Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Зи нерӯ бувад мардро ростӣ
Котрин Брук ва Томӣ Трибвосер*

Аввалин бор, ки Наврӯз Арабов, варзишкори варзиши паҳлавонии Тоҷикистон, вориди зӯрхонаи Душанбе шуд, лабханде бар лабонаш ҷорӣ шуд. Ӯ ба қасди идомаи тамрини куштӣ омада буд ва вақте ки таҷҳизоти зӯрхона ва намоиши чархидани мураббиро дид, ангушт ба даҳон монд, аммо базудӣ таҳти таъсири фарҳанге ошно, маҳорат ва чобукии мураббӣ қарор гирифт. Аз он замон ки ҳудуди шаш сол гузаштааст, Наврӯз бар ин варзиши бостонӣ тасаллут ёфтааст ва эҳсос мекунад ба зӯрхона таъаллуқ дорад.

Варзиши бостонӣ яке аз суннатҳои қадимӣ ва мероси ғании фарҳангии Эрон аст, ки дар солҳои ахир камрангтар шудааст. Дар ҷиҳати эҳё ва тадовуми ин суннат гурӯҳҳое назири Федеросиюни миллӣ ва байнулмилалии варзишҳои зӯрхонаӣ ин расмро дар дохил ва хориҷ аз кишвари Эрон тарвиҷ медиҳанд. Бад-ин тартиб, дар соли 2005 Федеросиюни байнулмилалии варзишҳои зӯрхонаӣ ҳамроҳ бо Сафорати Эрон дар Тоҷикистон зӯрхонае ба номи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе бино ниҳоданд ва назорати онро ба мардуми маҳал супурданд. Ин зӯрхона, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе қарор дорад, таваҷҷуҳи варзишкорони ҷавони Тоҷикистон монанди Наврӯзро ба худ ҷалб кардааст.

Дар оғоз Наврӯз ва ҳамроҳонаш, монанди Ҷаҳонгир Арабов, ба куштӣ ва варзиши жопунии ҷуду (дзюдо) машғул буданд, лекин батадриҷ ба варзиши бостонӣ рӯй оварданд. Онҳо суннати зӯрхонаро мероси фарҳангии худ медонанд ва муътақиданд, ки ин варзиш пур аз чолишҳои зеҳнию ҷисмист. Ба иборати дигар, ин суннат дар миёни ҷавонони Душанбе мавриди таваҷҷуҳ ва истиқболе пурҳаяҷон қарор гирифта, чун ба гуфтаи Наврӯз, “дар хуни мост”.

Назари Саъидмаҳмуд Замиров, сармураббии кунунии зӯрхонаи Тоҷикистон низ бозтобест аз ҳамин гуна эҳсос. Вай ҳанӯз дар авқоти фароғат ҷуду тамрин мекунад, лекин ба далели вуҷуди ҷанбаҳои ҳунарӣ, аз ҷумла шеъру мусиқӣ, варзиши бостониро аз варзишҳои дигар мутамоиз мешумурад. Ӯ ишора мекунад, ки шунидани зарби таблу шеъри Фирдавсӣ эҳсоси хастагиро аз бадан мезудояд. Гӯӣ ҳамчунон ки ашъори ҳамосии Фирдавсӣ дар миёни аксарияти қариб ба иттифоқи форсизабонон шӯру ҳаяҷон меандезад, ин бор низ ба барангехтани аъзои тими миллии Тоҷикистон омадааст.

Дар мусобиқоти байнулмилалии варзишҳои зӯрхонаии ахир таҳти унвони “Ҷоми Фирдавсӣ”, ки тобистони гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, варзишкорони тоҷик муваффақ ба касби ҷавоизе шуданд. Наврӯз дар ин мусобиқот дар риштаҳои каббода ва санггирӣ мақоми аввалро ба даст овард. Ҳамчунин дар милбозӣ Саъидмаҳмуд рутбаи чаҳорумро касб кард, дар ҳоле ки дар раддаи вазнии худ дар куштӣ мақоми аввалро аз они худ кард. Саранҷом, дар бахши маҳоратҳои тимӣ тими “Алиф”-и Тоҷикистон дар мақоми севум қарор гирифт.

Бо вуҷуди ҳамаи ин муваффақиятҳо, ба ақидаи варзишкорон, зӯрхона аз аҳаммияте фаротар аз касби ҷоиза дар мусобиқот бархурдор аст; то он ҷое, ки Наврӯз ва Саъидмаҳмуд ба зӯрхона ба масобаи хонаи дувуми худ менигаранд. Барои Саъидмаҳмуд, ки хотироти талхи таҷрубаи ҷанги дохилӣ ҳанӯз дар зеҳнаш ранг набохтааст, зӯрхона маконест, ки дар он метавон худро аз мушкилоти рӯзмарра раҳо кард. Наврӯз зӯрхонаро на танҳо маконе барои гирдиҳамоӣ ва варзиш медонад, балки ҳамчунин аз он ба унвони мактабе барои даст ёфтан ба сиришти паҳлавонӣ ёд мекунад. Вай ҳатто бо шӯхӣ мегӯяд, ки дар воқеъ, зӯрхона “хонаи аввал”-аш аст.

Ин варзишкорон умедворанд дар оянда муваффақ ба касби фурсатҳои бисёре барои интиқоли ин эҳсоси таъаллуқ ба варзиши бостонӣ ва зӯрхона ба тайф (қишрҳо)-и ҳар чи густардатаре аз ҷавонони меҳанашон шаванд. Ҳамакнун теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз ҷавонони шаҳри Душанбе ба варзишҳои бостонӣ алоқа нишон медиҳанд. Бино ба бароварди Саъидмаҳмуд, ҳар ҳафта ҳудуди 100 то 150 нафар, аз ҷумла гурӯҳе аз донишҷӯёну навҷавонон, ба зӯрхонаи Душанбе меоянд ва аз имконоти он истифода мекунанд. Аммо ба ғайр аз ташкили як тими кӯчак дар вилояти Хатлон ин фаъъолият ва имконот умдатан дар пойтахт мутамаркизанд; аз ин рӯ орзуи ояндаи Саъидмаҳмуд ва ҳамгинонаш ин аст, ки суннат, имконот ва дарки аҳаммият ва нисбату қидмати варзишҳои зӯрхонаиро ба бақияи манотқи кишвар густариш диҳанд ва саранҷом вазифаи парваришу роҳнамоии паҳлавонони ояндаи Тоҷикистонро ба насли ҷавонтари кишварашон вогузор кунанд.

Дар гузориши мусаввари ин сафҳа ба дидани варзишкорони зӯрхонаии Тоҷикистон меравем.

*Котрин Брук (Katherine Bruch) ва Томӣ Трибвосер (Tommy Triebwasser) аз коромӯзони забони форсӣ дар Тоҷикистонанд ва ин матлабро ба забони форсӣ таҳия кардаанд.


 


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.