Дар Тоҷикистон 89 мадрасаи шабонарӯзии вижаи кӯдакони маълул (маъйуб) вуҷуд дорад, ки ҳамагӣ аз сӯи давлат ҳимояти молӣ мешаванд. Аммо ахиран муассисоти мушобеҳи мардумниҳод (ғайриҳукуматӣ)-е ҳам шакл гирифтаанд, ки бархешон вобаста ба кумакҳои шахсии афроди бобизоъати ҷомеъа ҳастанд. Ва шуморе ҳам ба эҳтимоми созмонҳои хайрияи хориҷӣ ва байнулмилалӣ бунёд ёфтаанд, ки Маркази бозпарвардии кӯдакони маълули “Киштӣ” аз ҷумлаи онҳост. Маркази “Киштӣ” дар шаҳри Душанбе барои тавонбахшӣ ба кӯдакони маълул анвоъи бозиҳои варзишӣ ва зеҳниро ба кор мебарад ва аз истифода аз доруҳои шимиёӣ барои муъолиҷаи кӯдакон парҳез мекунад.
Маркази “Киштӣ”, ки соли 2008 бо кумаки молии чанд созмони байнулмилалӣ поярезӣ шуд ва ба муъолиҷаи кӯдакони зери шаш сол пардохт, дар миёни ин муассисот мутафовит аст. Дар ин марказ падару модарони кӯдакони маълул ҳам метавонанд шеваҳои беҳтари нигаҳдорӣ ва мувозибат аз кӯдаконашонро фаро бигиранд. Яке аз вижагиҳои аслии маркази “Киштӣ” ин аст, ки машғулиятҳои дармонии ҳар кӯдак ба таври ихтисосӣ барномарезӣ ва анҷом мешавад, дар ҳоле ки барномаҳои дармонию омӯзишӣ дар марказҳои мушобеҳ маъмулан дастаҷамъист ва шояд якояки кӯдакон аз таваҷҷуҳи кофии мураббиҳо бархурдор набошанд. Шеваи бозигунаи муъолиҷаи ҷисмонӣ ва равонӣ дар ин марказ фазои дӯстона ва шодеро эҷод карда, ки боъиси истиқболи гарми авлиёи кӯдакони маълул аз “Киштӣ” шудааст. Ин шеваҳо иборатанд аз наққошию рассомӣ, варзишу бозӣ, бозиҳо барои рушди нутқу такаллум, омӯзиши мувозибат аз худ аз роҳи бозиҳои намоишӣ ва истифода аз рақсу мусиқӣ ва анвоъи дигари ҳунар барои рушди истеъдодҳои нуҳуфта ё хобидаи кӯдакон.
Тайи дидоре, ки аз ин марказ доштам, шоҳиди хурсандию хушнудии падару модароне будам, ки фарзандашон қабл аз вуруд ба маркази “Киштӣ” қодир ба ҳарф задан набуда ва акнун забон гушудааст. Ё кӯдаконе, ки наметавонистанд қошуқ ба даст бигиранд, акнун мустақиллан бо қошуқ ғизо мехуранд.
Ба гуфтаи масъулони Анҷумани маъйубони шаҳри Душанбе, имрӯза танҳо дар пойтахти Тоҷикистон як ҳазору 200 кӯдаки нотавон ба сабт расидаанд. Эсанбой Воҳидов, корманди вазорати кору таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон, ин рақамро дар сатҳи кишвар 19 ҳазор унвон мекунад. Оқои Воҳидов мегӯяд, ки ба эҳтимоли зиёд, рақами воқеъӣ болотар аз ин аст, чун бархе аз падару модарон аз ифшои маълулияти фарзандашон худдорӣ мекунанд.
Дар гузориши мусаввари ин сафҳа саҳнаҳое аз муъолиҷаи кӯдакон дар Маркази бозпарварии кӯдакони маълули “Киштӣ” дар шаҳри Душанберо мебинед.