Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Сарвари бевафои Столин
Дориюши Раҷабиён

Иусиф Ҷугошвилӣ (Иосиф Джугашвили – рус.) се фарзанд дошт: Ёкув (Яъқуб), ки дар ҷанг бо Олмони нозӣ ба асорат уфтод ва кушта шуд; Восилий, ки соли 1962 даргузашт ва Светлоно, ки пас аз марги падар номи хонаводагии модарашро тарҷеҳ дод, то бо Столин пайванде надошта бошад. Ӯ рӯзи 22 нувомбри 2011 дар хонаи солмандон, дар гӯшае дурдаст аз иёлати Висконсини Омрико аз саратони меъда ҷон дод; аммо хабари маргаш тоза рӯзи 29 нувомбр ҷаҳонро дарнавардид.

Сарнавишти шуми фарзандони Столинро мо, бачаҳои шӯравӣ, намедонистем. Номи фарзандони “пешвои Иттиҳоди Шӯравӣ” дар китобҳои торихи мо наомада буд. Ривоятҳое аз асорату марги фаҷеъи Ёкув шунида будем, ки гӯё падараш ба муъовизаи ӯ бо як женероли артиши Олмони нозӣ мувофиқат накарда ва саранҷом Ёкув сарбанест шудааст. Ин ривоят ба унвони намунае аз шаҳомату шуҷоъат ва меҳандӯстии Столин нақл мешуд, на қасовати қалб (бераҳмӣ)-и ӯ. Таъассуб дар боварҳои низоми ҳоким сутуда буд ва ин ривоят намунаи боризи он таъассуб буд.

Аз ахбор, аммо, мешуд шунид, ки Светлоно, духтари Столин, ба зодгоҳаш баргаштааст. Соли 1984 буд ва яхи “ҷанги сард” об мешуд. Светлоно муддате дар Маскав монд, сипас ба Тифлис рафт, ду сол онҷо буд ва дубора ба Омрико баргашт. Духтараш Улго (Ольга – рус.) ӯро ҳамроҳӣ мекард. Дар паи он буд, ки мешуд сарнавишти ин овораро дар сафаҳоти рӯзномаҳо дунбол кард.

Бемодарӣ

Светлоно Олилуево (Светлана Аллилуева – рус.) соли 1926 дар Маскав ба дунё омад; дар хонаводаи марде, ки номаш батанҳоӣ дар бузургтарин кишвари ҷаҳон ва фаротар аз он руъбу эҳтиром ё ваҳшат бармеангехт. Шаш солаш буд, ки модараш Нодеждо Олилуево (Надежда Аллилуева – рус.)-ро гум кард. Бузургтар ки шуд, фаҳмид, модар дар воқеъ аз падар фирор карда буд, ё ба бовари падараш, аз ӯ интиқом гирифта буд. Нодеждо худкушӣ карда буд. Солҳо баъд Светлоно дар китоби «Бист нома ба як дӯст» навишт:

“Баъдан ки бузургтар шудам, ба ман гуфтанд, ки чи қадр падарам аз он ҳодиса такон хурда буд. Ӯ такон хурда буд, чун далели вуқӯъи он ҳодисаро намефаҳмид: чаро ин тавр шуд?.. Дар айни ҳол, ӯ бисёр заранг (зирак) буд, ки нафаҳмад, як худкуш ба фикри муҷозоти касе ҳаст... Баъзан ошуфтаву хашмгин мешуд. Далелаш ин буд, ки модарам қабл аз худкушӣ барояш нома навишта буд... Мусалламан, нома ҳаргиз ба дасти ман науфтод. Шояд ҳам номаро бедиранг нобуд карда буданд. Вале номае дар кор буд ва ононе, ки дида буданд, бароям таъриф карданд. Номаи ваҳшатноке буда, пур аз сарзанишу иттиҳом. Сирфан як номаи хусусӣ набуд; ҷанбаи сиёсӣ ҳам дошт. Падарам баъд аз хондани он шояд фикр мекард, ки модарам канори ӯ тазоҳур мекарда ва дар воқеъ, ҳаммароми мухолифони он даврааш будааст. Ӯ таконхурда ва хашмгин буд ва вақте ба маросими видоъаш омад, барои лаҳзае канори тобуташ истод ва баногоҳ тобутро ҳул (тела) дод ва баргашту рафт. Ба маросими хоксупориаш ҳам наомад”.

