Замоне боғи ваҳши шаҳри Душанбе аз мумтозтарин боғҳои Иттиҳоди Шўравӣ буд. Дар соли таъсиси ин боғи ваҳш (1960), 1059 ҷонвар дар он буд, ки ба 259 навъи ҳайвонот мутаъаллиқ буданд. Аммо акнун танҳо 130 навъ ҷонвар ва дар кул ҳудуди 600 сар ҳайвон бошандаи ин боғанд, ки дар миёни онҳо шумори ҳайвоноти аҳлӣ андак нест.
Бо фурўпошии Шўравӣ ва оғози ҷанги дохилӣ дар соли 1992 боғи ваҳши Душанбе ҳам рў ба нобудӣ гузошт ва барои бақояш талош мекард. Дар он солҳои сахт ҷонварони нодире чун ду фили ҳиндӣ бо номҳои Деҳлӣ ва Роҷ дар канори чандин дарандаву хазанда ва парандаи дигар ҷон доданд. Қафасҳои холии онҳо то кунун соҳиби дигаре пайдо накардааст. Иллати аслии маргумири ҷонварон дар боғи ваҳши Душанбе гуруснагӣ ва сўъи тағзия (камхурокӣ) буд.
Вале шуморе аз гурбасонони сахтҷон, ба монанди бабру палангу шер, ки аз он айёми пурошўб ҷон ба саломат бурданд, вуҷуди боғи ваҳшро ҳифз карданд. Дар канори онҳо ҷонварони дигаре чун хирс, шутур, рӯбоҳ, гург, шағол, хар, бузу гўсфанди тоҷикӣ, хуки афғонӣ ва анвоъи мухталифи парандаву хазанда ва чарандаҳоро метавон дар ин боғ дид.
Бештари онҳо ҷонварони маҳаллианд ва бархеро ҳам аз Африқо, Амрико ё ҷумҳуриҳои Шўравии пешин ба ин ҷо овардаанд.
Аммо акнун ҳам ба назар мерасад, ки ҳеч кадом аз ҷонварони боғи ваҳши Душанбе хушбахт нестанд. Ҳар касе, ки вориди ин боғ мешавад, бо дидани ҷонварони хамудаву маҳзун ва қафасҳои зиндонгунаи онҳо, бо нороҳатӣ боғро тарк мекунад.
Бархе аз боздидкунандагон мегўянд, аз ҷонварон бахубӣ нигаҳдорӣ намешавад. Аммо масъулони боғи ваҳш муътақиданд, ки бо 100 сомонӣ ё 30 дулор дар моҳ, ки поёнтарин дастмузди як маъмури расидагӣ ба ҷонварон аст, наметавон таваққуъи зиёде дошт.
Гуфта мешавад, хўроки ҷонварон аз фурўши билети вуруди боздидкунандагон таҳия мешавад, ки нафаре як сомонӣ ё ҳудуди бист сент аст. Ва чун шумори боздидкунандагони боғ чандон зиёд нест, маблағи зиёде ҳам ба даст намеояд. Танҳо баъзан дар рўзҳои таътил 200 то 300 тан аз боғ дидан мекунанд.
Дар бисёре аз қафасҳо хар, буз ва мурғҳои хонагӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки мардум барои диданашон ниёз надоранд ба боғи ваҳш бираванд.
Бо вуҷуди ин, масъулони боғи ҷонварон аз беҳбуди нисбии вазъи он ва афзоиши шумори ҷонварон мужда медиҳанд. Аз ҷумла, чанде пеш як ҷуфт шер соҳиби чаҳор шербача шудаанд. Аммо қарор аст базудӣ ин тӯлаҳо дар изоъи ҷонварони дигар аз кишварҳои гармсер мубодила шаванд, то бад-ин гуна чанд қафаси холии боғ пур шавад.
Ҳамчунин қарор аст дар ояндаи наздик аз шаҳри Колинингроди Руссия як баҳмут (аспи обӣ) ба боғи ҷонварони Душанбе мунтақил шавад.
Боздидкунандагони боғи ваҳши Душанбе муштоқи дидани ҷонварони кампайдое чун баҳмут ва делфину кенгуру ҳастанд. Аммо равшан нест, ки онҳо кай ба ин орзўи худ мерасанд. Дар ҳоли ҳозир ҳадафи аввалияи масъулони боғ таъмири қафасҳои тангу фарсудаи боғ аст.
Соли гузашта шаҳрдори Душанбе танҳо барои бунёди як маҳалли зист барои баҳмут ё аспи обӣ 35 ҳазор сомонӣ ё ҳудуди ҳашт ҳазор дулор ихтисос дод. Вале дар боғи ваҳши Душанбе садҳо қафас мавҷуд аст, ки барои таъмири онҳо маболиғи ҳангуфте лозим аст.
Шояд ба ҳамин далел масъулони боғ дар сардарвозаи он овезае насб кардаанд, ки дар он аз довталабон даъват мешавад, ки дар мувозибат (нигаҳдорӣ) аз ҷонварон саҳм бигиранд. Дар ин овеза мехонем: “Шумо метавонед аз ҷонвари дилхоҳи худ нигаҳдорӣ кунед”. То кунун яке ду нафар довталаб шудаанд, ки кафофи ниёзҳои боғро намедиҳад.
Ахиран як созмони амрикоӣ дар паи чанд ҳодисаи ҳамлаи як хирси хашмгини ин боғ ба боздидкунандагон тарҳеро барои беҳбуди вазъи боғи ваҳш мавриди иҷро гузоштааст.
Дар гузориши мусаввари ин сафҳа аз боғи ваҳши Душанбе дидан мекунем.
Ин матлаб бори нахуст рӯзи 03.09.2009 мунташир шуда буд.