Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Ҷаҳони шигарфи Ҳидоят
Баҳори Навоӣ

Агарчи камтар аз 49 сол умр кард ва агарчи имрӯз шаст сол аз маргаш мегузарад, аммо ҳанӯз он қадр баҳсу гуфтугӯ перомуни андешаҳо, навиштаҳо ва зиндагии хусусӣ ва ҳатто маргаш фаровон аст, ки гӯӣ Содиқ Ҳидоят ҳанӯз дар байни равшанфикрон ва дар зиндагии иҷтимоъию ҳунарии эрониён ҳузуре фаъъол дорад, аммо ба шакли як устура.

Нависандагон, пажӯҳишгарон ва мунтақидон дар Эрон ва ҷаҳон ҳамчунон дар бораи ӯ менависанд. Яке чандин сафҳа дар мавриди иртиботи сибил (мӯйлаб)-и “болимагасӣ”-аш бо сибили Одулф Ҳитлери нозӣ (натсист) менависад, ки бояд дар афкори “ориёмеҳвар” ва “сомиситезона”-и ӯ таҷаллӣ ёфта бошад ва онро далели бовари ӯ ба бартарии нажод ориёӣ мехонад. Дигарӣ сафари ӯ ба Тошканд ба даъвати нависандагони шӯравиро далели наздикии ӯ ба афкори сусиёлистии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҳизби Тӯда тафсир мекунад. Он яке иртиботи кулоҳи паҳлавиро, ки Ҳидоят бояд дар замони Ризошоҳ иҷборан бар сар мегузошт, бо ноумедии ӯ аз зиндагии фардӣ ва иҷтимоъӣ тавсиф мекунад. Наздикони Ҳидоят сонсур (сензура)-и ризошоҳиро омили худкушии ӯ медонанд ва мегӯянд, ӯ ширинии зиндагиро дар навиштан ва интишори афкораш бидуни сонсур медид, вале нахустин мамнӯъ-ул-қалами эронӣ аст. Ва боз фарди дигире “серӣ аз зиндагӣ”-и Ҳидоятро идомаи афкори орифонае медонад, ки зиндагии заминиро беаҳамият мешуморад ва чашм ба растагории баъд аз марг дӯхтааст ва гоҳ “Буфи кӯр” – муҳимтарин ва маъруфтарин асари Ҳидоят ба ойинае “ҷодуӣ” ташбеҳ мешавад, ки ҳар кас худро дар он мебинад.

Ин сардаргумӣ ва чандбуъдӣ (чандпаҳлӯӣ) будани бардошт аз зиндагӣ, марг ва осори Содиқ Ҳидоят нишон аз устура шудани марде дар торихи муъосири Эрон дорад, ки рӯҳу ҷисм, ишқу алоқа, тарҷумаву навишта ва зиндагию маргаш мутафовит аз ҳамъасронаш буд. Зиндагии Ҳидоят бо даврае муталотим аз торихи Эрон ва ҷаҳон ҳамзамон буд: кӯдакиаш бо ҳаводиси инқилоби машрута мусодиф буд; даҳ ё ёздаҳ сол дошт, ки Ҷанги Ҷаҳонии Якум шурӯъ шуд; чаҳордаҳсола буд, ки Инқилоби Уктубри Русия пирӯз шуд ва 36-сола буд, ки Ҷанги Ҷаҳонии Дувум оғоз шуд. Кудето (табаддулот)-и 1299-и ҳиҷрии хуршедӣ (1921-и мелодӣ)-ро шоҳид буд. Ҳам қудрат гирифтани Ризошоҳро дид ва ҳам суқути ӯро. Авҷи ҷунбишҳои чап дар Эронро мушоҳида кард ва боло гирифтани ҷунбиши миллӣ шудани нафтро шоҳид буд. Аммо ду сол пеш аз он ки кудетои 28 амурдоди 1332 (19.08.1953) Мусаддиқро сарнагун кунад, ӯ бар алайҳи зиндагии худ кудето кард… Каме пеш аз он гуфта буд: “Ҳама аз марг метарсанд, ман аз зиндагии самиҷ (нохуш)-и худам.”

Ҳаҷми осори баҷойгузошта аз Ҳидоят дар умри кӯтоҳаш ва навъи навиштаҳои ӯ ҳикоят аз ишқе поку тавонманд ба офариниши ҳунарӣ ва “инқилобе нав” дар адаби Эрон дорад. Ҳидоят барои корҳои худ аз навиштани шеър, ки дар он замонҳо роиҷ буд, дурӣ гузид. Ӯ достоннависӣ ва намоишноманависиро баргузид, ки нишондиҳандаи таъсир аз адабиёти ғарбист, ки Ҳидоят бахубӣ бо он ошно буд ва даҳҳо асари муҳимми он замонро ба форсӣ баргардонда буд. Ӯ ҳамчунин наққошӣ мекард, ки шояд аз Порис ва аз фарҳанги Фаронса ёд гирифта буд. Ҳидоят ҳеч гоҳ мустақиман вориди сиёсат нашуд, аммо масоили иҷтимоъиро аз оғоз зери заррабини худ гузорда буд. Ӯ ҳанӯз бисёр ҷавон буд, ки бо навиштани китоби “Инсон ва ҳайвон” ва “Фавоиди гиёҳхорӣ” нишон дод, ба дунболи тағйири робитаи инсон бо дигар мавҷудоти кураи Замин аст.

