1.9.2010
Дориюши Раҷабиён
Навад сол пеш дар ҳамин рӯзҳо садҳо намоянда аз сарзаминҳои Ховарзамин дар шаҳри Боку гирди ҳам омаданд ва нахустин “Кунгреи мардумони Шарқ”-ро барпо карданд, то заминаи раҳоӣ аз истибдоди “империализм”-ро бичинанд. Дар раъси ин ҳамоиш булшевикҳои рус қарор доштанд, ки се сол пеш аз он бо ваъдаи дарҳам шикастани империализм дар Петроград рӯи кор омада буданд.
Дар рӯзҳои баргузории ин ҳамоиш Артиши Сурх пушти дарвозаҳои Аморати Бухоро қарор дошт. Таъаррузи булшевикҳо ба Аморати Бухоро дар соли 1918 ба нокомӣ анҷомида буд. Аммо ин бор Михаил Фрунзе, сарлашкари румониёитабори рус, ҳавопаймоҳои ҷангандаи азиме ба ҳамроҳ дошт ва мутмаин буд, ки нерӯҳои пароканда ва номуҷаҳҳази амир Олимхони манғит зарбаҳои муҳлики булшевикҳоро тоб нахоҳанд овард. Бумбафканҳои Артиши Сурх пойтахти аморатро тайи чаҳор шабонарӯз ба вайронӣ кашонд. Ҷалол Икромӣ, нависандаи тоҷик, ки дар он рӯзҳо дар атрофи шаҳр зиндагӣ мекард, солҳо баъд дуди ғализеро ба ёд овард, ки фазои шаҳр ва перомуни онро фаро гирифта буд.
Сайид Олимхон – вопасин амири Бухоро як каф хоки шаҳрашро дар сандуқчае ба ёдгор гирифт ва бо шуморе аз надимону нерӯҳояш ба рустои Душанбе дар шарқи аморат фирор кард ва чун булшевикҳо ба Душанбе ҳам наздик шуданд, қаламрави аморати аздастрафтаашро тарк кард ва ба Афғонистон паноҳ бурд. Олимхон то поёни умр умеди бозгашт ба тахту тоҷашро аз даст надод ва аз мизбонаш Амонуллоҳхон – фармонравои Афғонистон хотире озурда дошт, ки дайни ухуввати исломӣ ба ҷой наовард ва заминаи бозгаштро барои ӯ фароҳам накард. Вай дар соли 1944, дар ҳоле ки аз саломати равону ду чашми бино маҳрум монда ва аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ба дасти Олмони нозӣ навмед шуда буд, дар ҳаволии Кобул даргузашт ва дар мазори Шуҳадои Солеҳин хок шуд. Ҳаводорони мусаллаҳи амир то даҳаи 1930 пайваста талош мекарданд, ки бо ҳамлаҳои пароканда аз хоки Афғонистон ба аморати пешин рахна кунанд ва амирро бозпас бар тахт биншонанд, ки муяссар нашуд.
Сайид Мир Муҳаммади Олимхон ҳаштумин ва охирин амири дудмони муғулии Манғит буд, ки бо фурӯпошии импротурии Нодиршоҳи Афшор дар садаи 18 зимоми умурро дар Варорӯд ба даст гирифта буданд ва шоҳиди заволи тадриҷии Бухоро ба унвони конуни фарҳангу тамаддуни минтақа буданд. Албатта, то поёни умри Бухоро рӯи сиккаҳо ва нишонҳои давлатӣ Бухорои Шариф ба унвони “Боғчаи олам” ва “Маркази ислом” муъаррифӣ мешуд. Ба гуфтаи Камолиддин Абдуллоев, торихдони тоҷик, шаҳри Бухоро қабл аз суқути аморат ҳудуди 400 мадрасаву масҷид ва 800 мударрису 34 ҳазор муҳассил дошт. Аммо бештари осори он қабл аз садаи 18 сохта шуда буд ва дар садаи 20 Бухоро ба як пораи вопасмонда дар ҳавошии импротурии Русия табдил шуда буд. Шикаст дар баробари Русия дар соли 1868 амири Бухороро дар мақоми туйулдори “оқподшоҳ” ё тезор (тсар) қарор дода буд.
