Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Шамси мусиқии навини тоҷик
Ҳусноро Мирзо

Гурӯҳи ҳунарии “Шамс” дар замоне шакл гирифт, ки арсаи мусиқии Тоҷикистон ҳамроҳ бо арсаҳои дигар дастхуши таҳаввулоти пасошӯравӣ буд; мусиқии мудерни ин кишвар ҳам ки то ҳадди зиёде аз мусиқии мудерни русӣ илҳом гирифта буд, ба таври физоянда бумитар мешуд ва дар раъси ин ҷунбиш Далер Назар, аз маъруфтарин ситораҳои мусиқии мудерни Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ, қарор дошт.

Дар даҳаи 1980 буд, ки Далер Назар ба таври ҷиддию ҳирфаӣ ба бумисозии мусиқии мудерни тоҷикӣ пардохт. Бо як микруфун ва дастгоҳи забти савт (магнитофон) ба рустоҳои дурдасти кӯҳистонӣ сар мезад ва таронаҳои мардумиро забт мекард ва дар шаҳри Душанбе бо даромехтани нутҳои мудерн бо навоҳои маҳаллӣ оҳангҳоеро меофарид, ки рафта-рафта мусиқии мудерни тоҷикиро бакуллӣ мутаҳаввил кард.

Таронаи "Ҷонони ман" бо иҷрои гурӯҳи Шамс
Вай дар он солҳо гурӯҳеро бо номи “Ҷирай” таъсис дод, ки ҳамаи аъзои он ба шуҳрат расиданд. Ин гурӯҳ пайваста тағйири ному ҳайъат медод ва дубора хуш медурахшид. Дар авосити даҳаи 1990 гурӯҳи Далер Назар бо номи “Шамс” шинохта шуд ва Муборакшоҳи Мирзошоҳ муҳимтарин овозхон он буд. Устод ва муассиси гурӯҳ аз як гӯша фаъъолияти “Шамс”-ро назора мекард ва дигар мустақиман даргири он набуд.

Садои тонку тӯпи ҷанги дохилӣ садои тору дутору гиторро хафа кард ва гурӯҳи “Шамс” ба шаҳри Олмотии Қазоқистон паноҳ бурд ва на танҳо ба монанди дигар гурӯҳҳои муҳоҷир гумном нашуд, балки дар миёни қазоқҳое, ки забони форсӣ намефаҳмиданд ҳам маҳбуб шуд. Рестуронҳои қазоқӣ оҳангҳои ин гурӯҳро пахш мекарданд ва таронаҳои тоҷикӣ дару девори дискуҳои Қазоқистонро ба ларза дароварда буд.

Оташи ҷанг дар Тоҷикистон фурӯ нишаст ва дубора мусиқӣ ва ҳунар маҳбуб шуд. Гурӯҳи “Шамс” ҳам ба Тоҷикистон баргашт, аммо бо марги Муборакшоҳи Мирзошоҳ, овозхони аслии гурӯҳ, дар соли 2001 дигар садое аз созу ҳанҷараи “Шамс” берун намеомад.

Нобовар Чинор бо овози гарму садои камназири худ ин сукутро шикаст; овозе, ки гӯӣ пажвоки хастаи кӯҳҳо буд. Нобовар ҳам ба пайравӣ аз устоди гурӯҳи “Шамс” аз ҳамон оғоз ба ҳамомезии навоҳои маҳаллӣ ва мудерн пардохт ва бедиранг маҳбуб шуд.

Ҳунармандони гурӯҳи “Шамс”, ки дар тарвиҷи мусиқии навини тоҷикӣ саҳми басазое доштаанд, иборатанд аз Иқболшоҳи Завқибек, Зафари Азизуллоҳ, Доробшоҳи Хушвақт, Мубораки Машраб, Яъқуб Илиёев, Зариф Пӯлодов, Анваршоҳ Ғуломҳайдаров ва Баҳодур Давлатов.

Дар гузориши мусаввари ин сафҳа ба студиюи гурӯҳи ҳунарии “Шамс” меравем ва ба гуфтугӯ бо аъзои он менишинем.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.