Торихнигорон баъд аз баруфтодани пардаи оҳанин навиштанд, ки вопасин даъвои миёни Столин ва Нодеждо Олилуево (ки дар воқеъ ҳамсари дувумаш буд) дар як меҳмонӣ ба муносибати понздаҳумин солрӯзи Инқилоби Уктубр бар сари сиёсатҳои давлат дар қиболи кишоварзон будааст. Нодеждо аз сиёсатҳои Столин интиқод карда, дар ҳузури меҳмонон посухи тунду тавҳиномезе аз шавҳараш шунида ва ҳамон шаб худашро ба зарби гулула куштааст.

Шоҳдухти Кремлин

Ин рӯйдоди талх метавонад дар ташаккули шахсияти печидаи Светлоно нақши калидӣ дошта бошад. Аммо дар он давра ва куллан дар давраи зиндагии Столин, таъсири он бар рӯҳияи духтархонуме, ки ҳамонанди шоҳдухте дар Кремлин гаштугузор мекард, эҳсос намешуд. Столин ба танҳо духтараш дилбастагии хоссе дошт. Светлоно мегуфт: “Чун ман ба модараш рафта будам ва айни модараш мӯҳои бур (зард) ва сурати какмакӣ (холхолӣ) доштам, дӯстам дошт… Вале ӯ зиндагии манро шикаст. Эй кош модарам бо як дуредгар издивоҷ карда буд…”

Акси Столин бо писаронаш кампайдост, аммо Светлоно ҳатто дар мазореъи иштирокӣ (колхоз – рус.) канори падари муқтадираш истода ё дар бағалаш нишаста ё рӯи дастонаш раҳо шуда ё даст рӯи шонааш гузоштааст. Ба навиштаи шоҳидон, Столин духтарашро навозишомез “гунҷишгак” меномид ва дар ҳузури меҳмонон борҳо эълом карда буд, ки “сарвари мо ҳамин бону-кучулу (бонуи кӯчак) аст; ман фақат як муншӣ (котиб)-и дастурпазираш ҳастам”. Ва ҳатто дастурҳои катбии шӯхиомези духтарашро мепазируфт ва дар иҷрояшон мекӯшид. Дар яке аз ин дастурҳо Светлоно навишта: “Муншиҷон, имшаб мехоҳам филми “Чопоев”-ро бибинам… Ва бобоҷонамро ҳазорон бор бибӯсам”. Ва Столин дар ҳошияи он нома навишта: “Ба рӯи чашм, сарвари ман. Иҷро хоҳад шуд”.

Фарзанди маҳбуби Столин барои аъзои давлат ҳам маҳбуб буд. Намунааш аксҳои Ловрентий Бериё, раиси махуфи Кумитаи амнияти Столин, ки Светлоноро дар бағал дорад. Барои миллат ҳам маҳбуб буд; намунааш издиёди номи “Светлоно” дар Иттиҳоди Шӯравии Столин ва атриёти мавсуб ба “Светлоно”, ки боби рӯз шуда буд.

Дилдодагиҳо ва озурдагиҳо

Вале ҳамаи он аксҳои ҳокӣ аз авотифи падар-фарзандӣ ба айёми бачагии Светлоно маҳдуд мешавад. Шоҳдухти шӯравӣ ҳар чи бузургтар мешуд, аз падари қулдур (зӯргӯй)-аш ғуррулунд (ғур-ғур)-ҳои бештаре мешунид. “Бо эродҳое, ки аз пӯшишам мегирифт, чандин бор манро ба гиря водошта буд: баногоҳ асабонӣ мешуд, ки чаро дар фасли тобистон ба ҷои ҷӯроб-шалворӣ (чулки – рус.) ҷӯроб поям кардаам: “Боз ҳам пои лухт (луч) роҳ уфтодӣ?!” Гоҳ дастур медод, ки пероҳанам бояд гушод бошад ва хутути камарамро нишон надиҳад. Гоҳ кулоҳамро аз сарам дур меандохту мегуфт: “Ин дигар чи кӯлчаест, ки сарат гузоштаӣ? Кулоҳи беҳтаре пайдо нашуд?” Ҳарчанд исрор мекардам, ки ҳамаи духтарон аз ин кулоҳҳо доранд, гӯшаш бидеҳкори ҳарфам набуд. Фақат замон мехост, ки ҳолу ҳавояш иваз шавад ва худаш мавзӯъро фаромӯш кунад”.

