад.

Давлат ҳам дар арҷгузорӣ ба Наврӯз вориди сибқат шуда ва барои нахустин бор нишони вижаи Наврӯзро тасвиб кардааст. Раисиҷумҳурӣ Эмомъалии Раҳмон дар остонаи Наврӯз нишони вижаеро ба унвони намоди Наврӯз таъйид кард, ки шакли кураи Заминро дорад (ба юмни ҷаҳонӣ шудани Наврӯз) ва тасвири хуршед дар заминаи тоҷи зарину ҳафт ситора ва парчами Тоҷикистон ва намодҳои баҳору шукуфоӣ дар он партавафшонӣ мекунад.

Гузашта аз ин, майдони аспдавонии бузурги пойтахт “Наврӯзгоҳ” ном гирифта ва барои таҷлили солона аз Наврӯз муҷаҳҳазу музайян шудааст. Баномаҳои умдаи наврӯзии имсол ва солҳои оянда қарор аст дар Наврӯзгоҳи нав баргузор шавад. Дар ин барнома ҳузури Бобо Наврӯзи ороста бо ҷомаи беқасаб аз ҷумлаи ибтикорҳои наврӯзии ҷадиди давлат аст. Бобо Наврӯзро маликаи Наврӯз ҳамроҳӣ мекунад, ки барандаи мусобиқаи духтари шоистаи ахир аст.

Дар нимашаби рӯзи 20 морс (март), дар лаҳзаи солтаҳвили марсум дар Тоҷикистон, бар пояи тандиси Исмоъили Сомонӣ дар маркази Душанбе оташбозии бузурге доир хоҳад шуд, ки оташбозии соли нави мелодиро тадоъӣ мекунад.

Ба муносибати Наврӯз қарор аст тайи рӯзҳои 22 то 28 морс ҳудуди 120 тан аз ҳунармандони Эрон, аз ҷумлаи наққошону ромишгарон ва овозхонону филмсозон, вориди Тоҷикистон шаванд ва бузургтарин ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистонро баргузор кунанд. Гуфта мешавад, ки ин ҳайъатро вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон раҳбарӣ хоҳад кард. Аммо вазири фарҳанги Тоҷикистон қарор аст рӯзи 19 морс бо шуморе аз гурӯҳҳои мусиқии кишвар ба мақарри Созмони Милал дар Нйу-Йурк биравад ва Наврӯзи тоҷикиро онҷо муъаррифӣ кунад.

Дар намоиши тасвирии ин сафҳа гаштугузоре дорем дар хиёбонҳои наврӯзии Теҳрон, Ҳирот ва Душанбе. Аксҳои ин гузоришро Нилуфари Санандаҷизода (Теҳрон), Тоҳира Шарифӣ (Ҳирот) ва Заринаи Хушвақт (Душанбе) таҳия кардаанд.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.