28.2.2012
Дориюши Раҷабиён
Нахустин ъакс сиёҳу сафед буд ва нахустин филм сомит (бесадо). Филм гӯё шуд ва ъакс рангӣ. Филми сомит ба торих пайваст, вале ъакси содаи сиёҳу сафед сахтҷонтар аз об даромад, ҳарчанд доманаи ҳузураш акнун бисёр маҳдуд аст. Аммо ангезаи мухтареъону пешоҳангони ҳам филми гӯё ва ҳам ъакси рангӣ наздикии ҳар чи бештари ҳар ду ҳунар ба воқеъиятҳое буд, ки чашми одамӣ мебинаду гӯшаш мешунавад. Коршиносон ҳамчунон мекӯшанд рангҳои ъаккосиро ба ниҳояти шабоҳат бо рангҳои табиъӣ бирасонанд.
Нахустин талошҳо барои ранг бахшидан ба ъакси сиёҳу сафед ба озмоишҳои Левой Ҳилл (Levi Hill) дар Омрико ва Олексондр Эдмунд Бекерел (Alexandre-Edmond Becquerel)-и фаронсавӣ дар даҳаҳои 1840 ва 1850 бармегардад. Аммо ҳеч кадом муваффақ нашуда буданд ба кайфияти матлуби ъакси рангӣ даст ёбанд. Ишколи аслӣ нопойдории рангҳо буд, ки чанд лаҳза бештар давом намеовард. Дар паи интишори назарияи Ҷеймз Клерк Максвелл (James Clerk Maxwell), физикдони искотландӣ, дар соли 1855 роҳе гушуда шуд, ки саранҷоми он ъакси рангии имрӯзист.
Назарияи Максвелл муттакӣ бар ин ҳақиқат буд, ки ёхта (ҳуҷайра)-ҳои махрутии сатҳи дарунии чашми маъмулии як инсон се рангро ташхис медиҳад: сурх, сабз ва обӣ. Ин рангҳо вуҷуди хориҷӣ надорад, аммо ҳассосияти ёхтаҳои дарҳамомехтаи чашм ба тӯли нур рангҳоро дар зеҳн падид меоварад ва омезае аз онҳо рангҳои дигарро қобили руъят (дидан) мекунад. Бар пояи ҳамин назарияи физикдони искотландӣ, ъаккосҳои донишманд бори дигар дастбакори ихтироъи ъакси рангӣ шуданд. Сергей Прукудин-Гурскӣ (Сергей Прокудин-Горский) аз комгортарини онҳо буд.
Прукудин-Гурскӣ соли 1863 дар ҳаволии шаҳри Сан-Петерзбурги Русия ба дунё омад. Аз ҷумлаи шогирдони Дмитрий Менделеев, шимидон (химик)-и шаҳири Русия, дар Институи текнулужики Сан-Петерзбург буд. Таҳсилоташ дар риштаи шимиро дар шаҳрҳои Берлин ва Порис идома дод. Дар ин шаҳрҳо бо шимидонҳои мухтареъе чун Одулф Мите ва Жул-Эдме Мумен дамсоз буд ва муддате ҳам бо бародарон Лумер, аз пешгомони синемо, ҳамкорӣ кард. Дар авосити даҳаи 1890 ба Русия баргашт ва пажӯҳишҳояшро дар заминаи ъаккосии рангӣ пай гирифт.
Прукудин-Гурскӣ барои ъаккосии рангӣ бар пояи назарияи Максвелл аз се полоя (филтер)-и сурху сабзу обӣ истифода мекард; яъне аз як саҳна се бор бо се полоя ъакс бармедошт. Сипас ин сеторо аз тариқи партавафкан рӯи сафҳа намоиш медод. Таркиби се ранг рангҳои дигарро ҳам зоҳир мекард. Ба далели зарурати се мавриди ъаксбардорӣ аз як саҳнаи воҳид ҳамаи ъаксҳои ӯ хубу беъайб набуданд; чун миёни ин се мавриди ъаксбардорӣ вақфа уфтода буд ва ашё ё афрод тайи ҳар се маврид ҳамеша собит намемонданд. Дар натиҷа бархе аз ъаксҳо кидир (хира) ва мавҷдор аз об даромадаанд.