Бахше аз дилозурдагии Столин ба муъошиқаи духтари 16-солааш бо як филмсози мусинни яҳудитабор марбут мешуд. Саранҷоми он ишқи ноком даҳ сол асорати он филмсоз дар зиндони столинӣ буд. Ду сол баъд Светлоно дубора дил бохт ва ин бор ҳам маъшуқаш яҳудитабор буд, ҳарчанд вокуниши падари яҳудиситезашро ҳадс мезад. Светлонои 18-сола сари ишқаш пофишорӣ кард ва ба висоли Григурий Морузуф (Григорий Морозов – рус.) расид ва фарзанди нахусташро ба дунё овард ва номи падарашро бар ӯ ниҳод: Иусиф. (Иусиф Морузуф қалбшиноси маъруфе шуд ва соли 2008 даргузашт). Издивоҷи нахуст ҳам ба нокомӣ анҷомид ва соли 1949 Светлоно бо Юрий Ждонуф (Юрий Жданов – рус.), фарзанди ёри дерини Столин, пайванди заношӯӣ баст. Аз ин издивоҷи кӯтоҳ ҳам духтаре ба ёдгор монд: Екотерино Ждонуво (Екатерина Жданова – рус.), ки акнун 61 сол дорад ва коршиноси муассисаи оташфишоншиносии Комчоткои Русия аст.

Тайи тамоми ин солҳо равобити миёни Столин ва духтараш сарду ноҳамвор буд; ба гунае, ки Светлоно барои дидор бо падараш, ки ҳар чанд моҳ як бор анҷом мегирифт, бояд аз масъулони Кумисериёи умури дохилии Шӯравӣ иҷоза мехост. Нофармонии Светлоно дар мавриди интихоби ҳамсар, аз як сӯ, ва пофишории Столин ба пазириши номзадҳои мавриди алоқаи худаш, аз сӯи дигар, миёни ин ду шикофи фарохе эҷод карда буд. Ба нақл аз Светлоно, ниҳоятан Столин даст такон доду гуфт: “Ба ҷаҳаннам! Ҳар касеро дӯст дорӣ, бигир!” Ин сароғози гушуда шудани уқдаҳои Светлоно буд.

Светлоно афзун бар русӣ ба забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ ва инглисӣ ҳам мусаллат буд, ба адабиёт алоқа дошт ва мехост нависанда шавад. Аммо Столин барои духтараш ояндае мутафовит пешбинӣ карда буд ва аз ӯ хост, ки торих бихонад. Ин бор ҳам Светлоно таслими дастури “Муншиҷон”-и собиқаш шуд ва торих хонд.

Фирор аз ҳувият ва пешина

Столин соли 1953 даргузашт. Кеши шахсияти ӯ ҳам рӯ ба уфул ниҳод ва батадриҷ шикаста шуд ва ин раванд ҳатто ба бадномии Столин анҷомид. Шаҳрҳое, ки номи ӯро доштанд, тағйири ном доданд; аз ҷумла Столинободи Тоҷикистон, ки дубора Душанбе шуд ва Столингроди маъруф, ки ба Вулгогрод мавсум шуд. Светлоно Столино ҳам тағйири ном дод ва номи хонаводагии модарашро пазируфту “Светлоно Олилуево” шуд.

