Дардҳо ва уқдаҳое, ки дертар ошкор шудаанд ва ё шакл гирифтаанд, низ наметавонанд эҳсоси мунҳасир ба фарди ягонагии милюнҳо нафар афроди миллатҳои мухталифро, ки бовар ба давлат ва дурнамои воҳид онҳоро муттаҳид месохт, бизудоянд. “Рӯзи заҳматкашон” нуқтаи авҷи ин эқсосро таҷассум мекард.
Он рӯз дар куллия шаҳрҳои Иттиҳоди Шӯравӣ роҳпаймоиҳои густардаи мардум ва реже (парад)-и бошукӯҳи низомиён дар майдони марказӣ баргузор мешуд. Бузургтарин ва муҷаллалтарини ин ҷашнҳо дар Майдони Сурхи Маскав анҷом мегирифт, ки мақомоти вақти Шӯравӣ режеи низомиро аз трибуни оромгоҳи Ленин нигоҳ мекарданд ва ба сӯйи роҳпаймоён даст такон медоданд.
Ин маросим аз тариқи телевизиюни саросарӣ дар куллия ҷамоҳири сусиёлистӣ ба таври зинда пахш мешуд. Дар тирчӯбҳои барқи рустоҳо баландгӯҳо овезон буданд ва аз тариқи онҳо ҳам ҷараёни маросим бо садои баланд пахш мешуд.
Шеърҳое, ки бо садои Игор Кириллов ва Валентина Леонтйева, гӯяндагони пуровозаи родию, дар Майдони Сурхи Маскав танин меандохт, билофосила ба дурдасттарин гӯшаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мерасид:
“Зинда бод иттиҳоди бегазанди шӯравии сусиёлистӣ! Зинда бод иттиҳоди пояндаи коргарон, деҳқонон ва рӯшанфикрон!”
Рӯзи заҳматкашон бо ҳамон намои пуррангаш ҳамчунон дар зеҳнҳо боқист: болунҳои рангоранг ва парчамҳои сурх, мардум бо пероҳанҳои зебои ҷашн бар тан, хандаву шӯхӣ, нӯшбодҳо, анвоъи ширинӣ, бӯи кабобу ғулғулаи ҷамъи ҳазороннафараи роҳпаймоён бо байрақҳову шиъорҳои қирмизи гуногун, ки ҳар кӯдаке аз бар медонист: “Пролетарҳои ҳамаи ҷаҳон муттаҳид шавед!”, “Сулҳ! Кор! Май!”
Мо, кӯдакони Шӯравӣ, дар интизори ин рӯз ва ин фазо рӯзшуморӣ мекардем. Опортмони мо дар табақаи шашуми сохтмони баланде дар маркази шаҳри Душанбе, канори роҳи марказӣ воқеъ буд.
Субҳи рӯзи аввали май, ки дари болкуни хонаро боз мекардем, манзараи аҷибе пешорӯйи мо намоён мешуд; рӯде аз роҳпаймоён аз чанд гӯшаи шаҳр батадриҷ ба марказ, ба сӯи хонаи мо наздик мешуд.
Дидани ин манзара ба ҳадде ҳаяҷонангез буд, ки андак-андак нигарон мешудам, ки худое накарда ин сели одамон сохтмони моро ҳам бо худаш бибарад...
Дар остонаи Рӯзи Коргар, дар ҳоле ки гурӯҳҳои кумунистиву комсомолӣ ба роҳпаймоӣ ва режеи аввали май омодагии тамом ва комил медиданд, мо, кӯдакони шӯравӣ ҳам дар канор намемондем, балки ҷиддан дар тараддуд ба рӯзи ҷашн мекӯшидем. “Байрақчаи ман кадом аст? Ба пуфакҳои ман даст назанед! Ҷӯроби сафедам ку? Гесӯбанди нав надорам!...”
Модарам, ки аз тапиши бесабронаи дилҳои ман ва хоҳарам барои ҷашни фардо хабар дошт, мегуфт: “Агар зудтар бихобед, фардо зудтар фаро мерасад...” ва мо он шаб зуд ба ҳама “Шаб хуш!”мегуфтем.
Қабл аз он ки хобам бибарад, роҳпаймоии фардо пеши чашмонам меомад, ки чун роҳпаймоиҳои гузашта, рӯи шонаҳои падарам нишастаам ва паҳлӯ ба паҳлӯи ҳамкорони ӯ пеш меравем ва ба дунболи ҳар шиъоре, ки бо садои маъруфтарин ровиёни телевизиюн аз тариқи баландгӯ пахш мешуд, ҳамовоз бо ҳазорон нафари дигар се бор “Ура! Ура! Ураааа!”сар медиҳам.
Баъид аст, ки имрӯз дар ҳеч гӯшаи ҷаҳон инчунин роҳпаймоие, ки саршор аз хушбахтии самимона буд, сурат бигирад. Гумон намекунам, ки дигар ҷое ё замоне тӯдаҳои азими ранҷбарон ва бузургон аз шуғли худ он ҳама ифтихор дошта бошанд ва он ҳама арҷ бибинанд...
Имрӯз бархе мегӯянд, ки он ҷашнҳо иҷборӣ буд ва одамон аз бими он ки аз кору донишгоҳ ронда шаванд ва ё дар мактаб обрӯяшон биравад, дар ин роҳпаймоӣ ширкат мекарданд.
Шояд барои бархе воқеъан чунин буда, аммо барои аксарият ҷашни аввали май рӯзе воқеъан фархунда ва дӯстдоштанӣ буд. Як рӯзи таътили пур аз шодиву шӯри хиёбонӣ, ки баъд аз зуҳр дар муҳити хонаводаҳо идома дошт.
Хонаводаҳо гирди хонҳои рангини ҷашнӣ менишастанд ва ё берун аз шаҳр ба сайри табиъат мерафтанд ва номи ин пикники вижа “маёвка” буд, баргирифта аз номи моҳи май.
Ин истилоҳро имрӯз ҳам ба кор мебаранд, аммо маънии аслии он тақрибан фаромӯш шудааст. Акнун сармоядорони қаламрави Шӯравии пешин ба ҳар навъ сафари тафарруҷии худ “маёвка” мегӯянд.
Акнун, ки аз шукӯҳу ифтихори коргарон дар ин паҳнаи кураи Замин фақат хотироте боқӣ мондааст, рӯзи аввали май низ шукӯҳи пешинро надорад ва бештар мояи нустолжии коргарон ва деҳқонони имрӯзист.
Ҳисси омехтае, ки рӯзи аввали май ба ман даст медиҳад, тақрибан васфнопазир аст. Бо ин ки аз пайванди зеҳнии ман бо дидгоҳҳои комунистӣ дигар нишоне боқӣ нест, бо дидани наворҳои видеуии даврони Шӯравӣ, суфуфи бепоёни мардуми шоду башшош, ки нидои “Ура!” сар медиҳанд, ашк дар чашмонам ҳалқа мезанад.
Мутмаин нестам, ки бародари кӯчакам ин ҳиссу ҳолати манро дарк мекунад ё на. Замони заволи Шӯравӣ ман 15-сола будам ва ӯ тоза се солаш буд.
Ин матлаб бори нахуст рӯзи 01.05.2008 мунташир шуда буд