Дар конуни нақди Ҳидоят ривояти суннатӣ қарор дошт, ки дар он солҳо перомуни ҷомеъаи Эрон танида шуда буд. Агар мо имрӯз рубарӯии Содиқ Ҳидоят бо маргро шуҷоъона, ё он тавр ки Эҳсони Нароқӣ гуфта, ошиқона биномем, бешак бархурди ӯ бо қонунҳои даступогири суннатӣ бемуҳобо ва бебокона буд. Содиқ Ҳидоят, агарчи рӯҳи таҷаддудро дарёфта ва суннатҳоро мешиканад, аммо ҳамвора дар марзе борик байни ин ду зиндагӣ мекунад. Хоҳони дигаргунист ва ба равшанфикрии навъи ғарбӣ алоқаманд аст. Достон менависад ва дар он чи менависад, услубу қонунҳои хос ва сахтеро ба кор мебарад; забонаш бо забони мардум наздик аст ва навиштаҳояш пур аст аз истилоҳу зарбулмасал. Ба қаҳвахона намеравад, то ба наққолҳо гӯш диҳад; мисли порисиҳо кофенишин мешавад ва бо ёрону ҳамнишинонаш баҳсҳои равшанфикрона ва навандешона дорад.

Пажӯҳишҳо дар бораи ӯ дар муҳити донишгоҳҳо ва дар миёни нависандагон ва аҳли андеша ҳамчунон идома дорад. Дар Эрон ба чашми яке аз ду-се бунёдгари нависандаги навини Эрон ва дар хориҷ ба унвони намояндаи адабиёти достонии навин ба ӯ менигаранд. Барои ҷавонони эронӣ шигифтиҳои ҷаҳони ӯ ҳамчунон ҷаззоб аст.

Соми Калонтарӣ ва Муҳсини Шаҳрноздор, ки чанд насле аз ӯ ҷавонтаранд, ривоятҳои гуногун дар бораи зиндагӣ ва марги ӯро дар қолиби филме яксоъата ба тасвир кашидаанд. Унвони филмашон “Аз хонаи шумораи 37” аст; шумораи дари хонае дар Порис, ки Ҳидоят дар он ба зиндагии худ хотима дод ва аз он ҷо номаҳо ва кортпустол (откритка)-ҳояшро барои хонавода ва дӯстонаш мефиристод. Филми “Аз хонаи шумораи 37” ҷунг (омеза)-ест тоза аз назароти гуногун дар бораи ин суолбарангезтарин нависанда ва равшанфикри муъосири Эрон. Меҳвари достонгӯии ин ривояти тасвирӣ бахше аз дараи амиқеро, ки байни насли Ҳидоят ва насли имрӯзи равшанфикрони эронист, пур мекунад ва бо гуфтаҳое аз ононе, ки бо Ҳидоят ҳамнишин буданд ва ё ба таҳқиқу мутолеъа дар зиндагӣ ва осори Ҳидоят пардохтаанд, ғанои бештаре меёбад; афроде чун Ҷаҳонгири Ҳидоят, Ҳумоюни Котузиён, Меҳрангези Давлатшоҳӣ, Носири Покдоман, Эҳсони Нароқӣ, Муҳаммади Санъатӣ, Ромини Ҷаҳонбаглу ва Кристуф Болоӣ. Дар ин филми аз ҳамаи имконоти мавҷуд баҳра гирифта шуда, то ба қавли коргардононаш, “он чи дар зиндагии ӯ ҳузур дошта, аз хок берун оварда ва ба тасвир гузошта шавад”.

“Аз хонаи шумораи 37” нигоҳест ба зиндагии шахсияте ҷанҷолӣ, ки худ намояндаи наслест, ки нерӯманду устувору умедвор по ба арсаи тағйир мегузорад, аммо бо гузашти замон дармеёбад, ки “сарнавишт пурзӯртар аз ӯст”. Ин филм, ки сохти он нуҳ сол тӯл кашида, исфандмоҳи гузашта барои нахустин бор дар Хонаи Ҳунармандони Теҳрон намоиш дода шуд.

Ҳафтаи гузашта дар Ландан барои бузургдошти Ҳидоят ба ёрии Бунёди Мероси Эрон (Iran Heritage Foundation) маросиме барпо шуд, ки дар он ин филм низ ба намоиш даромад. Дар ин маросим Ҳумоюни Котузиён, устоди Донишгоҳи Оксфурд (Oxford) ба шарҳи зиндагӣ ва осори Ҳидоят бар асоси тозатарин асари худ “Содиқ Ҳидоят: осор ва ҷаҳони шигарфи ӯ” (Sadeq Hedayat: His Work and his Wondrous World) ба суханронӣ пардохт.

Ривояти тасвирии ин сафҳа бар пояи гуфтаҳои коргардонони он ва тиккаҳое аз суҳбатҳои мусоҳибашавандагони филм шакл гирифтааст.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.