Гӯ ин ки дубора баҳор шудаасту мо хабар надорем: ҳама либоси наву ороста ба тан, дастагулҳо ба даст рӯбӯсӣ мекунанд ва Наврӯзи ҷамшедиро ба ҳамдигар шодбош мегӯянд ва ба дасту сурати меҳмонон гулоб мепошанд; мӯбаде бо пӯшоки сапед яштҳои Авесторо замзама мекунад ва зарбае мезанад ба миҷмари оташу зарбае дигар ба зуруфи мева ва миёни издиҳоми шод лурки* мутабаррикро пахш мекунад, ки махлутест аз хурмову бодому гирду (чормағз) ва кишмиш.
Наврӯз боз омада ва дубора рӯзи хурдоди моҳи фарвардин аст.
Бахши аъзами ин ҷамъияти шод наводагони гурӯҳе аз зартуштиёни Эронанд, ки шояд ҳазор сол пеш оташи муқаддас бар кафу бовари ниёкон дар сина ба сарзамини Ҳинд паноҳ бурда буданд. Чархи сарнавишт имрӯз онҳоро ба Инглистон андохта ва инҷо Анҷумани зартуштиёни Ландан аст. Ва имрӯз, ки ин сатрҳоро менависам, 24 ут (август) аст, баробар бо шашуми фарвардини гоҳшумории шоҳаншоҳӣ, ки миёни порсиёни Ҳинд ҳанӯз бо ҳамин ном марсуму муътабар аст.
Гоҳшуморӣ ё тақвими “шоҳаншоҳӣ”, ки зоидаи дурии порсиён аз сарзамини ниёконашон буда, байни садаҳои 12 ва 13-и мелодӣ бо такя ба дастуре аз китоби мазҳабии “Динкард” ибдоъ шуд. Донишномаи “Динкард”, ки ҳосили талошҳои ду тан аз мӯбадони эронии садаи нуҳуми мелодист, афзудани як моҳи комил ба 360 рӯзи сол пас аз ҳар 120 солро боиста медонист. Ин иттифоқ танҳо як бор уфтод ва дигар фаромӯш шуд. Дар натиҷаи нодида гирифтани соли кабиса, ки дар гоҳшумории ҷалолӣ мушоҳида мешавад, моҳҳои ин гоҳшуморӣ чандон пойбанди фаслҳои сол нестанд.
Дар оғози садаи 18-уми мелодӣ як мӯбади зартуштӣ, ки барои дидани ҳамкешонаш аз Эрон ба Ҳинд рафта буд, мутаваҷҷеҳи як моҳ тафовут миёни гоҳшумориҳои марсум байни зартуштиёни Эрону Ҳинд шуд ва аз мӯбадони Ҳинд хост, ки ин тафовутро бартараф кунанд. Бо ин бовар, ки гоҳшумории сарзамини обоӣ ҳатман сиҳҳати бештар дорад, порсиёни муқими шаҳри Сурат дар миёнаҳои садаи 18 тақвими зартуштиёни Эронро ба расмият шинохтанд ва онро “қадимӣ” ном ниҳоданд. Бештари порсиёни Ҳинд, аммо, ба гоҳшумории шоҳаншоҳӣ вафодор монданд.
Соли 1906-и мелодӣ Хуршедҷӣ Комо, яке аз порсиёни муқими Бамбаӣ (Bombay), бо такя ба тақвими ҷалолӣ гоҳшумории тозаеро ба зартуштиёни Ҳинд муъаррифӣ кард ва онро “фаслӣ” номид. Ваҷҳи тамоюзи гоҳшумории фаслӣ ин буд, ки соли нав дар он бо эътидоли баҳорӣ мусодиф мешуд ва ҳамсони гоҳшумории бостонии зартуштӣ ҳар чаҳор сол як рӯзи кабиса дошт. Аммо дигарбора эътиқоди росихи порсиёни Ҳинд ба “Динкард” монеъ аз пазириши гоҳшумории навин шуд ва тақвими “шоҳаншоҳӣ” побарҷой монд. Аз ин ҷост, ки имрӯз ҳам бештари порсиёни Ҳинд Наврӯзро дар дили тобистон, аз авохири амурдод то оғози шаҳривар (моҳи августи масеҳӣ), ҷашн мегиранд.
Шашуми фарвардин, ки дар осори динии маздаяснӣ ба номи “Хурдодрӯзи фарвардинмоҳ” маъруф аст, барои зартуштиёни чи Ҳинду чи Эрон зодрӯзи Ашу Зартушт ба шумор меояд. Бо ин тафовут, ки имсол дар Эрон ин рӯз бо 26-уми марти масеҳӣ мусодиф буд, аммо бахши аъзами порсиёни Ҳинд шашуми фарвардинро ҳамин дирӯз, 24-уми август, ҷашн гирифтанд. Зартуштиёни Ҳинд ба ин рӯз “хурдодсол” ҳам мегӯянд, ки шояд манзур муҳимтарин рӯзи хурдоди сол дар миёни 12 рӯзи хурдод дар тӯли сол бошад. Дар гоҳшумории динии зартуштӣ ҳар рӯзи моҳ номе хос дорад.
