Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Хидмати иҷборӣ
Гуразми Тоҷикфар

Ин матлаб бори нахуст рӯзи 11.02.2008 мунташир шуда буд

Бар хилофи дигар кишварҳои Осиёи Миёна, Тоҷикистон артиши худро бар пояи воҳидҳои низомии бозмонда аз Иттиҳоди Шӯравӣ бино ниҳод. Он воҳидҳо ба таври худкор таҳти фармондеҳии лашкари мутуризеи дусаду якуми Русия қарор гирифтанд.

Ҳузури нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар хоки кишвар ва оғози ҷанги дохилӣ дар пайи фурӯпошии Шӯравӣ боъис шуд, ки Тоҷикистон артиши миллии худро расман ҳудуди се сол пас аз аз касби истиқлол дар моҳи апрели соли 1994 созмон диҳад. Акнун нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мураккаб аз нерӯҳои пиёданизом, нерӯҳои ҳавоӣ, падофанди ҳавоӣ (дифоъи зиддиҳавоӣ), Горди Миллии раёсати ҷумҳурӣ ва нерӯҳои амниятии дохиливу марзӣ аст.

Нобасомониҳои дохилӣ дар даҳаи 1990 то ҳадде боъиси ҳарҷу марҷ дар артиши миллӣ низ шуда буд, ба гунае, ки ҷалби ҷавонони воҷиди шароити хидмат ба артиш кори саҳле набуд ва шумори зиёде аз сарбозон ба далели заъфи интизом ва шароити сахти артиш, суфуфи онро пеш аз мавъид тарк мекарданд.

Бо ин ки гуфта мешавад, шароити хидмат дар артиши Тоҷикистон нисбатан беҳтар шудааст, ҳамчунон шуморе аз ҷавонони воҷиди шароити сарбозӣ дар ҷараёни гирифтугирҳои вазорати дифоъ боздошт ва ба артиш эъзом мешаванд.

Бежан Расулов, сокини 21-солаи устони Суғди Тоҷикистон, беш аз нуҳ моҳ аст, ки дар суфуфи артиши миллӣ дар шаҳри Душанбе хидмати низом-вазифа (сарбозӣ) анҷом медиҳад ва то поёни муддати хидматаш як солу се моҳи дигар боқӣ аст. Бежан мегӯяд, пас аз поёни хидмат дубора барои таъмини маъош ба шаҳри Маскав хоҳад рафт.

Бежан аз ҷумлаи сарбозони “шикоршуда” аст. Вазорати дифоъи Тоҷикистон гоҳ амалиёти гирифтугири ҷавонони воҷиди шароити хидмати низом-вазифаро анҷом медиҳад. Ҷавононе, ки бино ба далоиле аз хидмати сарбозӣ сарпечӣ мекунанд, тавассути маъмурони вазорати дифоъ боздошт ва ба унвони сарбоз ба воҳидҳои низомии артиш дар нуқоти мухталифи кишвар эъзом мешаванд.

Яке аз далоили сарпечии ҷавонон аз хидмати низом-вазифа шароити тоқатфарсои зиндагӣ дар сарбозхонаҳост. Аммо Бежан мегӯяд, достонҳое, ки чанд сол пеш дар бораи артиш шунида буд, тарсангезтар аз воқеъиятҳои имрӯзи артиш аст: набудани либос ва ғизои муносиб, сарбозхонаҳои орӣ аз шароити ибтидоӣ барои иқомат, озор ва ҳатто шиканҷа тавассути афсарон аз роиҷтарин достонҳое буд, ки аз сарбозхонаҳо ба хонаҳои мардум роҳ меёфт.

Аммо акнун ба гуфтаи ӯ шароит бамаротиб беҳтар аст, бо ин ки ҳанӯз ҳам бисёре аз сарбозон аз набуди либоси гарм ва шароити муносиб барои иқомат дар сардтарин зимистони чанд даҳаи ахир дар кишвар гилоя мекунанд.

Аммо Бахтиёр як ҷавони 20-сола аст, ки бо вуҷуди ду мавриди фарохони артиш, аз хидмати низом-вазифа шона холӣ кардааст ва агар аз ҳамон аввал ба даъвати артиш тан медод, то кунун фориғ шуда буд.

Ӯ мегӯяд, далели сарпечиаш аз хидмати сарбозӣ шароити хонаводагиаш аст. Ӯ, ки падарашро дар ҷанги дохилӣ аз даст додааст, танҳо ноновари хонаводаи панҷнафара аст ва акнун талош мекунад ба ҷамъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бипайвандад.

Хонаводаҳо низ хеле роғиб нестанд фарзандони худро ба артиш гусел кунанд. Хабарҳои нохуши кушта шудани чаҳор сарбоз дар шарқи кишвар ва худсӯзии як сарбози дигар дар ҷануб, раъша бар андоми падару модарони сарбозони тозакор меафканад.

Бо ин ки гуфта мешавад авзоъ дар артиш беҳтар аз давраи ҷанги дохилист, аммо шароити номуносиби беҳдоштӣ, камбуди хӯрок ва пӯшок ва мавориди озору азияти сарбозон тавассути бархе аз афсарон монеъ аз илҳоқи довталабонаи бисёре аз ҷавонон ба суфуфи артиш мешавад.

Аммо вазорати дифоъи Тоҷикистон вазъият дар сарбозхонаҳоро барои хидмати низом-вазифа мусоъид медонад ва мегӯяд, ки тайи чаҳор соли ахир теъдоди ҷавононе, ки довталабона ба суфуфи артиш пайвастаанд, афзоиш ёфтааст.

Дар гузориши мусавваре, ки Пайрави Боймуҳаммад таҳия карда, ҳарфҳои Бежану Бахтиёрро дар ин замина мешунавед.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.