Дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон таҷлил аз Наврӯз бо хонатаконӣ оғоз мешавад. Дар шаҳри Хуҷанд ва перомуни он ин ойин “хонабардорон” ном дорад: занони хонавода абзору лавозими хона, чун тушак (кӯрпача) ва қолиҳову зарфҳоро так-так берун меоваранд ва тамиз мекунанд ва гарду ғубори хонаро мезудоянд, то соли поку беолоише дошта бошанд. Мардҳои хонавода дарахт мекоранд ва ба танаи дарахтҳо оҳак мемоланд, ки намодест аз сарсабзию бахти сапед.
Ин ойин, ки аз дербоз дар фалоти Эрон вуҷуд дорад, бо гузор аз гирдоби ҳаводис ва фарозу нишебҳои торихи Тоҷикистон дастнахурда монда ва ба рӯзгори мо расидааст. Нурихон Ибодуллоева, аз занони солманди устони Суғд, мегӯяд, ки бо анҷоми хонатаконӣ, гузашта аз арҷгузорӣ ба ойине бостонӣ, онҳо ба муҳити зист ва манзилҳояшон расидагӣ мекунанд, то бо дур кардани гарду ғубори фасли сармо Наврӯзро бо сафо ва осоиши хотир оғоз кунанд.
Дар ҳамин рӯзҳо дар минтақаҳои мухталифи Суғд ойини дигаре ҳам анҷом мегирад, ки “арӯсбинон” ё “келинсалом” ном дорад. Дар ин маросим хешовандони тозадомод ва мардуми маҳал ба дидани навъарӯс меоянд ва навъарӯси ороста, дар ҳоле ки сари по истода ва чашм ба замин дӯхтааст, даст ба сина таъзим мекунад. Занони хонавода бо хондани ашъори вижа ба навъарӯс салом мегӯянд ва арӯс бо таъзимҳои кӯтоҳу мукаррар посухи саломашонро медиҳад. Ин маросим бар сари хони наврӯзӣ барои муъаррифии навъарӯсон ба аъзои хонадони навашон баргузор мешавад.
Дар гузориши мусаввари ин сафҳа саҳнаҳое аз ҳар ду маросими хонабардорон ва арӯсбинон дар минтақаи Хуҷандро мебинед.