Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Омўзиши вижа - калиди гушоиш
Сафаралии Мирзо

Дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон кўдаконе ҳастанд, ки ба далели маълулият ё нотавониҳои гуногуни ҷисмӣ ва зеҳнӣ ба омўзиши вижа ва роҳнамоӣ барои интихоби пешаи муносиб ниёз доранд.

Дар кишварҳои пешрафта ин кўдакон эҳсоси ниёзи камтаре мекунанд, чун барояшон муассисоти омўзиш ва ҳирфаии вижае вуҷуд дорад. Аммо дар кишварҳои рў ба тавсеъа, бисёре аз кўдакони нотавон ва маълул дар миёни ҳамсолони солеҳашон омўзиш мебинанд, ки ин амр метавонад рўи рўҳия ва шахсияти маълулони навҷавон асари манфӣ бигзорад ва “нотавонӣ”-ашонро барои худи онҳо ва атрофиёнашон барҷастатар кунад.
Дар ҳоле ки маҳдудиятҳои зеҳнӣ ё ҷисмии он кўдак метавонад барои омўзиш ё анҷоми ҳирфае хос муассир набошад ва дар воқеъ, шояд ў битавонад дар он замина муваффақтар аз ҳамсолони “солим”-аш бошад. Филми ҳиндии “Ситораҳои рўи замин”, сохтаи Омир Хон, яке аз намунаҳои ин ҳолатро бахубӣ нишон медиҳад.

Ин филм достони писарбачаи бозигўш (шўх)-ест, ки пайваста аз сўи падару модару омўзгоронаш ба далели камкорӣ дар таҳсил сарзаниш мешавад. Баъдан равшан мешавад, ки ин писарбача гирифтори оризаи хонишпарешӣ (дислексия) аст, аммо дар наққошӣ ва риёзӣ аз истеъдоди хориқулъодае бархурдор аст.
 
Истеъдоди ў танҳо замоне кашф мешавад, ки муъаллим барои ў дарсҳои вижаи кўдакони хонишпареш (дислексик)-ро омўзиш медиҳад. Дар натиҷа ошкор мешавад, ки ин кўдак на танҳо нотавони зеҳнӣ нест, балки аз ҳуши фавқулъодае бархурдор аст. Ҷолиб ин ҷост, ки шумори зиёде аз шахсиятҳои торихӣ дар даврони кўдакӣ ва навҷавонӣ хонишпареш  будаанд, ба монанди Алберт Эйнштейн, Леонардо Де Винчӣ, Волт Дисней, Агата Кристӣ, Томас Эдисон ва Пабло Пикассо.
 
Ин танҳо як намуна аз аворизи зеҳнӣ ва ҷисмист, ки метавонад кўдаконро дар радифи “маълулон” қарор диҳад. Аммо омўзиши вижа метавонад ин аворизро табдил ба вақти онҳо кунад.

Дар Тоҷикистони шўравӣ ҳам мадориси давлатии вижаи кўдакони маълул ва нотавон вуҷуд дошт. Бештари онҳо афроди нобино буданд, ки пас аз фароғат аз таҳсил дар корхонаҳои тавлидии вижае кор мекарданд. Бо фурўпошии Иттиҳоди Шўравӣ ва моҷароҳои пас аз истиқлол дарҳои бештари он мадорис баста шуд. Акнун бисёре аз кўдакони маълул маҷбуранд ё канори ҳамсолони “солим”-ашон дарс бихонанд ё аз хайри таҳсили илм дар мадориси ҳамагонӣ бигзаранд. Пас аз фароғат аз таҳсил ҳам фурсати шуғли муносибе барои бисёре аз онҳо вуҷуд надорад.
 
Ҳамин ниёзи мубрам барои доштани мадориси вижаи кўдакон ва ҷавонони маълул боъис шуд, ки дар соли гузаштаи мелодӣ як созмони имдодрасони вобаста ба давлат Утриш (Австрия) дар минтақаи Восеъ дар ҷануби Тоҷикистон конун (марказ)-еро барои кўдакону ҷавонони дорои тавоноихои маҳдуд таъсис кунад. Сохтмон ва имконоти ин конун мудерн аст ва бо ниёзҳои маълулон созгор. Барои кўдакони хурдсол дар ин марказ кўдакистоне вуҷуд дорад, ки бо асбоббозиҳо ва китобу лавозими гуногуни омўзишӣ муҷаҳҳаз аст.

Ҳамарўза утубуси марказ ба хонаҳои кўдакону ҷавонон сар мезанаду онҳоро ба марказ мерасонад ва пас аз дарсу омўзиши кор онҳоро ба хонаҳояшон бармегардонад.
 
Донишомўзони ин марказ коромўз низ ҳастанд. Яъне дар канори таҳсили улум онҳо ҳирфаҳои гуногунро ҳам фаро мегиранд, ки бо таваҷҷуҳ ба навъу мизони маълулияти кўдакон интихоб мешавад. Кафшдўзӣ, гуддўзӣ, дўзандагӣ ва ошпазӣ аз ҷумлаи ҳирфаҳои умда аст, ки кўдакони маълул дар ин марказ фаро мегиранд. Ба гуфтаи масъулони конун, ҳадаф аз таълими ин пешаҳо омодасозии кўдакон барои вуруд ба зиндагии мустақил ва таъмини маъоши хонаводаҳошон аст. Муррабиён хушҳоланд, ки кўдакон ба омўзиши ин ҳирфаҳо алоқаи фаровон нишон медиҳанд, чун огоҳанд, ки аз ин роҳ метавонанд ояндаи беҳтаре барои худ бисозанд. 

Марямбӣ Орифова, раиси конун, мегўяд, ки дар оянда қарор аст, ба донишомўзони марказ компютерро ҳам омўзиш диҳанд, то андўхтаҳои онҳо бо ниёзҳои муъосир ҳамхонии бештар дошта бошад.

Дар гузориши мусаввари ин сафҳа саре мезанем ба конуни омўзиши кўдакони маълули ноҳияи Восеъи Тоҷикистон.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.