Бо суқути Бухоро нақшаи қавмӣ ва сиёсии минтақа бакуллӣ дигаргун шуд. “Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро”, ки дар паи ҳамлаи артиши Русия таъсис шуд, дар соли 1924 миёни ҷумҳуриҳои навпо ва навноми Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон бахш шуд ва аз Бухоро дигар чизе намонд, ҷуз як шаҳри вайрона, ки дигар ҳаргиз надурахшид, гӯ ин ки ба фаромӯшхонаи торих уфтодааст. Забони форсӣ, ки забони расмии аморат буд, аз курсӣ уфтод ва узбакӣ ба ҷои он нишаст. Мадориси форсӣ таътил шуданд ва форсизабонон дар шиносномаҳояшон “узбак” шуданд ё ба Бухорои Шарқӣ кӯч бастанд, ки акнун “Тоҷикистон” ном дошт ё аз баҳри мақому манзалати “соҳибхона будан” гузаштанду ранҷу азоби “тоҷик будан”-ро ба ҷон хариданд.
Ҳукумати кумунистӣ бисёре аз равшанфикрони бухороиро ба Тоҷикистон фиристод, то маркази фарҳангии тоҷикҳоро аз Бухорову Самарқанд ба деҳи Душанбе мунтақил кунад, ки қарор буд аз он шаҳре бисозанд. Яке аз онон Муҳаммадҷони Шакурӣ, фарзанди Садри Зиё - қозӣ-ул-қузоти аморати Бухоро буд. Устод Шакурӣ дар китоби “Фитнаи инқилоби Бухоро”, ки имсол мунташир шуд, бо истинод ба додаҳои торихӣ ва донистаҳои худ мегӯяд, ки он чи рӯзи 2 сентабри 1920 дар Бухоро иттифоқ уфтод, инқилоб набуд, балки таъаррузи Русия ҳамроҳ бо балвои булшевикҳои понтуркист ё понузбакист буд, ки камари фарҳанги эронии минтақаро шикаст.
Ба гуфтаи оқои Шакурӣ, вақте ки сардамдорони ҳукумати шӯравӣ дар Петрограду Маскав рӯи нақша аморати Бухороро тикка-пора мекарданд, муътақид буданд, ки танҳо миллатҳои бузурги сокини ин сарзамин узбакҳо ва туркманҳо ҳастанд. Ва танҳо пофишории кумунистҳои тоҷике чун Абдулқодир Муҳйиддинов, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдурраҳим Ҳоҷибоев, Аббос Алиев ва чанде дигар буд, ки Столин кӯҳистони Бухорои Шарқиро ба тоҷикҳо ихтисос дод; нахуст (1924) дар таркиби Ҷумҳурии Узбакистон ва сипас (1929) ба унвони як ҷумҳурии тамомъайёри шӯравӣ.
Акнун Бухоро бо 265 ҳазор ҷамъият панҷумин шаҳри бузурги Узбакистон ва маркази вилояти Бухорост ва бештари бошандагони ин шаҳр ҳамчунон тоҷиканд. Забони форсӣ маҳсур ба хонаҳост ва омӯзишу парвариш умдатан ба забони узбакист. Дар замони бозсозии Горбачёв бисёре аз мадориси Бухоро ба забони модарии мардуми бумии ин шаҳр (форсии тоҷикӣ) баргашта буданд, аммо бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ раванди узбаксозӣ аз сар гирифта шуд ва тамосҳои фарҳангию иқтисодии миёни ин шаҳр бо Тоҷикистон ба ҳадди ақал тақлил ёфт.
Акнун, ки мардумони ин диёр торихро боз менависанд, умедвории намояндагони ҳамоиши мардумони Шарқ дар Бокуро навъе содалавҳӣ таъбир мекунанд ва инқилобҳоеро, ки навад сол пеш Осиёи Миёнаро дарнавардид, кудето, балво ва ошӯб тавсиф мекунанд.
Дар матолиби шунидории ин сафҳа суҳбатҳои Абдулкабири Олимӣ, фарзанди вопасин амири Бухоро ва суханони устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороиро мешунавед.
Ирсоли матлаб