Танҳо тафовути бориз миёни ҷашнҳои Наврӯзи хартуштиёни Эрон ва Ҳинд замони баргузории он аст ва боқии маросим шабеҳи ҳам аст.
Порсиёни Ҳинд рӯзи охири солро “патетӣ” меноманд, ки баргирифта аз вожаи авестоии “патет” ба маънои тавба ва пушаймонӣ аст. Аммо дар Ҳинд ин рӯз ба андозае муҳим аст, ки бисёре аз ҳиндиҳои ғайрипорсӣ ҷашни Наврӯзро бо номи Патетӣ мешиносанд. Дар он рӯз беҳдинон дар ниёишгоҳ аз пешгоҳи Аҳуромаздо омурзиши гуноҳонашонро мехоҳанд ва қавл медиҳанд, ки дар соли нав се асли “ҳумат, ҳухт, ҳваршт” (андешаи нек, гуфтори нек, кирдори нек)-ро ба наҳви беҳтар аз соли пеш муроъот кунанд ва бо виждоне осуда ба пешвози соли нав мераванд. Ин ойин дар миёни бисёре аз зартуштиёни Эрон ҳам роиҷ аст.
Порсиёни Ҳинд ҳам дар поён ва оғози сол ба муддати даҳ рӯз ба поси хотири фараваҳр (фурӯҳар)-ҳои гузаштагонашон Авесто мехонанд ва ба ёди онҳо рӯи миз як порч (кӯза) обу як даста гул мегузоранд. Онҳо ҳам рӯи мизи наврӯзишон намоди амшоспандонро мегузоранд. Амшоспандон фариштагони нигаҳбоне ҳастанд, ки ҳар кадом рӯи замин намояндагоне доранд. Миҷмари оташро ба поси Ардибиҳишт (беҳтарин ростӣ), як коса ширро ба поси Ваҳуман (андешаи нек), синӣ ё лаълиҳои филизиро ба поси Шаҳривар (шаҳриёрӣ ва қудрат), гиёҳони ҳамешасабзро ба поси Амурдод (бемаргӣ ва ҷовидонагӣ) ва як ливон обро ба поси Хурдод (расоӣ ва камол) рӯи суфра мечинанд ва дар ҷашнҳои суннатӣ ин суфраро рӯи хоки пок паҳн мекунанд, ки намоди Спандормазд ё Спанто-Ормаитӣ (меҳру фурӯтанӣ) аст.
Наврӯзи имсол барои порсиёни Ҳинд бо 19 ут (август) мусодиф шуд. Дар Мумбой (Mumbai), бузургтарин шаҳри зартуштинишини ҷаҳон, ки ҳудуди 45 ҳазор ҷамъияти зартуштӣ дорад, нашрияҳо навиштанд, ки олудагии обҳои соҳилии ин шаҳр бо нафт суфраи бисёре аз хонаводаҳои порсиро аз моҳӣ маҳрум кардааст. Шуморе ҳам маҷбур шудаанд моҳиро аз иёлати Гуҷарот ба рӯи суфраҳояшон биоваранд.
Моҳӣ аз муҳимтарин аҷзои суфраи зартуштист, ки ба бовари порсиёни диндор, онҳоро аз бади рӯзгор ҳифз хоҳад кард ва боъиси шукуфоишон хоҳад шуд.
Албатта, хурдани моҳӣ дар рӯзи соли нав мунҳасир ба кеши маздаяснӣ ё ҳатто фарҳанги эронӣ нест. Бино ба муҳосибаи ахтаршиносони ҷаҳони бостон, дар оғози садаи якуми мелодӣ буд, ки бар сурати фалакӣ эътидоли баҳорӣ аз бурҷи ҳамал (бара) ба бурҷи ҳут (моҳӣ) мунтақил шуд. Аз ин ҷост, ки дар ҷашнҳои соли нави чи масеҳию чинӣ ва чи эронӣ ҳузури моҳӣ рӯи суфра (чи пухтаву чи зинда) ҳатмист.
Аз хурданиҳои вижаи порсиёни Ҳинд дар рӯзи Наврӯз яке “рову” (Ravo) аст, ки аз орди сабусдори гандум, шир ва шакар таҳия мешавад; чизе шабеҳи фирении эронӣ. Дар канори он “фолуда”-ро ҳам метавон дид, ки шабеҳи полудаҳои шерозист, бо миқдоре кишмишу тарошаи бодом, ки бар он пошидаанд. “Палав” ҳам аз ғизоҳои аслии Наврӯзи порсиёни Ҳинд аст, бо миқдори зиёде мағзи гирду (чормағз)-у заъфарон ва хуришти мурғ.
Кӯтоҳсухан, барои иддае Наврӯз дубора фаро расида, аммо ин бор на дар баҳор.
Дар гузориши мусаввари ин сафҳа, ки Озода Ҳусейнӣ таҳия кардааст, дар ҷашни Хурдодсоли порсиёни муқими Ландан меҳмон мешавем, ки рӯзи 24-уми ут (август) баргузор шуд.
*Лурк – омезае аз меваҳои хушку тар, чун хурмо, бодом, чормағз ва ғайра.