Соли 1905 Прукудин-Гурскӣ нахустин сафари муфассали худ ба гӯшаву канори импротурии Русияро анҷом дод ва аз Қафқозу Крима (Крим) ва Укроин бо ҳудуди 400 қитъа ъакси рангӣ баргашт. 90 қитъа аз ин ъаксҳо ба шакли кортпустол (откритка) мунташир шуд.
Соли 1906 барои нахустин бор равонаи Фарорӯд (Осиёи Миёна) шуд, то аз хуршедгирифтагии 14 жонвие (январ)-и 1907 бар фарози кӯҳистони Тёншон ъакс бигирад. Ба далели ҳавои абрӣ муваффақ ба руъяти кусуф нашуд. Раҳоварди ӯ аз ин сафар нахустин ъаксҳои рангии Самарқанду Бухоро буд.
Се сол пас аз он ба даргоҳи Никулойи Дувум, тезори Русия, бор ёфт. Импротур ба бузургтарин ъаккоси сарзаминаш дастур дод, ки аз ъарсаҳои мухталифи зиндагии мардумони импротурӣ ъакс бигирад. Барои анҷоми ин маъмурият вогунеро бо лавозими ъаккосӣ ва зуҳури ъакс муҷаҳҳаз карда буданд ва номае бо имзои подшоҳ ба ъаккос иҷозаи дастрасӣ ба ҳамаи маконҳои импротуриро медод. Прукудин-Гурскӣ савор бар он вогуни вижа бахши қобили мулоҳизае аз сарзамини фарохи Русияро дарнавардид. Вай дар дафтари хотироташ навиштааст, ки рӯзҳо ъаксбардорӣ мекард ва шомгоҳон дар торикхонаи вогун ъаксҳоро зоҳир мекард. «Баъзан кор то дервақти шаб ба дарозо мекашид, бавижа вақте ки вазъи обуҳаво мусоъид набуд ва бояд тасмим мегирифт, ки пеш аз ъазимат ба ҷое дигар оё ниёзе ҳаст, ки зери нуре мутафовит аз ҳамон саҳна ъакс бигирам ё на. Сипас аз неготивҳо нусхаҳое мегирифтам ва дар олбум мегузоштам».
Ин мусофиратҳо то соли 1916 идома дошт. Тайи ин муддат Прукудин-Гурскӣ дубора ба Фарорӯд баргашт ва дар Самарқанд дурбини филмбардории рангиашро, ки батозагӣ ихтироъ карда буд, озмуд. Натиҷаи озмоиш ба дилхоҳаш набуд, аммо ъаксҳои рангие, ки аз минтақа бардошт, мондагор шуд.
Инқилоб шуд ва шоҳу шоҳигарӣ рафт. Прукудин-Гурскӣ, ки бо сиёсат сарукоре надошт, монд ва дар поярезии Институи ъолии ъаккосӣ ва фанновариҳои ъаккосӣ нақши меҳварӣ дошт. Аммо рӯзи нуҳуми септомбри 1918, ки ин муассиса гушоиш ёфт, дигар Прукудин-Гурскӣ ҳам рафта буд. Вай ҳудуди як моҳ пеш аз он Русияро ба қасди Нурвеж (Норвегия) тарк кард ва сипас ба Инглистон рафт. Соли 1922 ба шаҳри Ниси Фаронса нақли макон кард ва як сол баъд аз он муваффақ шуд, ки бахше аз маҷмӯъаашро, шомили 2300 ъадад неготив, аз Русия берун оварад.
Сергей Прукудин-Гурскӣ рӯзи 27 септомбри соли 1944, чанд ҳафта пас аз поёни ишғоли Порис тавассути Олмони Нозӣ, дар ин шаҳр чашм аз ҷаҳон фурӯ баст ва пайкари ӯ дар гӯристони русии Сан-Женевйев ду Буо (Sainte-Geneviève-des-Bois) ба хок супурда шуд. Аммо ъаксҳои рангии ӯ, ки дар зумраи беҳтарину нодиртарин ъаксҳои оғози садаи бистуми мелодист, бар тӯли ъумри ному ёдаш афзуд. Дар гузориши мусаввари ин сафҳа бархе аз он ъаксҳои ҷовидонаро, ки дар китобхонаи Кунгреи Омрико маҳфуз аст, мебинед.
Ирсоли матлаб