Озмуни “Маликаи хубон”, яъне мусобиқоти зебоӣ миёни духтарони муҷаррад дар Тоҷикистон, ки нахустини он беш аз 30 сол пеш дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Пас аз вақфаи чандинсола ин навъ мусобиқот дубора марсум шудааст.
Мусобиқоти "духтари шоиста" дар Иттиҳоди Шўравӣ аз унсурҳои таҳоҷуми фарҳанги Ғарб маҳсуб мешуд ва танҳо дар авохири давраи бозсозӣ буд, ки чунин мусобиқот дар ҷумҳуриҳои шўравӣ роиҷ шуд; аз ҷумла дар Тоҷикистон. Ҷолиб ин ҷост, ки ҳамон мақомоте, ки дар замони Шўравӣ мусобиқаи зебоиро нишони инҳитот (костагӣ)-и фарҳанги Ғарб медонистанд, дар соли 1989 нахустозмуни хубони Тоҷикистонро дар канори ҳунармандон ва ҳунаршиносон доварӣ карданд. Меъёрҳои он мусобиқа аз мусобиқоти мушобеҳ дар Ғарб мутафовут буд ва бештар ба бардошти шарқӣ аз зебоии зан муттакӣ буд ва афзун бар зоҳири зебои духтарон, ҳунари хонадории ононро ҳам месанҷид. Ситора Назарова, барандаи нахустин мусобиқаи зебоии Тоҷикистон, акнун аз ситораҳои поп ва мудели саршиноси Қазоқистон аст.
Мусобиқаи "духтари шоиста" ҳатто дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистон ҳам идома дошт. Аммо сарнавишти ғамангези барандаи он ки аз сўи афроди мусаллаҳ озор дид ва маҷбур ба тарки кишвар шуд, ин мусобиқотро барои чандин сол таътил кард.
Ду сол пеш ширкати саргармиҳои «Пияр» тасмим ба эҳёи мусобиқоти зебоӣ гирифт, аммо ин бор бо мавозин (меъёрҳо)-и фарангӣ: духтароне, ки дар озмуни маликаи хубон ширкат мекунанд, бояд муҷаррад бошанд, қаддашон болотар аз 170 сонтиметр бошад ва таносуби андомашон 90 дар 60 дар 90 бошад. Ҳамчунин аз зеботарин духтари Тоҷикистон интизор меравад, ки бар бештар аз як забон тасаллут дошта бошад ва аз ҳунари овозхонӣ ё рақсандагӣ ҳам бархурдор бошад. Ҳайъати доварони мусобиқа акнун мураккаб аз наққошону хабарнигорон ва тарроҳони муд аст.
Эҳёи ин мусобиқот, ки ин бор бо номи “Дўшизаи Ориёно” баргузор шуд, бо мухолифатҳои ошкору пинҳони бархе аз ақшори мардум сурат гирифт. Дар мавъиза (суханронӣ)-ҳои шуморе аз рўҳониён ширкаткунандагони ин мусобиқот ба “беҳаёӣ” мутаҳам шуданд ва тоблуи таблиғотии ин мусобиқа дар бархе манотиқ тахриб шуд. Зери матолиби интернетии марбут ба ин мусобиқа ҳам изҳори назарҳои тунду занандае дар мавриди довталабони ширкат дар ин мусобиқа мунташир шуд.
Аммо мусобиқаи “Дўшизаи Oриёно” ин бор ҳам дар поёни соли милодии гузашта баргузор шуд ва аз миёни 20 духтари шоистаи манотиқи мухталифи Тоҷикистон Тўтинисо Алоева, як донишҷўи 21-сола, баранда шуд ва ҷоизаи мусофират ба Порисро бурд.
Созмондиҳандагони мусобиқаи духтари шоистаи Тоҷикистон қасд доранд ҳамасола ин мусобиқаро баргузор кунанд.
Дар гузориши муссавари ин сафҳа бархе аз ширкаткунандагони мусобиқаи ахир ва рўзноманигорону нозирон изҳори назар кардаанд.
Ин матлаб бори нахуст рўзи 03.02.2010 мунташир шуда буд