Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Суруди зиндагӣ

Фарзона, шоъири тоҷик, бошандаи шаҳри бостонии Хуҷанд, аз пешгомони шеъри имрӯзи форсӣ дар Тоҷикистон аст. Забони ғаноӣ ва равшани ӯ, дар айни он ки баёни эҳсосоти барҷаста аз таҷрубаи шахсист, ривоятгари дардҳо ва орзӯҳои инсонӣ ҳам ҳаст.

Фарзона соли 1964 дар хонаводае фарҳангӣ дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омад. Пас аз тай кардани даврони муқаддамотии таҳсил, ба донишгоҳи забон ва адабиёти Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд рафт ва аз он ҷо фориғуттаҳсил шуд.

Фарзона соҳиби унвони “Шоъири халқӣ”-и Тоҷикистон аст. Аз вай то кунун чандин дафтари шеър мунташир шудааст, ки иборатанд аз:

Тулӯъи хандарез, Душанбе, 1987
Шабехуни барқ, Душанбе, 1989
Баргҳои заррин, русӣ, Маскав, 1990
Ояти ишқ, Душанбе, 1994
То бекаронаҳо, 1997
Паёми ниёкон, Теҳрон, 1376
Қатрае аз Мӯлиён, 3 ҷилд, Хуҷанд, 2003
Сӯзи нотамом, Теҳрон, 1385

Гули сипос

Дӯст! Бо дастаи мижгон
Абрҳоро биё ба пушти уфуқҳо ронем.
Дар табассумкадаи наргису нилуфари субҳ
Гимни хуршедро биё хонем.
Ин саҳар ҷӯйбори навхат
Мебарорад саводи равшан.
Аввалин бор дар баробари нози афифи як гули печак ба ларза меояд
Дар синаи касе, диле таҳамтан
Майнаи ширинкоме,
Дар сари шохаи олуболу
Қасидаи нишот мегӯяд.
Дар сари гӯри наве мерӯяд
Алафи навраси салому алейк
Алафи хайру-хуш намерӯяд.

Ман ба толори сояву равшан хоҳам рафт,
Ки дар он ҷо ними мардум шояд
Зиндагии қимати худро
Баҳри бад дидани ман мебахшанд.
Ними дигар шояд
Ба нағз дидани ман.
Ман ба ҳар як гули сипос ҳадя хоҳам кард
Гули сипос ба оне, ки дӯст медорад.
Барои чашми ҳабибаш, ки чашмҳои маро
Дуруди равшан гуфт
Барои пайки наҷибаш, ки ба даймоҳи бенаҷобати ман
Саломи гарми гули баҳман гуфт.

Барои хонуми диловаре ки чандин моҳ
Мениҳад дирам ба дирам
Оқибат мехарад китобаки камзарфи маро.
Зомини кафши кӯдакони ваям,
Зомини ҷомаи пашмини зимистонаи ӯ.
Саҳари хушбахте
Ки мустаҷоб шавад дар замини ташна дуъои борон
Меравам бо сухан мегирам
бори нуҳ чархро зи шонаи ӯ.

Гули сипос ҳадя хоҳам кард
Ба ҳамоне, ки бадам мебинад
Барои ёди маро дар дилаш гузар додан
Барои сӯзи маро ҷой дар ҷигар додан.
Барои он ки бо бадӣ ҳам бошад,
Мекунад зикри номи ман,
яъне мебарорад маро ба олами равшан
зи қаъри дахмаи хомӯшӣ.
Барои рӯҳи маро бурданаш ба сӯйи нофаромӯшӣ.

Гули сипос ҳадя хоҳам кард
Ба тамоми сипосманду носипосон
Ба шиносу ношиносон
Ба ҳамоне, ки чашмҳои маро
Шеваи дигар дидан омӯхт.
Бо нигоҳам чи қадар таҷрубаи зебо кард.
Ба дили ту, ки бо дили ман баъд аз ин
Робитаи мустақим
Пайдо кард.

Гули сипос ҳадя хоҳам кард
Ба касе ки тамоми некии олам
сифоти аслии ӯст.
Ба ту,
Оре, ба ту.
Танҳо ба ту,
эй дӯст.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.