Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Ҷуғрофиёи ишқ
Ризо Муҳаммадӣ

 

Ҷилди китоби Рустами Аҷамӣ

Муҳаммадъалии Аҷамӣ шоъире буд, ки солҳои пеш дар авҷи ҷангҳои дохилии Тоҷикистон пас аз сафари торихӣ ба Афғонистон ба Эрон омад. Ў аввалин шоъири тоҷик набуд, ки ба Эрон меомад. Қабл аз ў устод Бозор Собир ва Муъмин Қаноат ҳам ба Эрон омада буданд. Баъд аз ў ҳам хеле шоъирони дигари тоҷик ба Эрон омаданд. Аммо ҳеч кадом мисли ў дар ҷомеъаи эронӣ давом наёварданд ва ҳеч кадом мисли ў натавонистанд забони шеъри худро бо забони марсум дар Эрон наздик кунанд ва ҳеч кадом ҳам мисли ў дар ҷашнвораҳо ва шаби шеърҳои мухталиф дар Эрон ҳузур ва дурахшиш надоштанд.
 
Муҳаммадъалӣ бо риндӣ, зарофат ва меҳрубонии зотиаш хеле зуд дар Эрон матраҳ шуд ва намое аз шеъри Тоҷикистон барои мардуми Эрон дод. Дубайтии ў хеле вақт дар Эрон замзама мешуд, ки:
 
Хушо чашме, ки боронаш ту бошӣ,
Хушо боғе, ки райҳонаш ту бошӣ.
Самарқанду Бухоро бегазанданд,
Агар шоҳи Хуросонаш ту бошӣ.
 
Дубайтие, ки бо зебоиву латофат ва содагӣ пуле мезад байни шаҳрҳои Хуросони қадим ва улфате, ки Тоҷикистонро бо Эрону Афғонистон ягона мекард.
 
Ин матлаб аммо дар бораи Муҳаммадъалии Аҷамӣ нест. Муҳаммадъалии Аҷамӣ пас аз солҳо зиндагӣ дар Эрон ба Тоҷикистон баргашт ва ёдгори ў дар Теҳрон писари ҷавонаш Рустам буд, ки дар Донишгоҳи Теҳрон донишҷўи адабиёт шуд.
 

Рустами Аҷамӣ

Рустам  тамоми шўру шайдоии падарро дошт. Дар пинҳонӣ шеър ҳам мегуфт. Аммо ҳамеша зери сояи падараш зиндагӣ мекард. Мо ҳам ўро бештар ба унвони писари оқои Аҷамӣ мешинохтем. Писари оқои Аҷамӣ солҳо шеърҳояшро махфӣ мекард ва ба ҷаласоти шеър ҳам ки меомад, бештар ровии шеърҳои падараш буд.
 
Аммо “парирў тоби мастурӣ” кай дошт? Якбора шеъре аз Рустам дидам мунташир шудааст. Шеъре, ки хеле зебо буд, аммо шакли шеърҳои падарашро дошт. Интишори шеър шарми Рустамро шикаст ва инчунин буд, ки шеърҳояш як-як аз сандуқчаи танҳоиҳои шоъир берун омаданд. Рустами шоъир болид ва хеле зуд роҳи хешро на танҳо аз падараш, балки аз ҳамаи шоъирони тоҷик, балки ҳатто аз ҳамаи шоъирони забони форсӣ ҷудо кард.
 
Баъд аз ту
Ба ҳеч дунёе ворид нашудам
Баъд аз ту дастҳоям фалаҷ шуд
Ва сарамро ба синаи вожагон гузоштам.
Китобе шудам, ки охир надошт.
Маро ҳар шоъире замзама мекард
Барои хазон
Дарахте шуда будам,
Ки наққошон ба суратам ранг мепошиданд...
 
