Ислом – оре, арабият – на! Ин мавзеъи эрониён дар баробари ойине буд, ки савор бар аспону шутурони аъроби мусалмон саросари Эроншаҳр – аз Хузистон то Хуросонро дарнавардид.
Эрониён хеле зуд ҳисоби “ислом” ва “ҳомилони ислом”-ро аз ҳам ҷудо карданд ва бар хилофи мисриёну шомиён, ҳозир нашуданд гузаштаи дурахшони хешро фаромӯш кунанд.
Ҳисоби таклиф (вазифа)-ҳои динии худ мисли рӯза ва ҳаҷро ба солу моҳи қамарӣ нигаҳ медоштанд, аммо тақвимашон ба риволи гоҳшумории даврони Сосонӣ тақвими хуршедӣ буд.
Монанди дигар мусалмонон иди Фитру Қурбон ва мелоду баъсати расулро гиромӣ медоштанд, аммо Наврӯзро бар ҳар иди дигаре муқаддам мешумурданд.
Дар ҳамон ҳол, ки достонҳои қуръонӣ чун қиссаи Юсуфу Сулаймону Ҳуду Нӯҳу Юнусро мехонданд, аз гирдоварии ҳамосаи миллии хеш фурӯ намегузорданд.
Эрониён нахустин қавме буданд, ки Қуръонро ба забони хеш баргардонданд ва ҳатто як қарн пас аз вуруди ислом ба Эрон дар Хуросону Бухоро аркони намоз чун рукӯъу суҷуд ва қиёму қуъуд ва ташаҳҳудро ба забони форсӣ эълом мекарданд.* (Ҳатто имрӯза бештари фақеҳони эронӣ розу ниёз дар қунути намоз ба забони форсиро ҷоиз мешуморанд ва маъруф аст, ки порае мутааллеҳин (худопарастон)-и бузурги эронӣ дар қунути хеш ба ҷои дуъоҳои арабӣ ғазалиёти Ҳофизро мехонданд).**
Пас шигифт нест, ки чунин мардумоне масҷидҳои хешро ба сабки хосси худ бино кунанд; ба гунае, ки омезае аз масҷиди паёмбар дар Мадина ва оташкадаҳои зартуштӣ бошад. Масҷиди онон исломӣ буд, аммо монанди масҷидҳои Ҳиҷозу Мисру Шому Қуртуба (Cordova, Испониё) арабӣ набуд.
Эҳтимолан, нахустин масҷидҳои Эрон ҳамон оташкадаҳои даврони Сосонӣ буданд. Ин гуна оташкадаҳо ба шеваи чаҳортоқӣ сохта мешуданд. Чаҳортоқӣ шомили чаҳор сутун дар чаҳор гӯшаи як қоъида (пойбаст)-и мураббаъ аст, ки ба василаи чаҳор қавс ба якдигар мутассил мешаванд ва бар фарозашон як гунбад ҷой мегирад. Аз он ҷо ки чунин биное аз чаҳор тараф боз аст, чаҳортоқӣ хонда мешавад.
Табдили оташкадаҳои зартуштӣ ба масҷид ба замони тӯлонӣ ва ҳазинаи зиёд ниёз надошт ва намоде аз ғалаба ва нуфузи ислом дар сарзаминҳои фатҳшуда ба шумор мерафт. Аммо ин улгу (намуна) наметавонист барои ҳамеша мавриди истифода қарор гирад ва маълум буд, ки ислом низ ҳамчун соири адён маъбадҳои хосси худро падид меоварад.
Дар садаҳои нахустини исломӣ камобеш ҳамаи масҷидҳоро ба шакли масҷиди паёмбар дар Мадина месохтанд. Ин масҷид иборат буд аз як шабистони сақфдори мустатилшакл (ростгӯша) бо сутунҳое аз танаи дарахтони хурмо, ки аз се тараф маҳсур буд ва аз як тараф ба саҳни васеъи масҷид чеҳра мегушуд.
То муддатҳо масҷидҳои эронӣ ё тибқи ҳамин улгу (намуна)-и шабистонӣ сохта мешуданд ё ҳамон чаҳортоқиҳои зартуштӣ буданд, ки бо тағйироти ҷузъӣ табдил ба масҷид мешуданд.
Аммо талфиқ (омехтагӣ)-и ин ду сабк бо якдигар сабки ҷадидеро дар меъмории эронӣ падид овард, ки на масҷиди паёмбар дар Мадина буд ва на чаҳортоқии сосонӣ. Дар айни ҳал аносире аз ҳар дуро дар худ гирд оварда буд. Бад-ин тартиб, шабистони мустатилшакл бар ҷои худ боқӣ монд, аммо бар фарози шабистон ва дар муҳимтарин бахши он, ки ҷойгоҳи меҳробу минбар буд, гунбад қарор гирифт. Масҷиди ҷомеъи Атиқи Исфаҳон, ки сохтори кунуниаш мутаъаллиқ ба даврони Салҷуқӣ (садаи панҷум ва шашуми ҳиҷрии қамарӣ) аст, чунин улгуеро ба равшанӣ боз метобонад.
