Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Занони кандакор
Қамари Аҳрор

Дар рустои қадимии Хистеварз дар наздикии шаҳри Хуҷанд, ки номе суғдӣ дорад, ҷамъе аз занон дар ҳоли сохтусози сақфу панҷара (тиреза) ва дарҳам шикастани як қолиби дигар аз қолибҳои иҷтимоъӣ ҳастанд. Тайи қарнҳо кори дуредгарӣ ва кандакорӣ коре мардона буд. Аммо бо гушоиши коргоҳи кандакории занони Хистеварз дигар ин шуғлро наметавон “сирфан мардона” донист ва чи басо, ки дар ин русто кандакорӣ ба шуғле тақрибан занона табдил шудааст.

Дар ҳоле,ки мардони русто барои таъмини маъош маҷбур ба пазируфтани душвории муҳоҷират ба Русия ва кишварҳои дигаранд, занон зери фишори бори рӯзгор ҷои мардҳои русторо гирифтаанд ва бо зарофати занона рӯи тахтаҳои дару панҷара гулу паранда меофаринанд ва аз ин роҳ ба рифоҳи бештар даст ёфтаанд.

Шуморе аз ин занон, монанди Омина Тӯрабоеваи 48-сола, аз навҷавонӣ ба кандакорӣ шуғл доштаанд ва дар коргоҳи ҷадид онҳоро ба чашми устод мебинанд ва аз маҳоратҳои онҳо меомӯзанд. Хонум Омина хушнуд аст, ки занони маҳалла бо фаро гирифтани ин шуғли печидаву душвор тавонистаанд аз вартаи фақру бекорӣ раҳо шаванд.

Дар паи як давраи тӯлонии бекорӣ, ки занони Хистеварзро дучори андӯҳу гирифторӣ карда буд, Комилҷон Зуҳуров, устоди кандакорӣ дар устони Суғд, тасмим гирифт коргоҳе вижаи занон таъсис кунад ва ҳунарашро ба онҳо омӯзиш диҳад, то бад-ин гуна мардуми рустои Хистеварз ҳам ба обу ноне бирасанд. Тайи муддате кӯтоҳ даҳҳо тан аз занон ҳунари кандакориро фаро гирифтанд ва бозори коргоҳ гарм шуд. Фаровардаҳои коргоҳи занони Хистеварз ба қимати муносиб фурӯхта мешавад ва дару панҷараҳои шаҳру рустоҳои дуру наздикро меорояд.

Афзун бар нақшу нигори дару панҷараҳо занони Хистеварз даста ва баданаи гаҳвораҳоро ҳам бо тарҳҳои гулу бутаҳои баҳорӣ ва ҷонварон тазйин мекунанд ва ҳатто барои мақомоти умдатан мард трибун (минбар)-ҳои мунаққаш ба нишони миллии Тоҷикистон месозанд. Ва аз худ суол мекунанд, ки дигар чи шуғли мардонае монда, ки занон оҷиз аз анҷом доданаш бошанд.

Дар гузориши мусаввари ин сафҳа саҳнаҳое аз кори кандакорони зани рустои Хистеварз Тоҷикистонро мебинед.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.