Аз ин навъи шеър дар забони форсӣ хеле кам метавон ёфт; бахусус дар байни насле, ки Рустам бо онҳо болидааст. Шеъри Рустам, чуноне ки аз ин шеър мешавад дарёфт, забоне равон, отифӣ ва латиф дорад. Вақте китоби Рустам бо унвони “Бигў дўстам дорӣ, фақат оҳиста бигў, ки маро хоҳанд кушт” ҳамин чанд рўз пеш дар Теҳрон чоп шуд, маълум шуд, ки ин равияро тақрибан дар аксари шеърҳояш ҳифз кардааст.

Ба ҷуз забон он чи шеърҳои Рустамро мутамоиз мекунад, ёдовариҳои ў аз Тоҷикистон аст ва аз фазои зеҳнӣ, ки дар Тоҷикистон ҳоким аст. Фазое аз ҳисси бозгашт ба гузашта ва ишқ ба сарзамини обоӣ ва табиъатситоӣ:
 
Гоҳе барои аҷдодам дилам сахт мегирад,
Мехоҳам бароям даъватнома бифиристанд...
Дўст дорам бод бошам ва чашмонам абр...
Дар шаҳри ту биборам.
Он вақт дарахтҳо ошиқ хоҳанд шуд.
Медонам рўзе хоҳарони пунбачини содаи ман
Ситора хоҳанд чид.
Ва кокулҳои шарқиашон хўшаҳое мешаванд...
Meдонам вақте ангурҳо бирасанд
Дунё маст хоҳад шуд
Ва аҷдоди ман ҳам даъватномаро хоҳанд фиристод...
 
***
Зеботарин китоби шарқшиносӣ
Тасвири чашмҳои туст.

Фарвардини 1386 ҳ.х.
 
Ва ин кокулҳо ва чашмҳои шарқӣ ҳамчунон дар шеърҳои ў сафар мекунанд.  Мусофирони ҷодуӣ, ки аз рустоҳои модарӣ, ки аз лонаҳои мўсича (қумрӣ)-ҳо ва мазореъи пурнишоти пунба мегузаранд, то бо он ҳама бў ва рангу шодӣ дар ҳайъати калимоте барои шоъир аз нав ба дунё биёянд.
 
Ватан сарзамини муқаддасест,
Ки аз чашмони хоҳарам шурўъ мешавад.
Вақте бодҳои ошиқ
Дар кокулхои шарқиаш
Ба оромиш мерасанд.

 

***
Дарё-дарё ғамгинам
Дарё-дарё бемоҳиам.

***
Хуршедро санҷоқ мекунам
Ба гесўвони хоҳарам
 
Урдибиҳишти 1386 ҳ.х.
 
Ва албатта, бузургтарин фарқи ў бо ҳамаи шоъирони тоҷик ё ҳатто равияи маъмули шоъирони форсии муъосир ин аст, ки ватанпарастии нустолжики ў дар чорчўби хоке баста маҳдудаш намекунад. Тоҷикистони ў, Шарқи шигифти ў бахше аз замини бузургест, ки маҳбубаш дар он зиндагӣ мекунад. Замини маҳбуб марз надорад. Замини маҳбуб зебост ва шоъир ҳатто раво намедорад, ки ба мўе аз ин маскани бузурги маҳбуб ё замини маҳбубҳои бисёре, ки ҳанўз муқаддари ў нашудаанд, осебе бирасад.
 
Дунё ҷуғрофиёе намешиносад
Дилҳо бемарзанд
Ва ҷаҳон гўё гўест
Дар дастони ту, ки дасти меҳрубонатро
Бар сари ҳар панҷ уқёнус кашидаӣ
Ва дилвопаси ҳамешаи инсонӣ
 
***
Тамоми дунё пур аз вожаҳоест,
Ки худоро дўст доранд.
Тамоми кўҳистонҳо пур аз бодҳоест,
Ки гесўвони туро дўст доранд.
 
