Яке аз муҳимтарин асбоби ифтихори Иттиҳоди Шӯравӣ сомона (систем)-и омӯзишу парвариши он буд: ройгон, фарогир ва бокайфият.
Дар омори расмӣ омада буд, ки сад дарсади ҷамъияти импротурии сурх босаводанд. Шояд ҳам лофи газоф мезаданд. Аммо агар саводро фанни хондану навиштан фарз кунем, тайи солҳои зиндагиам дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳатто як фарди бесаводро надида будам. Модарбузургам, ки дар даҳаи 1930 ба мадраса рафта буд, хатти сириллик балад набуд, аммо лотинро мехонд. Чун дар даврони ӯ расмулхатти расмии Тоҷикистон барои даҳ сол лотин буд. Пас модарбузурги ман ҳам бесавод набуд.
Акнун додаҳои расмии Тоҷикистон ҳокӣ аз он аст, ки мизони савод дар ин кишвар ним дарсад коҳиш ёфтааст. Аммо ин муҳосиба дар соли 2000 сурат гирифта ва илзоман бо воқеъиятҳои имрӯз намехонад. Тайи ошуфтагиҳои сиёсию иҷтимоъии пасошӯравӣ шумори зиёде аз омӯзгорону устодон аз кори тадрис дар Тоҷикистон дасту дил шустанд ва ба корҳои пурдаромадтаре рӯй оварданд. Иддае ҳам кишварро тарк карданд ва андӯхтаҳои худро дар сомоне дигар ба кор бастанд. Ин дар ҳолест, ки мизони зоду валад дар Тоҷикистон ҳамчунон болост ва ҳамасола ниёзи бештаре ба омӯзгорон ва мадорис эҳсос мешавад. Дар натиҷа дар мавориде метавон дарёфт, ки мизони саводи падару модарон бартару болотар аз саводи фарзандонашон аст.
Далели умдаи камбуди омӯзгорон дар мадрасаҳои Тоҷикистон дасмузди андакест, ки ба муъаллимон пардохт мешавад. Миёнгини ин даромад ҳудуди 45 дулор дар моҳ аст, ки кафофи зиндагии омӯзгоронро намедиҳад. Афроде ҳам ки машаққати омӯзгориро пазируфтаанд, дар канори кори тадрис шуғлҳои озоди фаръӣ ҳам доранд, ки бегумон рӯи кайфияти тадрис асар мегузорад.
Ба гуфтаи Ҷамолиддин Амиров, мудири яке аз бахшҳои вазорати маъориф (омӯзишу парвариш)-и Тоҷикистон, таҳсир дар мадрасаҳои мутавассити ин кишвар 11 сол ба дарозо мекашад, аммо қарор аст аз соли 2014 ба баъд давраи таҳсили ибтидоӣ ва мутавассит 12 солро дарбар бигирад. Вай мегӯяд, ахиран дар тоҷикистон мадрасаҳои мудерне гушоиш ёфтаанд, ки бо роёнаҳо ва тахтасиёҳҳои электруник муҷаҳҳазанд ва шароити таҳсилу тадрис дар мадориси ғарбиро доранд.
Аммо Зоҳир Самиев, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Душанбе, мегӯяд, бо ин ки мадрасаҳои ин кишвар муҷаҳҳазтар аз мадориси даврони шӯравианд ва аз фанновариҳои навини тадрис бархурдор, сатҳи саводу дониши насли ҷавон бисёр поинтар аз пеш аст. Вай як шогирди мумтози мадрасаи имрӯзии Тоҷикистонро ҳамсанги донишомӯзи шӯравие медонад, ки мизони саводаш мутавассит будааст.
Бархе аз ҷомеъашиносон далели уфти мизони саводи донишомӯзонро набуди ангезаи кофӣ барои андӯхтани дониш медонанд. Ба бовари онҳо, авомиле дигар ба монанди сарвату дороӣ ва ҷойгоҳи иҷтимоъии устувор барои ояндаи навҷавонон сарнавиштсозтар ҷилва мекунад. Аз ин рӯ барои онҳо фаро гирифтани шеваву шигирдҳои сарватандӯзӣ ҷаззобтар аз донишандӯзӣ ба назар мерасад. Бисёре аз донишомӯзони мароҳили поёнии мадрасаҳои мутавассит тарҷеҳ медиҳанд бештари соъоти худро дар бозор сипарӣ кунанд, то дар клоси дарс.
Аз сӯи дигар, дастмузди поини омӯзгорон, гузашта аз ин ки ба худии худ бар вазъияти омӯзишу парвариш таъсири сӯъ гузошта, омилҳои дигари уфти мизони саводи донишомӯзонро низ падид овардааст, ки фасоди молӣ аз муҳимтарини онҳост. Бисёре аз донишомӯзон медонанд, ки бо пардохти маблағе мушаххас эҳтимолан метавонанд нумре (баҳо)-и дилхоҳашонро аз муъаллим биситонанд.
Падидаи дигаре, ки тайи солҳои ахир мушоҳида мешавад, дур мондани духтарони навҷавон аз омӯзишу парвариш аст. Дар замони шӯравӣ таҳсил иҷборӣ буд ва мумонеъати падару модар аз рафтани фарзандашон ба мадраса метавонист ҳатто мудохилаи нерӯҳои амниятию интизомиро дар пай дошта бошад. Акнун ҳам таҳсил гӯё иҷборист, аммо шумори қобили таваҷҷуҳе аз духтарон ё аслан пой ба мадраса нагузоштаанд ва ё пас аз фаро гирифтани хондану навиштан мадрасаро тарк кардаанд, то ба заношӯӣ бо марди мавриди назари падару модарашон омода шаванд. Бо густариши нуфузи шохаҳои вижае аз ислом, ки ғолибан аз кишварҳое чун Арабистони Саъудӣ ва Покистон ба Тоҷикистон рахна кардааст, ин падида ҳар чи пуррангтар мешавад.
Дар даврони шӯравӣ дари донишгоҳҳои Маскав барои риштаҳои тахассусӣ ва тарбияти кодрҳои ҳизбӣ ва мудирияти сиёсӣ боз буд. Имрӯза ҳам Русия бахше аз кодрҳои ҳукуматии Тоҷикистонро омӯзиш медиҳад.
Донистани забони русӣ ва омӯзиш дар Русия дигар он ҷаззобияти пешинро надорад ва хонаводаҳое, ки моил ба пешрафти фарзандонашон дар шароити кунунӣ ҳастанд ва аз тавоноии молӣ ҳам бархурдоранд, фарзандонашонро ба мадрасаҳо ва донишгоҳҳои хориҷӣ, ба вежа дар Омрико ва Урупо, мефиристанд. Нафси ин мавзӯъ, ки фарзандони тавонмандон ва раҳбарони Тоҷикистон барои таҳсил ба кишварҳои хориҷ фиристода мешаванд, ҳокӣ аз беэътимодӣ ба тавоноӣ ва имрӯзӣ будани сомонаи омӯзишу парвариши Тоҷикистон аст.
Рӯзи аввали септомбр мадрасаҳо дар саросари Тоҷикистон бо ба садо даровардани занги мадраса дарҳои худро ба рӯи садҳо ҳазор донишомӯзи хурдсол боз карданд, ки бо орзуҳои бузург барои нахустин бор дар клосҳои дарси худ ҳозир шуданд. Сумайя, қаҳрамони гузориши мусаввари ин сафҳа, яке аз онҳост. Ин гузоришро Парвиз Аминов дар Душанбе таҳия кардааст.