Дуруст ҳазор сол пас аз даргузашти Абӯъабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли 941 мелодӣ дар зодгоҳи ӯ шоъире дигар ба дунё омад, ки осораш ҳамчунон бар тораки шеъри муъосири Тоҷикистон медурахшад.
Лоиқ Шеръалӣ рӯзи 20 маи соли 1941 дар рустои Мазори Шарифи минтақаи Панҷакент дар шимоли Тоҷикистон чашм ба ҷаҳон гушуд. Тайи қарнҳо ин русторо ба юмни (ба хотири) вуҷуди мазори Хоҷа Муҳаммади Башор, аз уламои исломӣ, мешинохтанду арҷ мегузоштанд. Акнун Мазори Шариф бештар ба унвони зодгоҳи Лоиқ Шеръалӣ шинохташуда ва мавриди эҳтиром аст; шоъире, ки усули даступогири чомасароии шӯравиро шикаст, по аз таблиғи идеулужии расмӣ фаротар гузошт ва кӯшид бо истифода аз зарфияти маҳдуде, ки “фарҳангсозон”-и Шӯравӣ барои забони форсии Осиёи Миёна таъйин карда буданд, аз дарду ранҷҳо, ишқу нафратҳо ва авотифу эҳсосоти мардумӣ бигӯяд.
Донандагони осори Лоиқ Шеръалӣ иҷмолан ӯро шоъири зан, замин ва зиндагӣ меноманд. Дар шеъри шӯравии Тоҷикистон беҳтарин тавсифи модару дилдор, сарзамину меҳан ва расотарин тасвиру таъбирҳо аз талхию ширинии рӯзгор дар девони Лоиқ нуҳуфтааст. Лоиқ мекӯшид на танҳо мазмуни офаридаҳояш мардумӣ бошад, балки тасвирҳое ҳам ки медод, аз дили одобу русуми мардумаш бархоста буд:
Ба ман ҳам орд пошидӣ, ба ман ҳам ними нон додӣ
Ва ними дигарашро доштӣ бо худ,
Ки чун баргардам аз хидмат, бихоҳам хурд.
Расми модарони тоҷик аст, ки ба ҳангоми гусели фарзандашон ба хидмати сарбозӣ ба нишони бахти сапед бар шонаҳояш орд мепошанд ва нонеро, ки гоз зада, ҳифз мекунанд, бо ин ният, ки пас аз бозгашт мобақии нонро ҳам бихурад.
Ишқи Лоиқ ба модараш мояи даҳҳо шеъри нағзи ӯ буда, ки баъдан дар маҷмӯъаи “Модарнома” гирди ҳам омад ва беандоза маҳбуб шуд. Овозхонони тоҷик бисёре аз ин ашъорро табдил ба суруду тарона кардаанд:
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Аё модар, ба он сон бесаводӣ,
Нахустин устоди ман ту будӣ.
Ё:
Дар миёни кӯҳсорон,
Бо навои обшорон,
Бо сафои чашмасорон,
Бо суруди боду борон,
Бо дуруди навбаҳорон,
Ҷон ато кардӣ маро.
Ҷон ато кардию худро костӣ,
Рӯзу шабҳо бар сари гаҳвораи ман,
Модари ман, модари бечораи ман.
Аз паи рӯзӣ давида,
Хӯшаҳоро чида-чида,
Талху шӯриҳо чашида,
Ранҷи дунёро кашида,
Ганҷи дунёро надида,
Дил ато кардӣ маро.
Дил ато кардию худро костӣ,
Рӯзу шабҳо бар сари гаҳвораи ман,
Модари ман, модари ғамхораи ман,
Модари ман, модари бечораи ман.
Дар давроне, ки сиёсатҳои ҳоким ҳувияти тоҷиконро дар ҳолае аз ибҳом қарор дода буд, Лоиқ қаҳрамонони “Шоҳнома”-ро дар маҷмӯъае дигар бозофаринӣ кард. Кова аз марги ҳаждаҳ писараш менолид ва Таҳмина аз марги Суҳробаш чунин шеван мекард:
Таҳминаам, Таҳминаам,
Аз дарду ғам дунимаам.
