Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Боле дар Тоҷикистон
Заринаи Хушвақт

Уперо ва боле (опера ва балет) дар Тоҷикистони даҳаи 1930 мелодӣ аз анвоъи ҳунарҳои ношинохта буд. Аммо дар поёни ҳамон даҳа ва дақиқан дар соли 1939 буд, ки уперо ва боле савор бар мавҷи фарогири инқилоби фарҳангии шӯравӣ ба Тоҷикистон ҳам расид ва нахустин тамринҳои рақсандаҳои боле дар шаҳри Душанбе анҷом гирифт. Дар рӯзи якуми маи ҳамон сол нахустин намоишномаи боле бо номи “Ду гул” бо таҳияи Касян Голейзовский, ҳунарманди зодаи Маскав, дар Тоҷикистон иҷро шуд ва ин оғозе буд барои ҳунари боле дар ин пора аз Осиёи Миёна.

Уперо ва боле, ҷудо аз ин ки аз мазоҳири фарҳанги навини Тоҷикистон ба шумор меомад, абзоре барои густариши сиёсатҳои фарҳангии давлати навпои Шӯравӣ ҳам буд. Аз ин рӯ фарҳанггустарон дар Маскав ба тарвиҷи боле дар сарзаминҳои боленадидаи осиёишон таваҷҷуҳи бисёр қоил буданд ва заминаро барои парвариши ситораҳои бумии уперо ва боле фароҳам карданд. Александр Протсенко, устоди рақси боле, аз Русия ба Тоҷикистон эъзом шуд ва пас аз муддате унвони ифтихории Ҳунарманди мумтози Тоҷикистон ба ӯ таъаллуқ гирифт. Дарёфти ин унвон дар даврони шӯравӣ кори содае набуд, аммо Протсенко, ки ҳамаи намоишномаҳои оғози фаъъолияти Теотри уперо ва болеи шаҳри Душанберо таҳия карда буд, баногузир сазовори ин унвон буд.

Нахустин намоишномаҳои Теотри уперо ва болеи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти навпои Тоҷикистон, сода буд, ба монанди “Аспаки гӯжпушт” (“Конёк-горбунoк”) ва “Зебои хуфта” (“Спящая красавица”). Ва чун ҳунарпешагони ҷавони тоҷик аз ин имтиҳон комёб ба дар омаданд, Протсенко ба намоишномаҳои клоссиктар рӯй овард. Дар намоишномаҳои Протсенко ғолибан ҳунарпешаҳои тоҷик бозӣ мекарданд. Азиза Азимова, Фотима Собирова ва Лутфӣ Зоҳидова аз ҷумлаи саромадони рақси боле дар Тоҷикистон буданд. Ҷолиб ин ҷост, ки вуруди мардҳои тоҷик ба саҳнаи боле дертар иттифоқ уфтод ва дар оғоз худи Александр Протсенко буд, ки нақши мардҳоро иҷро мекард. Сипас Ғаффор Валаматзода роҳи мардони тоҷик ба саҳнаи болеро гушуд.

Дар оғози даҳаи 1960 болеи тоҷик ба ҷузъи барҷастаи ҳунари боле дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ табдил шуд. Бо пайвастани ҳунаромӯхтагони Окодемии болеи Вагановаи Сан-Петерзбург ба ҷамъи ҳунармандони Теотри уперо ва болеи Айнӣ ҳунари боле дар Тоҷикистон бакуллӣ худӣ шуд ва хуни тоҷикӣ дар шараёни боле давидан гирифт.

Дурахшонтарин ситораи ин мавҷ Малика Собирова буд, ки дар синни 18-солагӣ вориди саҳнаи бузурги боле шуд ва номовар шуд. Акнун танҳо мадрасаи мусиқии шабонарӯзии шаҳри Душанбе номи ӯро дорад ва сохтмоне дар Душанбе, ки маҳалли иқомати ӯ буда, лавҳаи ифтихореро бар пештоқи худ ҳифз кардааст. Малика Собирова на танҳо дар Тоҷикистон мояи ҳайрати бинандагон буд, балки дар Русия низ таҳсини устодони рақси болеро барангехт ва дорандаи медоли тилои нахустин мусобиқаи байнулмилалии боле дар шаҳри Маскав шуд ва дигар танҳо ба Тоҷикистон таъаллуқ надошт, балки мояи ифтихори ҳунари болеи саросари Шӯравӣ буд.

Нахустин офаридаи Малика Собирова нақши Жизел дар намоишномаи “Жизел”-и Одулф Одам (Adolphe Adam) буд, ки соли 1968 рӯи саҳнаи Теотри уперо ва болеи Айнӣ рафт. Нақши Олберт (Albert), маҳбуби Жизелро Музаффар Бурҳонов бозӣ мекард. Ин бозӣ барои Малика ва Музаффар сарнавиштсоз шуд ва дар паи он ҳар ду бо ҳам издивоҷ карданд. Музаффар Бурҳонов низ ҳамроҳ бо Малика Собирова дар Окодемии болеи Сан-Петерзбург дарс хонда буд. Малика Собирова то поёни умри кӯтоҳаш дар канори Музаффар Бурҳонов монд. Аммо то соли 1982, то синни 39-солагиаш, ки саратон ӯро аз миён рабуд, Малика Собирова маликаи саҳнаи болеи Тоҷикистон буд ва ҳеч намоишномае бидуни ҳузури хиракунандаи ӯ баргузор намешуд. Иҷрои Малика ба андозае ҷаззобу диданӣ буд, ки намоишномаҳои ӯ дар Русия ва дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ ҳам бевақфа рӯи саҳна мерафт.

Бо марги Малика Собирова дар рӯзи 27 феврие (феврал)-и 1982 бисёре пиндоштанд, ки ҳунари боле дар Тоҷикистон ба хобе гарон хоҳад рафт. Аммо дар паи ӯ ҳам ситораҳои дигаре парварда шуданд, аз ҷумла Фаррух Рӯзиматов, зодаи шаҳри Душанбе, ки акнун муқими Русия аст ва то кунун дар саҳнаҳои болеи ҷаҳонӣ медурахшад.

Пас аз даврони куҳулат ё хамудагии музмине, ки ба ҷони болеи Тоҷикистон уфтода буд ва дар паи гусасте, ки фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба бор овард, дар поиз (тирамоҳ)-и соли гузашта ҷунбише тоза Теотри Айниро дар конуни таваҷҷуҳи ҳунармандон қарор дод. Ҳамон намоишномаи “Жизел”, ки замоне Малика Собироваро рӯи саҳна меовард, ин бор дар ҳайъат ва намое тоза ба уперо ва болеи тоҷик ҷони тоза бахшид.

Дар гузориши мусаввари ин сафҳа бо муруре бар торихи болеи Тоҷикистон ба имрӯзи Теотри уперо ва болеи Айнӣ ҳам назаре меандозем.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.