Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Диҷериду, сози табиъат
Нидо Ҳабибуллоҳ

Диҷериду (didgeridoo) яке аз қадимитарин созҳои ҷаҳон аст. Ин сози бодӣ нахустин бор миёни бумиёни шимоли Устролиё (Австралия) ёфт шудааст. Диҷеридуро гоҳ “трумпети чӯбии табиъат” низ меноманд.

Баъзе бар ин боваранд, ки бумиёни Устролиё диҷеридуро аз ҳудуди чаҳор ҳазор сол пеш ба кор мебурдаанд, аммо мутолеъоти бостоншиносон нишон медиҳад, ки қидмати ин соз камтар аст. Гувоҳи бостоншиносон бар ин муддаъо сангнигораҳо ва наққошии ғорҳое дар минтақаҳои шимолии Устролиёст, ки афродеро дар ҳоли навохтани диҷериду нишон медиҳад ва қидматашонро ҳудуди 2000 сол тахмин задаанд.

Диҷеридуҳои аввалия маъмулан аз соқаи дарахтони уколиптус (эвкалипт) сохта мешуд, ки ба василаи мӯриёна сӯрох шуда буд. Бумиёни Устролиё замони зиёдеро сарфи ёфтани дарахти муносиб барои сохти диҷериду мекунанд, зеро мизони шикофи эҷодшуда дар тана ё соқаи дарахт барои сохти соз бисёр муҳим аст. Агар сӯрох хеле бузург ва ё хеле кӯчак бошад, аз кайфияти соз коста мешавад.

Бумиён пас аз ёфтани дарахти муносиб онро қитъа-қитъа мекунанд, пӯсташро мекананд ва интиҳои онро метарошанд, то омодаи навохтан шавад. Гоҳ низ диҷеридуҳоро бо нуқуши рангоранг тазйин мекунанд ва барои роҳатӣ дар ҳангоми навохтан даҳонаи онро ба мум оғушта мекунанд.

Дар гузашта маросими рақсу овозҳои ойинии бумиёни Устролиё бо навои диҷериду ҳамроҳ буд ва ин соз бахши ҷудонашуданӣ аз ин маросим маҳсуб мешуд. Албатта, навохтани ин соз танҳо ба маросими ойинӣ маҳдуд набуд ва бумиёни Устролиё барои тафреҳу саргармӣ низ диҷериду менавохтанд. Бо ин ки имрӯза ҳам занон ва ҳам мардон метавонанд диҷериду бинавозанд, дар гузашта фақат мардон ҳаққи навохтани ин созро доштанд.

Бумиёни Устролиё диҷеридуро бо тақлид аз садои ҳайвонот ё дигар садоҳои табиъат менавохтанд ва аз он ба унвони сози ҳамроҳикунанда барои овозҳо ва достонсароиҳо истифода мекарданд. Онҳо ба домони табиъат мерафтанд ва ба садоҳое монанди садои ҷонварон, пар задани парандагон, бод, тӯфон, хиш-хиши баргҳо, ҷараёни об ва ҳамин тавр садои қадамҳо рӯи замин гӯш фаро медоданд ва сипас тамомии ин садоҳоро бо диққати ҳар чи тамомтар ба василаи сози диҷериду менавохтанд. Бумиён бо шунидани ин садоҳо ба ҳамдилӣ бо табиъат мепардохтанд, ки ниҳоятан ба тақлид аз он мунҷар мешуд.

Сохтану навохтани диҷериду дар дунёи мудерн аз авохири қарни бистум дар ҷомеъаҳои ғарбӣ ривоҷ ёфт, ҳарчанд ки дар сохти ин соз аз маводду шаклҳои суннатӣ истифода намешавад. Ҷинси диҷеридуҳои ғайрисуннатӣ аз пивисӣ (термопласт – рус.), чӯбҳои сахти ғайрибумӣ, пашмшиша (оптоволокно – рус.), филиз ва суфол аст. Бо ин ки тазйини диҷериду зарурӣ ва лозим нест, бисёре аз онҳо бо рангҳои суннатӣ ва мудерн ба василаи созандагонашон ва ё дигар ҳунармандон тазйин мешаванд.

Навохтани диҷериду осон нест. Навозанда бояд шигирдҳои хосси танаффус (нафаскашӣ) ва эҷоди садо бо тағйири шакли даҳонро ёд бигирад. Муҳимтарин нукта ёдгирии шигирди “чархаи танаффус” аст. Дар ин текник навозанда бояд биомӯзад, ки чи тавр дар як замон аз тариқи бинӣ нафас бикашад ва дар ҳамон замон ҳаворо аз тариқи даҳон хориҷ кунад. Чунин системи танаффусӣ уксижен (оксиген)-и зиёде вориди бадан мекунад. Ҳамчунин ба хотири ларзишҳое, ки дар асари навохтани ин соз дар ҳуфра (сӯрох)-ҳои сурат ва ҷумҷума (косахонаи сар) эҷод мешавад, баъд аз чанд дақиқа эҳсоси оромиши амиқе ба навозанда даст медиҳад.

Аз ин ҷост, ки имрӯза дар бархе аз кишварҳо аз диҷериду дар илми пизишкӣ истифода мешавад. Дар Олмон дармонгоҳе вуҷуд дорад, ки бархе нороҳатиҳои танаффусӣ дар ҳанҷара (гулӯ) ва ҷумҷума, мисли хуррупуф (хур-хур) ё паридани оби ҳалқ дар замони хобро бо навохтани диҷериду дармон мекунад. Ин равиш натиҷабахш буда ва тарафдорони бисёре пайдо кардааст.

Ҳамчунин аз навохтани диҷериду барои таскини дардҳо истифода мешавад. Ба ин сурат, ки диҷеридуро дар наздикии узви дардноки бадан менавозанд ва муътақиданд, ки садои ин соз метавонад мавҷиб (боъис)-и таскини дард шавад.

Дар Эрон низ чанд солест, ки дӯстдорони мусиқӣ бо ин соз ошно ва ба навохтани он алоқаманд шудаанд. Бархе гурӯҳҳои суннатӣ аз ин соз ба унвони сози ҳамроҳ дар иҷроҳояшон истифода мекунанд, ки ба далели тозагӣ ва хос будани садои ин соз мавриди таваҷҷуҳи мухотабон қарор гирифтааст.

Дар гузориши мусаввари ин сафҳа Жӯбини Асгария ва Сиёмаки Муҳиббъалиён, ду тан аз навозандагони диҷериду, наҳваи ошноии худ бо ин соз ва мизони истиқбол аз он дар миёни гурӯҳҳои мусиқии Эронро шарҳ медиҳанд.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.