Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Бибиҳои ҳунарманд
Котрин Брук ва Томӣ Трибвосер*

Вақте ки Сабоҳат Мухторова духтараке буд, дилаш мехост шоъире назири Ҳофиз шавад ва ҳамчунин дар теотр фаъъолият дошта бошад, аммо падараш ба ӯ иҷоза намедод. Мегуфт, ҳунармандӣ барои духтарони тоҷик ҳирфае “нанговар” аст. Баъдҳо Сабоҳат пешаи таълими адабиётро интихоб кард ва бо хурсандӣ то кунун ба муддати 42 сол ба ин кор машғул будааст. Аммо шуълаи ҳунар дар зеҳни вай ҳеч гоҳ хомӯш нашуд. Ба таври мушобеҳ Саноъат Осмонова ва Соро Қобилҷонова, ба тартиб коршиноси забону адабиёт ва устоди физик, низ дар даврони кӯдакишон орзуи ҳунарманд шудан дар сар доштанд. Саноъат ба овоз хондан ва Соро ба ҳунарпешагӣ тамоюл дошт. Ба ин тартиб, 12 сол пеш фикри ташкили як гурӯҳи мусиқии фулклур ба зеҳни онҳо ва дӯстонашон хутур кард. Андаке пас аз он гурӯҳе муташаккил аз 14 зани солманд таҳти унвони “Бибиҷон” барои аввалин бор дар ҳаштуми морс (март)-и соли 1999 (Рӯзи байнулмилалии занон) дар як маҳфили нависандагон дар саҳна зоҳир шуданд.

Гурӯҳи “Бибиҷон” аз замони таъсис то кунун мавриди истиқболи васеъи мардуми Тоҷикистон қарор гирифтааст. Дар тайи соли ахир муассисаҳое назири хонаҳои солмандон ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон чандин бор аз гурӯҳи “Бибиҷон” барои иҷрои барномаҳои ҳунарӣ даъват кардаанд. Дар натиҷа аҳолии манотиқи мухталифи Тоҷикистон, назири Варзоб, Хатлон ва Шаҳритӯс шоҳиди ҳунарнамоии аъзои ин гурӯҳ будаанд. Илова бар он, иҷрои мусиқӣ ва намоишҳои кӯтоҳи ин гурӯҳ дар ҷашнҳое монанди иди Қурбон, иди занон ва Рӯзи Артиши Миллӣ дар телевизюни миллии Тоҷикистон ва ҳатто дар як шабакаи русӣ ба номи “Мир ТВ” бисёр диданию ҷаззоб будааст.

Саноъат, сарпарасти “Бибиҷон”, ба дастовардҳои гурӯҳ бисёр ифтихор мекунад. Вай гурӯҳи худро як гурӯҳи фулклур медонад, ки маҳорат ва истеъдоди занони тоҷикро ба намоиш мегузорад. Ӯ тавзеҳ медиҳад, ки агарчи дар гузашта занон усулан дар дохили чаҳордевории хона вақт мегузаронданд, аммо дунёе мамлувв аз эҳсосоту афкори жарф доштанд. Ба гуфтаи Саноъат, таронаҳои гурӯҳи “Бибиҷон” реша дар лолоӣ ва навоҳои қадимию оммиёна доранд, ки ин эҳсосотро баён мекунад. Илова бар он, барои Саноъат гурӯҳи “Бибиҷон” далел бар тавоноии занон дар иҷрои на танҳо вазоифи модару модарбузург, балки тақаббули масъулияти кормандию нависандагию ҳунарпешагӣ ва хайётӣ низ ҳаст. Ӯ ва ҳамроҳонаш таъкид мекунанд, ки аъзои гурӯҳи “Бибиҷон” либосҳои бисёр зебои ин гурӯҳро худ тарроҳӣ карда, дӯхта ва тазйин мекунанд. Он ҳамчунин ашъору гуфтугӯҳои намоишҳои кӯтоҳашонро низ худ менависанд.

