Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Ҳулбук – шаҳри хомӯши ҳазорсола
Сафаралӣ Мирзо

Қалъаи Ҳулбук дар қисмати ҷанубии вилояти Хатлони Тоҷикистон воқеъ аст. Ҳамон Хатлоне, ки номаш дар яке аз нахустин ашъори порсӣ омадааст:

Аз Хуталон омазия
Овор боз омазия
Ба рӯ табоҳ омазия
Бедил фароз омазия.

Ҳисори Ҳулбук дар даҳаи 1950 дар паи ковиши бостоншиносони рус ва тоҷик дар рустои Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ падидор шуд.

Бостоншиносони хориҷӣ қалъаи Ҳулбукро шиносномаи мардуми ин диёр номидаанд. Ҳулбук дар қарнҳои 10 ва 11-уми мелодӣ дар лашкаркашиҳои бегонагон оташ зада шуд, аммо аз байн нарафт.

Ин қалъа дар худ расму ойин ва ду тамаддуни мардуми ин диёрро мутаҷассим карда ва таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба меъмории бозмонда аз ду тамаддун ҷалб мекунад.

Нишонаҳое аз тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломиро дар канори ҳам рӯи дарвозаи иморат метавон дид. Торихшиносон ва бостоншиносон ин бинои ҳазорсоларо аз лиҳози устуворӣ бо биноҳои имрӯзӣ баробар медонанд.

Яке аз вуҷӯҳи ҷолиби қалъаи Ҳулбук вуҷуди лӯлаҳои гилӣ ё суфолӣ дар он аст, ки барои тавзеъи об аз онҳо истифода мешудааст.

Оби ошомиданӣ тавассути лӯлаҳои об 20 килуметр аз шаҳраки бостонии Қайнар аз зери ду рӯдхона ба қалъаи Ҳулбук оварда мешудааст.

Гӯшаҳои гачкоришудаи қалъа ва гармобаи он баъдан дар натиҷаи таҳқиқот ва ҳафриёти дигари бостоншиносон аз зери хок берун омад. Дар бинои ин гармоба усули гармкунии ҳуҷра ва ҳаммомҳо вуҷуд дошта, ки мояи шигифтии имрӯзиён аст.

Ҳулбук маркази Хатлон маҳсуб мешуд ва аз Чину дигар кишварҳо аз масири Роҳи Абрешим ба ин ҷо колоҳои гуногун меоварданд ва дар изои он аспҳои хуталӣ, ки он замон хеле машҳур буданд, ва намаку тило мегирифтанд

Дар "Доират-ул-маъорифи форсӣ"-и Мусоҳаб дар тавзеҳи “Хутал” ё “Хатлон” мехонем: “Ноҳияе бар масири улё (болоӣ)-и Амударё, миёни рӯдҳои Панҷу Вахшоб. Дар қарни чаҳоруми ҳиҷрии қамарӣ маркази ноҳияе, ки амири Хутал дар он ҷо мезистааст, Ҳулбук ном доштааст ва эҳтимолан дар ҷануби Кӯлоби ҳолия (дар Тоҷикистони Шӯравӣ) воқеъ будааст ва зоҳиран ду шаҳри Мунк ва Ҳаловерд дар ин ноҳия аз Ҳулбук бузургтар будаанд. Аспҳои Хутал шуҳрати тамом дошт.”

Бостоншинос Абдуллоҳ Хоҷаев табаҳҳур (маҳорат)-и мардуми бостонии ин диёрро дар шишакорӣ медонад. Бино ба гуфтаи ӯ, наҳваи таҳияи зарфҳои шишаии ин маҳал ҳанӯз бакуллӣ равшан нест ва бостоншиносон ҳамчунон дар ҳоли мутолеъаи розу рамзи сохти зуруфи шишаии Ҳулбук ҳастанд.

Зарфҳои шишаии даҳ қарн пеш тавре медурахшанд, ки гӯӣ тоза тавлид шудаанд ва ҷилои он аз тобиши шишаҳои имрӯзӣ мутафовит аст ва рӯи баданаи он рангҳои гуногун бозтоб меёбад.

Дар мавриди масоҳати шаҳри Ҳулбук торихнигорон ақоиди мухталиф доранд, аммо Абдуллоҳ Хоҷаев ҳудуди онро 240 килуметри мураббаъ медонад. Ӯ мегӯяд, дар ҳар ҷое дар ин маҳдуда агар ба умқи як метр ковише анҷом бигирад, ҳатман шайъ ё зарфе пайдо хоҳад шуд, ки гӯёи торихи деринаи ин диёр аст.

Ҳулбук, тибқи сарчашмаҳои торихӣ, се бор ба коми оташ рафтааст, аммо ба хотири марказияти он дар муддати кӯтоҳ дубора қад алам кардааст. Ин қалъа бори охир аз тарафи туркони салҷуқӣ ба оташ кашида шуд ва тӯли ҳазор сол зери хок хомӯш монд.

Баъд аз ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ин макони торихӣ ошкор шуд ва соли 2000 умури тармим ва бозсозии он оғоз гирифт, ки ҳанӯз идома дорад.

Қалъаи Ҳулбук дар торихи мавҷудияташ барои чаҳорумин бор аст, ки таҷдиду бозсозӣ мешавад.

 

Ин матлаб бори нахуст рӯзи 22.05.2008 мунташир шуда буд.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.