Ва “дўст доштан” дар шеъри Рустам танҳо ҳиссе нест, ки дар қолиби калимот зоҳир шуда бошад. Дўст доштани ҳама чиз дар зиндагӣ ва шеъри ўянд. Дўст доштане, ки байни маҳбуб ва модар – ватану инсон дар саялон аст. Хонандаро мебарад ба ғазал, ғазалҳои Сулаймон дар аҳди атиқ, ки дар он маҳбуб аз ҷисмияту навъият бармеояд. Хонандаро мебарад ба шеърҳои Ритсус (Ritsos), ки худ навиштаҳои шоъиронае аз ишқ ва инсониятанд ва билохира ба шеъри Низор Қаббонӣ, ки пур аз зулоливу кўдакианд. Аммо Рустам аз ин зулолии кўдаконааш ҳам огоҳ аст ва ҳам ба он фахр мефурўшад.
 
Ман тавони гиря карданро дорам,
Тавони ғарқ шуданро...
Дўст дорам
Бо забони кўдакони ҳафтсола бо ту ҳарф бизанам,
Чун кўдакони ҳафтсола, ки поканд
Ва ҳанўз дурўғро ёд нагирифтаанд,
Бо ту ҳарф бизанам...
 
Кўдаке, ки ҳамвора дар шеъри ў ҳаст ва ўро бар сари зонўи модараш, дар тасоҳуб кардани маҳбуб ва дар фурў рафтан аз қолибе ба қолиби дигар, аз кўдак ба сарбоз, аз сарбоз ба бод, аз бод ба барф ва аз барф ба паранда, ҳамроҳӣ мекунад:
 
Вақте дастонатро мегирам,
Ба ғурубе...
Ба парандае...
Ба суруди сапеде мемонам,
Ки бар ман моҳ сафар мекунад.
Шакли соҳил мешавам,
Бар ман хун сафар мекунад.
Ситора мешавам,
Бар ман шаб сафар мекунад.
 
Ва ин ишқварзии зулол бо лаҳни кўдаконаи шоъир ширинтар мешавад. Ишқе, ки ҷаҳони тозаи табиъатситез, ҷаҳони тозаи марзсоз, ҷаҳони тозаи қавонину сарбозон ва симҳои хордор бузуртарин душманонашанд. Ва ин бадхоҳони тоза ҷои бадхоҳони суннатии шеъри форсӣ, ҷои рақиби озорфармо ва муфтию муҳтасибу муфаттишро нагирифтаанд, балки дар канори онҳо радифи тозае аз музоҳимонро ба вуҷуд овардаанд. Музоҳимоне, ки  ҳатто аз ҳаросашон намешавад баланд гуфт: “дўстат медорам”.
 
Биґў дўстам дорӣ,
То зери пўстам деҳкадае
Аз ишқ бисозам, ки
Кўдакони бод дар он бароят
Себ таъоруф кунанд.
Маҳбуби ман!
Бигў дўстам дорӣ
Қалбамро тамдид мекунам
Байни чашмонамон марзи ҳеч кишваре вуҷуд надорад.
Сарбозон наметавонанд
Моро аз сарзаминамон ҷудо кунанд.
Азизам! Лабханд бизан.
Мижгони ту шиносномаам хоханд шуд.
Ва ман барои ҳар кадом
Ҳазорон ситора ҳадя меоварам,
Ҳазорон қатра абр мехарам.
Мехоҳам дубора зинда шавам
Ва диламро бо офтоб тақсим кунам...
Бо дарёҳои дунё шаҳре месозам, ки
Дар хиёбонҳояш моҳиён гул мешаванд
Ва амвоҷаш гўшворат...
Бигў дўстам дорӣ,
Фақат оҳиста бигў,
Ки маро хоҳанд кушт...
 