Сайёрабону Яъқубова, шоъири ин гурӯҳ, ки дар 83-солагӣ мусинтарин узви он аст, аз тавоноии ин гурӯҳ дар эҷоди шодмонӣ миёни мардум ба худ меболад. Бо масаррат тавзеҳ медиҳад, ки бо вуҷуди ин ки дар хонаводае ҳунарманд мутаваллид шудааст (падару модараш аз пешгомони ҳунари теотри муъосир дар Тоҷикистон будаанд), дар ҳафтодсолагӣ буд, ки вай ба ҳунар рӯй овард. Дар гузашта ба унвони мураббии кӯдакистон кор мекард, аммо пас аз бознишастагӣ бо илҳом аз фарзандону наваҳояш шурӯъ ба навиштани шеър кард. Ин навъи фаъъолият, ба гуфтаи Сайёрабону, ҷавонии дуборае ба ӯ бахшидааст.

Сабоҳат низ ба навбаи худ эҳсосоти мушобеҳеро иброз мекунад, ки “агарчи пир ҳастанд, эҳсоси пирӣ намекунанд”. Аммо ба назар мерасад, ки маншаи нерӯи ин ҳунарманд дар нақши вай дар тарбияту панд додан ба ҷавонони Тоҷикистон нуҳуфтааст. Сабоҳат дар намоишҳои кӯтоҳи ин гурӯҳ, ки мушаххасан ва умдатан бар равобити хонаводагии тоҷик назар дорад, бо сарбаландӣ нақши як “ҷавонмард”-ро ифо мекунад. Мегӯяд, нақши мардро бармегузинад, то битавонад ба ҷавонони тоҷик нишон диҳад, ки расми ҷавонмардӣ дар бархурд бо занон чигуна аст. Вай изъон дорад, ки ин нақш, албатта, замзамае дар байни писарони маҳалла роҳ андохта ва хам ба абрӯи бархеҳо кашида буд, аммо дар маҷмӯъ таъсири мусбат бар мухотабон гузоштааст. Ба иборати дигар, Сабоҳат хушнуд аст, ки ба ин тариқ тавонистааст таваҷҷуҳи мардуми тоҷикро ба масоили иҷтимоъӣ ҷалб кунад.

Агарчи Сабоҳат ва ҳамроҳонаш дар ҷавонӣ натавонистанд ба руъёи худ дар дунбол кардани фаъъолиятҳои ҳунарии худ ҷомаи амал бипӯшонанд, вале гурӯҳи “Бибиҷон” орзуҳои кӯдакишонро бароварда кардааст. Бархе аз аъзои “Бибиҷон”, монанди Сабоҳат ва Саноъат, дар давраи донишгоҳ дар гурӯҳҳои ҳунарӣ ва ғайриҳирфаӣ фаъъолият доштаанд, лекин гурӯҳи “Бибиҷон” онҳоро дар сатҳи ҷомеъа матраҳ кардааст. Он чи илова бар бароварда шудани як орзуи кӯдакӣ барои аъзои “Бибиҷон” ҳоизи аҳаммият аст, наҳваи расидан ба ҳадафашон аст, ки иборат буд аз истиқлол дар фаъъолиятҳои ҳунарӣ ва иҷроҳои ройгон. Ҳифзи порае аз фарҳанги тоҷик, эҷоди хушнудӣ байни ҷавонон ва роҳнамоишон ва дар ниҳоят, даврони солмандии пурсамар нумреҳои қобили тақдире дар корномаи ин гурӯҳ сабт кардааст. Акнун орзуи сарпарасти “Бибиҷон” ин аст, ки ин гурӯҳ қодир ба иҷрои барнома дар хориҷ аз кишвар шавад, то тавоноиҳои занони солманди тоҷикро ба ҳамагон бишиносонад.

*Котрин Брук ва Томӣ Трибвосер донишҷӯёни забони форсӣ дар Омрико ҳастанд ва ин гузоришро ба забону хатти форсӣ таҳия кардаанд.

.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.