Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Мехоҳам дунёро бибинам
Абдулфаттоҳ Шафиев


“Таваллуд шудан”, яъне “чашм ба дунёи равшан гушудан”. Аммо барои таваллуди Фаршед, як тифли 11-солаи тоҷик, наметавон аз ин таъбир истифода кард, зеро ӯ бо дидаҳои нобино ба дунё омада ва рӯшноии ин дунёро боре ҳам надидааст.

Шояд дар дунё атфоле, ки нобино ба дунё меоянд, кам набошанд, аммо шумори андаке аз онҳо истеъдоди модарзодии овозхонӣ доранд ва тавонистаанд, ин ҳунари худро камол бахшанд ва аз кӯдакӣ ба овозхонӣ бипардозанд.

Дар Тоҷикистон танҳо як мадрасаи вижа барои нобиноёни ҳунарманд фаъъол аст. Ин мадраса дар ноҳияи Ҳисор, 20-килуметр дуртар аз манзили зисти қаҳрамони қиссаи мо Фаршед, ҷойгир аст. Дар ин мадраса беш аз сад нафар дарс мехонанд.

Омӯзгорони ин мадраса мегӯянд, бо ин атфол, ки танҳо бӯидани гул насибашон гаштааст, на дидани он, кор кардан душвор нест. Толиб Шаҳидӣ, оҳангсози маъруфи тоҷик, бар ин назар аст, ки истеъдоди оҳангсозӣ ва овоз хондан махсусан дар нобиноён рушд ёфтааст.

Волидайни Фаршед низ бо мушоҳидаи ин истеъдод дар фарзандашон талош доранд, ӯ роҳи камол дар пеш гирад. Фаршед дар канори таҳсил дар мадрасаи вижаи атфоли нобинои ҳунарманд чаҳор соли охир аз овозхонони ҳирфаӣ дарс мегирад.

Ин ҳунарманди 11-сола номи худро дар миёни ҳаводорони таронаҳо матраҳ кардааст. Ӯ як олбуми худро бо 19 суруд нашр карда ва аввалин сурудаш ҳам дар бораи модар будааст.

Модари Фаршед имрӯз кумакрасони аслии ӯст. Вай мегӯяд, аз нобиноии фарзандаш тасодуфан огоҳ шудааст. Вақте Фаршеди 4-моҳаро ба назорати пизишк мебаранд, дидаҳои модар бо шунидани хабаре тар мешавад. Хабари он ки дидаҳои ин писарбача ҳаргиз ситораҳои рангоранг ва рӯшноии дунёро нахоҳад дид.

Дидани ситораҳои алвону рӯшан, тавре ки Фаршед дар яке аз сурудҳояш низ месарояд, аз орзӯҳои ин тифл будааст. Барои дармони Фаршед волидайнаш талошҳои зиёд кардаанд. Ӯро барои муъолиҷа ба чанд шаҳри Русия бурданд, аммо натиҷае надод.

Шояд ҳунари Фаршед асбоби наҷоти ӯ ва хонаводааш аз яъсу ҳузн шуда бошад. Тавре ки худаш мегӯяд: “Овозхонӣ ӯ ва наздиконашро маҳзун шудан намегузорад.”

Дар ҷадидтарин оҳанги Фаршед, ки бозхонӣ аз таронаи Андӣ - хонандаи эронист, оҳанги умед ва дилгармӣ ба гӯш мерасад:

Аге умр ҳамине,
Аге зиндаги ине,
Ман михом чашмом дунёро бибине...

Гузориши мусаввари ин сафҳа дар коргоҳи омӯзиши гузоришгарии чандрасонаӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор шуд, таҳия шудааст.

Ин матлаб бори нахуст рӯзи 20.11.2007 мунташир шуда буд.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.