Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Ранҷҳо ва шодиҳои Варзоб

“Яке буд, яке набуд, зери гунбади кабуд, даррае буд сабзу қашанг, бо дарахтҳои сарву хаданг, бо мардумоне шӯху шанг, ки бо рӯзона ҳашт соъат кор бори рӯзгор мекашиданд. Иқтисодашон иштирокӣ буд ва хадамоти ҳамагонишон - маҷҷонӣ. Ногаҳон боде вазиду Ҳумо парид ва мардумони ин дарра бекор монданд ва аз хадамоти маҷҷонӣ на номе монду на нишоне....”

Таърифи бисёре аз мардуми одии минтақаи тафарруҷии Варзоби Тоҷикистон аз зиндагии ду соли ахирашон чизе шабеҳи ин қисса аст. Аз замони фурӯпошии Шӯравӣ ҳар чи фосила мегиранд, ба ҳамон андоза ба рангу луъоби афсонаии ҳисси нустолжишон меафзояд. Ба ҳамон андоза ки гузаштаро равшан мебинанд, имрӯзашонро бенур мепиндоранд. Сахтиҳои зиндагии феълӣ, талхиҳои рӯзгори пешинро ширин кардааст: он чи буд хуб буд ва он чи ҳаст, бад. 

Варзоб дарраи кӯҳистонии шимоли Душанбе, ҳамонанди Дарбанд дар шимоли Теҳрон ва Пағмону Шимолӣ дар наздикии Кобул, ҷоест барои гардишу тафреҳ: нишастану гапу гуфт, хурдану нӯшидану гоҳ ҳам рақсидан ва шояд ҳам кӯҳнавардӣ барои ононе, ки чобуктаранд ва шояд ҳам ҷавонтар. Замоне ин дарраи зебо бештар пур буд аз бӯстонсароҳои дастгоҳҳои ҳизбӣ ва ҳукуматӣ барои яйлоқи тобистонӣ ва таътилот.  Дар канори боғҳои вазоратхонаҳо, рестуронҳо ва майкадаҳо буд, ки тахтҳоеро рӯи рӯдхона ва ё канори он чида буданд ва ба муштариён кабоби бара, моҳии озод ё гулмоҳибирёни рӯдхонаи Варзобро арза мекарданд, ки забонзад асту матбӯъ.

Албатта, ин ривояти зиндагии ҳамаи варзобиҳо нест. То мамнуъият бар моликияти хусусӣ бардошта шуд, иддаи маъдуде, ки ба гунае молу маноле андӯхта буданд, заминҳои канораи рӯдро хариданд, гирифтанду даври он девор кашиданд ва барои худ хонаҳои бузургу бӯстонсароҳо сохтанд.

Акнун ба теъдоди истироҳатгоҳҳо ва “ошхона”-ҳои тоҷикӣ дар имтидоди рӯди Варзоб афзуда шуда, ки дар гармои тавонфарсои шаҳр ба оромгоҳи дилнишине барои шаҳриён ва гардишгарон табдил мешавад. Аз ин ҷост, ки тафарруҷгоҳҳои Варзоб ғолибан тайи моҳҳои офтобии сол меҳмононро ҷазб мекунанд.

Ононе, ки ба Варзоб мераванд, шод бармегарданд, аммо онҳое, ки дар рустоҳо ва канораҳои ин дарраи зебо зиндагӣ мекунанд, дар тобистонҳо ҳам ба наҳви дигаре шоданд. Бо фаъъол шудани рестуронҳо коре барои худи онҳо ва ё фарзандонашон ҳаст ва агар боғе доранд, меваҳои боғҳошон ба баҳои хубе ба фурӯш мерасад.

Аммо дар боқии сол, ки бозори Варзоби барфгирифта касод аст, вазъ чунин нест. Варзобиҳо ночоранд дар ҷустуҷӯи кор дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва ҳатто кишварҳои дуру наздик бошанд.

Мориё Қаюмова аз рустои Ҳушёрии Варзоб мегӯяд, ҳам худи ӯ ва ҳам ду фарзандаш маҷбуранд ҳар рӯз субҳ ба бозорҳои шаҳри Душанбе сафар кунанд ва шомгоҳон баргарданд.

Дар гузашта ин омадушуд бедардисар буд ва ҳазинаи чандон надошт. Аммо акнун, ки роҳи беҳтаре сохта шуда, мардуми маҳаллӣ ҳам барои рафтуомад бояд ба даҳ сомонӣ уҷрат (кироя)-и рафту баргашт бо минибус, шаш сомонии аворизи рафтуомад изофа кунанд. Тараддуд аз тариқи ҷоддаи осфолтаи ҷадид ҳам изофа шудааст. Ӯ мегӯяд, дар кишваре, ки ҳадди ақалли даромади моҳонаи мардумаш 80 сомонӣ (ҳудуди 14 дулор) ва қимати як килу гӯшти говаш 15 то 20 сомонӣ аст, пардохти рӯзона 14 сомонӣ барои омадушуд ҳазинаи газоф аст.

Мушкили дигаре, ки маҳбубияти Варзоб барои мардуми маҳал ва низ касоне, ки аз рӯди Варзоб об менӯшанд, падид оварда, олудагии муҳити зист аст. Фозилоби хонаҳои дараи Варзоб бештар ба рӯдхона мерезад ва ҳамин об ба шаҳри Душанбе меравад. Мақомот мегӯянд, ки оби рӯди Варзоб қабл аз расидан ба хонаҳои мардуми Душанбе тасфия мешавад. Аммо ба гуфтаи коршиносон, рехтани фузулот ва партобаҳо мояи бемориҳое ҳамчун домана ё ҳасба ва ярақон ё зардча ва низ исҳол ва бемориҳои вогирдор мешавад.

Дар ду гузориши мусаввари ин сафҳа, ки Абдурраҳими Умарзод таҳия кардааст, мушкилоти муҳити зист ва роҳи Варзоб баррасӣ шудааст.

 


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.