Дар ҳасрати Суҳроби ял
Дурҷи ғамон шуд синаам.
Суҳроби ман, меҳроби ман,
Хуршеди ман, маҳтоби ман,
Дар ин ҷаҳони бекасӣ,
Яктои ман, ноёби ман…
Гулчини давронам гузашт,
Гулрези бустонам гузашт.
Теғе, ки Рустам зад бар ӯ
Аз ҷавшани ҷонам гузашт.
Ашъори Лоиқ ойинаи тамомнамои мардуми давронаш буд ва дар солҳои поёнии умраш, ки бо туғёну ошӯбҳои пасошӯравӣ мусодиф шуд, саропо иҷтимоъию сиёсӣ шуда буд; мамлув аз ҳушдорҳову надоматҳо ва сарзанишҳову раҳнамунҳо ва ҳасрату андӯҳи орзуҳои бохта. Унвони вопасин маҷмӯъаи ашъори ӯ (“Фарёди бефарёдрас”) ҳокӣ аз бори андӯҳу навмедист, ки бар шонаҳои устод уфтода буд:
Мулк сангистону мо бесангарем,
Сар ба сар сардору мо бесарварем…
Ё:
…Тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст?
Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам?
Ҳама халқони дигар анҷуман оростаанд,
Дар Самарқанд нашуд сохта ним анҷуманам…
Гуфт алломаи Иқбол, ки бархез зи хоб,
Буздиле гуфт: фулонист мухотаб, на манам.
Домани кӯҳ гирифтему думи маркаби хеш,
Рафт аз даст ҳама домани дашту даманам.
Эй Хуросон! Ту бигӯ, соҳати Эронвич ку?
Ман аз ин фоҷеъа чун шиква ба Яздон накунам?..
Гирям аз он ки ту танҳоию ман танҳотар,
Ватанам, о Ватанам, о Ватанам, о Ватанам.
Ҷанги дохилӣ мояи ранҷи фаровони Лоиқ буд, ки дар шеърҳояш бозтоб ёфтааст. Вай дар он рӯзҳо бо ишора ба нақши тоҷу ҳафт ситора бар парчами Тоҷикистон навишта буд:
Субҳе ба тоҷи бесари миллат гиристам,
Шоме ба марги мазҳари миллат гиристам.
Якпорагишро ҳамекардам орзу, дареғ,
Бар пора-пора пайкари миллат гиристам.
Бо чашми хеш дида заволи ягонагӣ,
Бар уммату паямбари миллат гиристам.
Чун на саре, на сарваре буд ин саройро,
Ман бар ҷанозаи сари миллат гиристам.
Дар роҳи рост мехурад ҳар дам сикандарӣ,
Бар Қайсару Сикандари миллат гиристам…
Гаҳвораҳо тиҳӣ шуданд аз тифлу гиряҳо,
Бар фахри ҳар музаффари миллат гиристам.
Фарзандҳош беҳадаф мурданду бемазор,
Ман бар мазори модари миллат гиристам.
Лоиқ Шеръалӣ бо гиряҳояш рафт. Чеҳраи шодаш пажмурда шуда буд. Лоиқи маҳфилоро дигар камтар дар маҳофил дида мешуд. Гӯӣ интизори фарҷомашро дошт, ки дар остонаи қарни бисту якум суруд:
Ало эй асри бисту як, аҷаб нест,
Ки оғозат бувад анҷоми Лоиқ?
Ва рӯзи 30 жуан (июн)-и соли 2000 дар синни 59-солагӣ чеҳра дар ниқоби хок кашид.
Дар гузориши мусаввари ин сафҳа ҳамроҳ бо Қоришарифи Шеръалӣ - бародари бузурги шоъир ва шуморе аз донишомӯзони мадрасаи шоъир ба хонае дар рустои Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент сар мезанем, ки ҳафтод сол пеш садои Лоиқи навзод дар он печида буд.
Ирсоли матлаб