“Тамдид кардан” мақулаест аз рўзгори мо. Вақте касе дар кишвари дигар зиндагӣ мекунад, ҳар чанд вақт ночор аст иқоматашро дар ҳузури посбонон тамдид кунад. Сарбозон нишонаҳои ҷудоии мамоликанд ва шиноснома намоди ҳувияти ҷамъии тозае, ки кўдаки дили шоъир ҳамаи онҳоро ба сухра мегирад ва инҳо вақте ҷиддитар мешаванд, ки шоъир дар бораи гузашта ҳарф мезанад ва кўдаки дили ў бо ҳамон лаҳни зулол ғарибонагиро наметавонад дар сарзамини обоӣ ба ҷиддият бигирад:
 
Ман, ки ғарибам, чаро баҳона насозам?
Мисли ғарибон чаро тарона насозам?
Оҳ...чӣ гўна, парандагони муҳоҷир,
Шеъри ғамине ба ёди хона насозам?
Хонаи ман! Сангҳо заданд ба болам,
То сари боми ту ошёна насозам.
Мил кашиданд чашми бегунаҳамро,
То пас аз ин шеъри ошиқона насозам.
Бол гушудам ба осмони баландат,
То зи ту танҳо ба обу дона насозам.
Бол набандам, ба хастагӣ нанишинам,
То зи ту тақдири ҷовидона насозам.
Шодӣ пайке ба сўйи ман нафиристад,
То дили худро сўят равона насозам.
Гарчи ту муҳтоҷи шеър нестӣ, аммо
Бар сари дўшат нагў, ки лона насозам.
 
Ин кўдак дар ғазалҳои ў ба забони фасеҳ суҳбат мекунад. Забони хеле хуросонӣ бо ҳамон сактаҳои малеҳу ишороти зиракона. Ва ў дар ин хуросонӣ будан хеле ҳам мусир аст (исрор дорад). Бо ҳамон даъвои аллома-иқболӣ, ки «уммати воҳида аз Шарқ ба по хоҳад хост» ва миллати шарқии олам метавонанд аз сар байрақи сарбаландӣ барафрозанд, агар ягона бошанд. Ва дар ин байн Эрону Афғонистону Тоҷикистон сарзамини воҳидест, ки ба дурўғ чандтикка шуда ва лоҷарам рўзе ягона хоҳад шуд ва чун нигине аз зумуррад ин вуҷуди ягона хоҳад дурахшид:

Тоҷики тоҷбарсару афғони бефиғон
Ҳамкорвон шудасту ба Эрон расидааст.
Наҷвои “дўст, дўст” расида ба гўши дўст,
Овози “ёр, ёр” ба ёрон расидааст. 
 
***
Дили ту ҷуғрофиёи мардуми ман аст,
Сайҳуни ашкбор!
Ин аввалин бўсаам нест.
Пешонии ман ҳанўз марзҳоро намешиносад.
 
***
 ғўш во кун, эй ватан! Эй модари ватан!
Мо кўдакони гумшудаат дар се кишварем.
Тафтида барфи қуллаи Помирамон зи таб,
Ҷайҳуни дидаи тарамонро куҷо барем?
Чун осмони абриву чилтиккаи туем,
Як рўҳи ашкбор, вале дар се пайкарем.
Маҳтоб хўша-хўша пароканда шуд зи Шарқ,
Бояд яке шавему дар оина бингарем.
 
***
Эй миллат! Чашматон равшан!
Бархост навои булбул аз гулшан.
 
Ва билохира ин ки аввалин китоби Рустам Аҷамӣ (Оймаҳмадов) нишон аз зуҳури шоъире тоза медиҳад. Шоъире бо сиёқ, ҷаҳони фикрӣ ва ҳолу ҳавои худаш, ки агар на дар шеъри шоъирони ҷавони форсӣ, дар шеъри имрўзи Тоҷикистон мутафовит аст. Ва ҳадди ақал ин ки дар Эрон чандон дурахшидааст, ки ҳоло шоъирони ҷавон падарашро бо ному ў, яъне “падари Рустами Аҷамӣ” ёд мекунанд ва бидуни шак, Рустам ин қобилиятро дорад, ки бештар аз ин ҷаҳони тозаёфтаашро густариш диҳад ва муждаи рўзе тоза дар шеъри форсӣ бошад.

Ин матлаб бори нахуст рӯзи 31.12.2009 мунташир шуда буд.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.