Ҳанифа Мавлонова, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, баъд аз зуҳри якшанбе, 24 уктубр, дар синни 86-солагӣ дар шаҳри Маскав даргузашт. Ва аз соли 1993 бад-ин сӯ дар пойтахти Русия зиндагӣ мекард. Пайкари Ҳанифа Мавлонова рӯзи 26 уктубр дар гӯристони Сари Осиё перомуни шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд. Матлаби зерро ҶадидОнлойн рӯзи 15 уктубри 2009 мунташир карда буд, ки нигоҳест ба зиндагӣ ва осори ин ҳунарманди уперои тоҷик.
Заринаи Хушвақт
Ҳанифа Мавлонова ҳунарманди уперои тоҷик аст, ки соли 1924 мелодӣ дар устони Суғди Тоҷикистон дар хонаводаи Муҳйиддин Мавлонов, навозандаи мусиқии тоҷик, ба дунё омад. Алоқаи ӯ ба мусиқӣ дар авони навҷавониаш ҳувайдо буд. Вай пас аз таҳсил дар Донишкадаи мусиқии шаҳри Хуҷанд ва Кунсервотуори давлатии шаҳри Маскав идомаи таҳсил дод ва баъд аз он дар теотри ҷавонони шаҳри Хуҷанд (Ленинободи пешин) машғул ба кор шуд.
Кор дар теотри уперо ва болеи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе бар шуҳрату маҳбубияти Мавлонова афзуд ва ӯ то давраи бознишастагиаш дар ҳамин теотр кор мекард. Нақшҳои Татяна дар намоишномаи “Евгений Онегин”-и Чайковский, Дездемона дар уперои “Отелло”-и Ҷузеппе Вердӣ ва Ойдо дар уперои “Ойдо”-и ҳамин оҳангсози итолиёӣ аз ҷумлаи беҳтарин нақшҳоест, ки Ҳанифа Мавлонова дар ин теотр офаридааст. Иҷрои нақши аслии уперои “Тоска”-и Пуччинӣ ҳам аз иҷроҳои баёдмондании Ҳанифа Мавлонова дар теотри Айнӣ буд.
Ҳунари уперо ва боле пас аз таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон вориди ин кишвар шуд ва дар авоили даҳаи 1940 ба таври комил ташаккул ёфт. Аз он ба баъд оҳангсозони тоҷик низ барои намоишномаҳои уперо оҳанг месохтанд. Дар фароянди ташаккули уперои тоҷик Ҳанифа Мавлонова нақши умдае дорад. Вай дар уперои “Гулрӯ”-и Шарофиддин Сайфиддинов, “Бахтиёр ва Нисо”-и Сергей Болосониён ва “Бозгашт”-и Яъқуб Сабзанов низ нақшҳои аслиро бозӣ кардааст. Ба гуфтаи ҳунаршиносон, ин намоишномаҳо ба ростӣ аз беҳтарин офаридаҳои уперои тоҷик будаанд.
Аммо бисёре Ҳанифа Мавлоноваро бештар ба унвони хонандаи таронаҳои мардумӣ ва клоссик мешиносанд. Вай дар таркиби ҳайъатҳои ҳунарии Тоҷикистон дар Лаҳистон, Афғонистон, Муғулистон ва Конодо ҳам барномаҳои кунсертӣ иҷро кардааст.
Ҳанифа Мавлонова дар канори фаъъолияти ҳунарӣ дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои шаҳри Душанбе тадрис мекард ва ҳунари упероро ба овозхонони ҷавон ёд медод. Аммо бо оғози ҷанги хонагӣ дар Тоҷикистон Ҳанифа Мавлонова ҳам ба монанди бисёре дигар аз ҳунармандон дар соли 1993 маҷбур ба тарки кишвар шуд ва то кунун дар Маскав ба сар мебарад.
Гулнор, танҳо фарзанди Ҳанифа Мавлонова, ки ба аёдати модараш ба Маскав омадааст, мегӯяд: “Рӯзе модарам дар хиёбон уфтод ва пояш зарб хурд ва акнун бистарист. Ман дар хориҷ зиндагӣ мекунам, вале доман ба дидани модарам меоям. Ман танҳо меросдори бойгонии ғании модарам ҳастам ва ҳамаи забти суруду таронаҳои ӯ дар ихтиёри ман аст. Агар ширкатҳои родю ва телевизюни Тоҷикистон моил ба пахши ин суруду таронаҳо ҳастанд, ман метавонам онҳоро дар ихтиёрашон бигзорам.”
Дар гузориши мусаввари ин сафҳа ба дидани Ҳанифа Мавлонова дар Маскав рафтаем.