Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Қассоб дар Душанбе
Муъмини Шерхон

Ҳарчанд қассобӣ гуштфурӯшист, аммо қассоб дар Тоҷикистон ҳам ба маънои гуштфурӯш аст ва ҳам касе, ки чаҳорпо зибҳ мекунад.

Дар Тоҷикистон, ки кишварест бо фарҳанги суннатӣ, барои ҳар пешае пешина ва достоне нақл мекунанд. Аз ҳамин рӯ, пайдоиши қассобиро чун касби вижа ба замонҳои бисёр дур мебаранд ва бархе бар ин боваранд, ки пешаи қассобӣ аз замони ҳазрати Иброҳим ба мерос мондааст.

Онҳо бо ишора ба ривоёти динӣ мегӯянд, Худованд барои имтиҳон аз паёмбари худ мехоҳад, то фарзандаш Исмоъилро қурбон кунад. Пас аз он ки Худованд садоқати паёмбари худро месанҷад, ба ӯ мегӯяд, ки гӯспанду шутурҳоро ба ҷои писараш қурбон кунад. Мусалмонон ҳамин рӯзи имтиҳони Иброҳим тавассути Худовандро бо исми Иди Қурбон ҷашн мегиранд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон мисли гузашта кушторгоҳҳои давлатӣ вуҷуд надорад. Дар замони шӯравӣ дар чанд шаҳри умдаи Тоҷикистон қассобхонаҳои махсус бунёд шуда буд, ки дар онҳо текнулужӣ кори қассобонро иҷро мекард.
Ин қассобхонаҳо бо номи русии “бойня” (кушторгоҳ) миёни мардум шинохта мешуд, аммо баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ ин кушторгоҳҳо муфлис шуданд ва аз миён рафтанд. Ҳамакнун ин корро қассобони ҳирфаӣ дар бозор ва дигар марокизи гӯштфурӯшӣ анҷом медиҳанд. Баъзе аз қассобон аз фазои кушторгоҳҳои пешин истифода мекунанд ва гӯспандҳои худро дар онҷо мекушанд.

Дар Душанбе, пойтахт, гӯшт ба ҷуз аз бозорҳо ва мағозаҳои хорборфурӯшӣ дар ду бозори махсуси қассобӣ ҳам ба фурӯш мерасад.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон гӯшти буз, гӯспанд ва гов нисбат ба мурғу моҳӣ фурӯши бештар дорад ва ҷашну маросиме нест, ки бидуни гӯшти ин ҳайвонот баргузор шавад.

Дар ду соли ахир дар Тоҷикистон гӯшт низ ба мисли дигар маводди ғизоӣ қимати бесобиқа касб кардааст. Масалан як килуграм гӯшти гов, буз ва гӯсфанд аз 12 то 16 сомонӣ арзиш дорад, ки муъодили 4-5 дулори омрикоӣ аст. Ин барои 65 дарсади мардуми Тоҷикистон, ки зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд, гарон аст.

Коршиносон гаронии қимати гӯшт дар Тоҷикистонро ба судури ҳайвоноти зинда аз Тоҷикистон марбут медонанд. Ба гуфтаи коршиносон парвариши ҳайвонот ва домдорӣ нисбат ба замони шӯравӣ даҳҳо маротиба коҳиш ёфтааст.

Гузориши мусаввири ин сафҳа дар коргоҳи омӯзиши гузоришгарии чандрасонаӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор шуд, таҳия шудааст.

Ин матлаб бори нахуст рӯзи 17.01.2008 мунташир шуда буд.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.