Ин улгу (намуна) батадриҷ комил ва ба пайдоии масҷидҳои чаҳорайвонӣ мунҷар шуд. Дар масоҷиди чаҳорайвонӣ масҷид ба даври як саҳни чаҳоргӯш шакл мегирад. Ҳар кадом аз шабистонҳо ё равоқҳое, ки дар чаҳорсӯи ин саҳн қарор гирифтаанд, дорои як айвон ҳастанд. Айвони шабистони ҷанубӣ, ки рӯ ба қибла аст, аҳамияти бештаре дорад ва маъмулан бар фарози он ду манора ба чашм мехурад.
Комилтарин намуна аз масҷидҳои чаҳорайвонии Эрон масҷиди ҷомеъи Аббосӣ ё масҷиди Шоҳи Исфаҳон аст, ки дар даврони салтанати шоҳ Аббоси Сафавӣ дар майдони Нақши Ҷаҳон сохта шуд ва дар замонҳои баъд дар масҷидҳои дигар мавриди иқтибос қарор гирифт.
Масҷидҳои эронӣ аҷзоъ ва унсурҳои дигаре ҳам доранд ва албатта, ба рағми шабоҳатҳои фаровон, баста ба ин ки куҷо, кай ва дар чи шароите сохта шуда бошанд, танаввуъи зиёде ба намоиш мегузоранд. Бо вуҷуди ин, чунин менамояд, ки гунбад, манора, меҳроб, айвон, саҳн ва шабистони сутундор унсурҳои муштарак дар бештари масҷидҳои эронӣ ҳастанд.*** (Инро ҳам набояд аз ёд бурд, ки масҷидҳои Эрон то даврони муғул зоҳире сода доштанд ва ба ранги масолеҳи худ чун хишт, гач, ва оҷур (хишти пухта) буданд, аммо аз давраи темурӣ ба шакли физояндае рӯ ба таҷаммул рафтанд ва башиддат рангин шуданд. Масҷидҳои даврони Сафавия, хусусан ду масҷиди Шоҳ ва Шайх Лутфуллоҳ, нуқтаи авҷи ин раванд ҳастанд.
Вуҷуди унсурҳое чун гунбад, айвон, манора ва ғайра, агарчи далоили коркардӣ, сохторӣ ва зебоишинохтӣ дорад, аммо холӣ аз вуҷӯҳи намодин ва бархе таъбирҳо ва таъвилҳо нест. Масалан, ҳамвора ин пурсиш вуҷуд дорад, ки чаро вақте як манора барои гуфтани азон кифоят мекунад, масоҷиди эронӣ аз як замон ба баъд дорои ду манораи мутақорин (ҳамрадиф) дар атрофи айвон ҳастанд.
Дар гузориши мусаввари ин сафҳа Сайид Муҳаммади Биҳиштӣ, узви ҳайъати илмии Донишкадаи меъморӣ ва шаҳрсозии Донишгоҳи шаҳид Биҳиштӣ ва раиси Донишномаи электруники меъморӣ ва шаҳрсозии Эрон, дар бораи масҷиди эронӣ ва вуҷӯҳи намодини он тавзеҳ медиҳад.
Масҷидҳое, ки тасвири онҳо дар гузориш истифода шуда, иборат аст аз Ардакон (масҷиди нахустин, масҷиди Ҳоҷ Муҳаммадҳусейн), Исфаҳон (масҷиди ҷомеъи Атиқ, масҷиди ҷомеъи Аббосӣ (Шоҳ), масҷиди Шайх Лутфуллоҳ, масҷид ва мадрасаи Модари Шоҳ, масҷиди Алӣ), Табрез (масҷиди Қизиллӣ), Завора (масҷиди Поминор), Сабзавор (масҷиди ҷомеъ), Шероз (масҷиди Насирулмулк), Шуштар (масҷиди ҷомеъ), кошон (масҷид ва мадрасаи Оқобузург), Кирмон (масҷиди ҷомеъ, масҷиди Ганҷъалихон), Калоти Нодирӣ (масҷиди Кабудгунбад), Майбуд масҷиди Фирӯзобод), Натанз (масҷиди ҷомеъ), Варомин (масҷиди ҷомеъ), Язд (масҷиди ҷомеъи Кабир).
Пайнавишт:
*Шпулер, Бертулд. Торихи Эрон дар қуруни нахустини исломӣ, тарҷумаи Ҷаводи Афлотунӣ, ширкати Интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон, 1373, ҷилди 1, с. 442.
**Борҳо нақл шудааст, ки фақеҳи муъосир Оқомирзо Ҷавод Маликии Табрезӣ дар қунути намоз ин байт аз Ҳофизро замзама мекардааст: З-он пештар, ки олами фонӣ шавад хароб, Моро зи ҷоми бодаи гулгун хароб кун.
***Барои огоҳии бештар дар бораи улгуи масҷиди эронӣ нигоҳ кунед ба Руберт Ҳилленбранд, “Меъмории исломӣ”, тарҷумаи Боқир Оятуллоҳзодаи Шерозӣ, интишороти “Равзана”, Теҳрон, 1383 ва низ Ғуломҳусейни Меъмориён, “Меъмории эронӣ”, тақрири устод Муҳаммадкарими Пирниё, интишороти “Сурӯши дониш”, Теҳрон, 1378.