Агарчи дар даҳаҳои гузашта осори шоърону адибони эронӣ борҳо ба забонҳои дигар тарҷума шуда, теъдоди шоъироне, ки осори онҳо аз марзҳои Эрон фаротар рафта ва дар дили мухотибоне нишаста, ки забони модариашон форсӣ нест, ангуштшумор аст. Дар байни ин шоъирон Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ аз барҷастагон аст.
Агарчи мардуму андешмандони кишварҳои урупоӣ танҳо дар 200 соли гузашта бо рушди улуми инсонӣ ба осори шоъирони бузурги ирфонӣ алоқаманд шуданд ва онро ба забонҳои худ тарҷума кардаанд, кишварҳои шарқӣ монанди Туркия ва баъзе кишварҳои Болкон аз чанд сада пеш омўзиши “Маснавӣ”-ро ҳамчун як китоби дарсӣ барои баъзе риштаҳо монанди қазоват иҷборӣ карда буданд ва ҳатто барои он имтиҳон мегузоштанд. Онҳо дар он замон ба ҷои тарҷумаи ин осор ба туркӣ худ забони форсӣ меомўхтанд.
Инҳо чакидаҳое аз суханонест, ки дуктур Леунорд Левизун (Dr. Leonard Lewisohn) пажўҳишгар ва устоди муассисаи мутолеъоти арабӣ ва исломии Донишгоҳи Экситери Бритониё дар маросими муъаррифии солномаи “Муруре бар Мавлоно Румӣ” адо кард, ки қарор аст ҳар сол чун оинае бозтоби ҳамаи осоре бошад, ки дар мавриди ашъори Мавлавӣ ба забонҳои инглисӣ ва фаронсавӣ таълиф меёбад.
Ин солнома маҳсули кори муштараки маркази мутолеъоти Румӣ дар Донишгоҳи Ховари Наздики Қибрис (Кипр) ва маркази мутолеъоти эроншиносии Донишгоҳи Экситери Инглистон аст. Тарҷумаи нав аз ашъори Мавлавӣ, нақди китобхо дар бораи Маснавӣ ва Девони Шамс, баён ва нақди андешаҳои фалсафӣ, мазҳабӣ, равонковона ва равоншиносона, текники баён ва тахайюли шоъиронаи Мавлавӣ, ҳама дар канори ҳам дар ин солнома дар дастраси алоқамандон қарор хоҳад гирифт.
Дар ҳошияи маросиме, ки ба муносибати интишори нахустин шумораи солномаи “Муруре бар Мавлоно Румӣ” дар Китобхонаи Бритониё дар Ландан рўзи 12-уми май баргузор шуд, Леунорд Левизун далоили интишори чунин маҷаллаеро баршумурд ва гуфт:
“Ба назари ман, тақрибан ҳудуди ёздаҳ шоъири бузурги эронӣ дар тарози аввал ҳастанд: Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Низомӣ, Аттор, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Соиб ва Бедил. Аммо аз ин миён фақат шаш тан дар миёни ғарбиён аз қарни 18 ба баъд маъруф шуданд ва мардуми Ғарб нисбат ба онҳо кашиш пайдо карданд, ки иборатанд аз Фирдавсӣ, Низомӣ, Аттор, Мавлоно, Саъдӣ ва Ҳофиз. Дар мавриди Фирдавсӣ метавон гуфт, ки бештар эрониҳо, тоҷикҳо ва афғонҳо ва ба таври куллӣ форсизабонҳо ба ў алоқаманд ҳастанд. Аммо аз миёни ин шаш шоъир Мавлоно вижагии хос дорад. Ў бунёдгузори маъруфтарин силсилаи сўфия ва дарвешҳо, яъне cилсилаи “Мавлавия” аст, ки бештарин марокизро дар Туркия ва Урупои Шарқӣ доштааст. Масалан, 60 марказ аз қарни 14-уми мелодӣ то қарни 19 дар Туркияи усмонӣ вуҷуд доштаанд ва ин хосиятест, ки масалан Низомӣ ва Саъдӣ надоранд.”
Ў изофа мекунад, ихтисос додани маҷаллаи илмӣ ба адибон ва шоъЭрон дар Урупо солҳост марсум аст, аммо ин нахустин бор аст, ки як шоъири порсигўй дорои як маҷаллаи илмӣ ба забони инглисӣ мешавад.
Дуктур Леунорд Левизун, ки бо ҳамкории Гўколп Комил ибтикори интишори ин солномаро ба ўҳда дорад, муътақид аст имрўз тарафдорони тасаввуф ва андешаҳои Мавлавӣ дар кишварҳои ғарбӣ он қадр зиёданд, ки чунин маҷаллае ба забони инглисӣ бояд солҳои пеш мунташир мешуд. Ба нудрат метавон мавриде ёфт, ки дар бораи шаст ҳазор байт шеъри як шоъир ин теъдод китоб ва мақола навишта шуда бошад ва то имрўз ҳам идома дошта бошад. Тафсирпазирии ашъори ин шоъири бузург имтиёзест, ки Леунорд Левизун дар муқобили ашъори Ҳофиз ба ашъори Мавлавӣ медиҳад ва муътақид аст, ки тарҷумаи ашъори Мавлавӣ печидагии ашъори Ҳофизро надорад. Ў мегўяд:
“Қарни 13-уми мелодӣ қарни шукуфоии адабиёт, ирфон ва тасаввуф будааст. Қабл аз Мавлоно афроде мисли Шаҳобиддини Суҳравардӣ, Шайх-ул-ишроқ, доштем, ки бунёдгузори фалсафаву ишроқ будааст. Ҳамзамон бо Мавлоно Ибни Арабӣ буда, ки тақрибан бузургтарин файласуфи исломӣ ва орифи замони худ маҳсуб мешуд ва таъсири Ибни Арабӣ бар шоъирони баъд аз вафоташ фавқулъода буд. Ба ҳамин далел Мавлоно дар як муҳити ғании ирфонӣ парвариш ёфт.”
Дуктур Леунорд Левизун муътақид аст, ки мардуми имрўзи кишварҳои ғарбӣ беш аз ҳар замони дигаре ба осори ирфонии шарқиён алоқаманданд ва дар ҳар китобфурўшии мўътабар дар шаҳрҳои бузурги ғарбӣ метавон теъдоди зиёде тарҷума ва тафсири осори ирфонӣ ва бахусус ашъори Мавлоно ёфт. Ў худ дар синни 16-солагӣ бо тарҷумаи осори Мавлавӣ, ки тавассути Рейнулд Никулсун (Reynold A. Nicholson) анҷом шуда буд, ошно шуд ва пас аз хондани ин китоб чунон шефтаи Мавлоно шуд, ки барои хондани ашъори ў ба забони аслӣ ба Эрон рафт, то забони форсиро фаро бигирад.
Леунорд Левизун, ки фориғ-ул-таҳсили риштаи адабиёти форсии Донишгоҳи Шероз аст, пас аз инқилоби исломии соли 1357-и хуршедӣ (1979 м.) Эронро тарк кард, аммо то имрўз пажўҳиш дар бораи шеъру адабиёти форсӣ ва ирфонии Эронро дар меҳвари зиндагиаш қарор додааст. Вай ҳамчунин таълифот ва тасҳеҳоти зиёде дар мавриди тасаввуф ва шеъри эронӣ дорад.
Нигоҳи Леунорд Левизун ба андешаи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ ва ангезаи чопи солномаи Румиро дар гузориши мусаввари ин сафҳа мебинед.