Тағйири ном ҳам ба Светлоно озодиеро, ки мехост, ба армуғон наовард. Масъулони Ҳизби Кумунист нозираш буданд ва ҳатто интихоби ҳамсарро ҳам бояд бо машварати онҳо анҷом медод. Соли 1963 ба як кумунисти ҳиндӣ бо номи Броҷеш Синг дил бохт. Аммо Ҳизби кумунисти Шӯравӣ издивоҷи духтари Столин бо як хориҷиро салоҳ намедонист. Вале Светлоно дар китоби хотироташ Сингро ҳам дар феҳрести шавҳарони собиқаш овардааст. Ин мутарҷими ҳиндӣ соли 1966 аз бемории бруншит (бронхит – рус.) даргузашт. Марги Синг калиди гушоиши Светлоно шуд. Мақомоти Ҳизби кумунисти Шӯравӣ ба ӯ иҷоза доданд, ки хокистари пайкари дӯсташро ба хонаводааш дар Ҳинд бирасонад. Светлоно ҳамроҳ бо аъзои хонаводаи Синг хокистари ӯро дар оби Ганг рехт ва канори ҳамон рӯд монд. Бо одобу русум ва кешҳои Ҳиндустон ошно шуд, ҳис кард, ки захмҳояш илтиём меёбад ва ҳис кард, ки озодии матлубашро ёфтааст. Ҳозир набуд ин ҳисси озодиро аз ӯ биситонанд ва по ба фирор гузошт.

Соли 1967 Светлоно нахуст ба Итолиё, сипас ба Суис (Швейцария – рус.) ва саранҷом ба Омрико рафт ва барои Ҳизби кумунисти Иттиҳоди Шӯравӣ нанге ба бор овард, ки ҳаргиз шуста нашуд. Светлоно, духтари яке аз ду пешвои аслии кумунистҳои Шӯравӣ, ба сарзамини рақибон паноҳ бурда буд. То пой ба хоки Омрико ниҳод, гуфт, синааш пур аз ҳарфҳои ногуфта аст ва мехоҳад ҳар он чи дорад, берун бирезад. Ногуфтаҳояшро дар китоби хотироташ (“Бист нома ба як дӯст”) бозгуфт, ки ҳамон сол дар Ландан мунташир шуд ва дар садри ҷадвали китобҳои пурфурӯш нишаст. Қимате, ки барои гуфтани ин ногуфтаҳо пардохт, бас гарон буд. Ҳизби кумунисти Шӯравӣ ӯро як хоини равонӣ унвон кард, ду фарзандашро, ки дар Маскав раҳо карда буд, дигар надид ва ҳисси ғурбат дар Омрико ҳаргиз раҳояш накард. Бо як меъмори омрикоӣ бо номи Вилём Веслӣ Питерз (William Wesley Peters) издивоҷ кард ва дар талоше дигар барои зудудани пешинааш аз зеҳнҳо номашро тағйир дод ва Лоно Питерз (Lana Peters) шуд. Аммо номи падараш то поёни умр бар ӯ соя андохта буд ва ҳама ҷо ӯро дунбол мекард. Ҳосили се сол зиндагии муштараки Светлоно бо Питерз духтараш Улго (Ольга) аст, ки акнун ҳам дар Омрико зиндагӣ мекунад.

Соли 1982 бо Улго ба Бритониё муҳоҷират кард, аммо хонаашро инҷо ҳам наёфт. Дар паи бахшудагиаш тавассути давлати Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1984 ба Маскав ва Тифлис баргашт, аммо ҳар ду барояш ба ҳадде бегона шуда буданд, ки маҷбур шуд соли 1986 ба Омрико баргардад. Соли 2010 дар хонаи солмандони шаҳри Ричланди Омрико сокин шуд ва дере нагузашт, ки мурд.

Дар солҳои поёнии умраш гӯшагир шуда буд ва дӯст надошт бо расонаҳо суҳбат кунад. “Достони Светлоно дар бораи Светлоно” (сохтаи Светлоно Поршино, 2008) филми мустанади нодирест, ки он солҳоро ба тасвир мекашад. Дар гузориши мусаввари ин сафҳа пораҳое аз суҳбатҳои Светлоно Столино-Олилуево-Питерз дар ин филмро мешунавед.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.