Чеҳраи қадимии шаҳри Душанбе ва намои меъмории русии сохтмонҳо ва осфолти куҳнаи хиёбонҳо тасвире аз шаҳре матруку ҷангзада бароям тадоъӣ кард. Аммо ҳамин хиёбонҳои базоҳир мурда оростаанд ба дарахтҳои сар ба фалак кашида, ки гўё ба нишонаи эҳтиром ба меҳмону хушомадгўӣ аз ҷой бархоста ва сари таъзим фуруд овардаанд.
Ин хиёбонҳо ба ҳиммати руфтгарони шаҳрдорӣ (ки ҳамагӣ зан ҳастанд) бистаре фароҳам кардаанд барои тараддуди мардуми дилзинда, шод ва пур аз ҷунбуҷўшу ҳаёҳў, ки гўё ҳеч ғами дунё тавони дарҳам бурдани чеҳраи онҳоро надорад.
Ба назар мерасад, ки тоҷикҳо бештар ба ҷои ҳасрат барои чизҳое, ки надоранд, лаззат аз чизҳоеро, ки доранд, сарлавҳаи зиндагии худ кардаанд. Бар хилофи бархе кишварҳои дигар, ки дар ҳар маҳфилу маҷлис суҳбат аз сиёсату баррасии мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ ва, ба таври куллӣ, надоштаҳои бисёр аст, маҳофили тоҷикҳо бо гапҳои дўстона ва ёди даврони хуши гузашта ва шукри неъмати ночиз ва, ба таври куллӣ, доштаҳо сипарӣ мешавад. Гардишу пиёдаравӣ дар бозорҳои Душанбе бисёр лаззатбахш аст.
Дар хиёбонҳо низ пиёдаравӣ ривоҷ дорад, вале аз тамошои витрини мағозаҳо, ки фаъъолияти мавриди алоқаи ман аст, хабаре нест. Ба нудрат метавон мағозае ёфт, ки витрин дошта бошад. Танҳо аз рўи тоблу боистӣ ташхис дод, ки ин мағоза чи навъ колоҳоеро арза мекунад. Бозорҳо ва мағозаҳо ҳам дар ҳангоми ғурӯб таътил кардаву шаҳрро ба ҳолати безеб ва касалкунанда дар меоваранд.
Дар Душанбе ба далели ин ки мардум аз шимолу ҷануб ва ғарбу шарқро дар худ ҷой дода, шояд ба дурустӣ натавон тавсифи дурусту ҷомеъ аз чеҳра ва тарзи либос пўшидани тоҷикҳо ироа дод. Ба таври куллӣ, тоҷикҳо дорои чеҳраи гандумгун ва гоҳ равшан бо мўйҳои қаҳваӣ, сиёҳ ва сурх, чашмҳои дурушт дар миёни пилкҳои борик, мижгони баланд, абрўҳои паҳну биниҳои хушфурму мутанаввеъ ҳастанд.
Умдатан афроди миёнсолу солмандтар дандонҳое аз ҷинси тило ё пўшиши тило доранд, ки дурахшиши онҳо ба ҳангоми суҳбат кардану хандидан, ҳарчанд ҳисси хуберо ба ман мунтақил накард, аммо ба назар навъе арзиш ба ҳисоб меояд.
Русуму адён
Дар Тоҷикистон бавузўҳ ҳамзистии адёни мухталифро дидам. Аксарияти мардум пайрави ислому аҳли суннат ва пайрави Абуҳанифа ҳастанд. Албатта, шиъиёни исмоилӣ низ, ки аз Бадахшони Помир ба ин шаҳр омадаанд, вуҷуд доранд ва албатта, масеҳиён, зартуштиён ва ғайра.
Нуктаи ҷолиб ин ки ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон гуфт, ки кӣ мусалмон асту кӣ бедин. Навъи пўшиши духтарону занон бисёр мутанаввеъ аст: аз либосҳои бўмии зебои тоҷикӣ гирифта то улгўҳои урупоиву воридотӣ. Дар хиёбони Рўдакӣ, ки яке аз хиёбонҳои аслии шаҳр аст, метавон шоҳиди ду навъи ҳунармандӣ буд: дасту дилбозии тарроҳони дохилӣ дар тарҳу ранг ва сарфаҷўии тарроҳони хориҷӣ дар порча.
Дар либосҳои маҳаллии Тоҷикистон метавон бозии рангҳои шоду мутанаввеъро шоҳид буд, ки бар тани духтарони на чандон зебо ҷаззобияти хос дар зоҳири онҳо эҷод мекунад. Либосҳое ҳамчун киса (халта), ки аз гардан то мучи поро мепўшонанд ва як порча бар сар, ки на барои ҳифзи шууноти исломӣ, балки барои бастани мў истифода мешавад.
Либоси расмӣ ва идории мардҳо куту шалвору кровот (галстук) аст ва ҷавонҳо аз шалвори лӣ (ҷинс), анвоъи пироҳану тишерт (футболка)-ҳои роиҷ дар ҳама ҷои дунё истифода мекунанд. Ҷома ва тоқӣ, ки либоси суннаттии мардҳост, бештар тавассути афроди пиртар ва рустоиҳо истифода мешавад ва дар истилоҳи насли имрўза навъе беклосӣ (бесалиқагӣ) ба ҳисоб меояд.
Бисёр гуфта мешавад, ки тоҷикҳо маъруф ба меҳмоннавозӣ ҳастанд; инро бо тамоми вуҷуд таҷруба кардам. Аммо воқеъият ин аст, ки то шуморо ба воситаи касе нашносанд, на танҳо дар дил, балки дар дидаи эшон низ ҷое надоред.
Дар бисёре маворид радди пое аз беэътимодӣ нисбат ба хориҷиҳо дар рафтори онҳо эҳсос мешавад. Аммо чунончи ба меҳмонхона ё утоқи пазироии тоҷикҳо роҳ пайдо кунед, муҳол аст аз нону арақи вофир (фаровон)-у оши палав ва лағмону самбўса ва анвоъи торту чои кабуд (сабз)-и доғу талх ва кишмиши сиёҳ ва бодому пистаи кўҳӣ ва дар ниҳоят меваҳое, ки худашон бароятон пўст мегиранд ва бояд майл кунед, бенасиб бимонед.
Пас аз “гирифтан” (майл кардан)-и ҳамаи инҳо ва фақат ҳангоме ки эҳсоси серӣ мекунед, ғизои аслӣ аз роҳ мерасад. Агар нагиред, беэҳтиромӣ кардаед.
Ба ростӣ, наметавон ҳатто бо шиками пур дасти рад ба синаи ин ғизоҳои иғвокунанда ва гуноҳомез зад. Ҳарчанд дар соли гузашта бо варзишу рўза гирифтан ва таҳрими ғизоӣ аз ҷониби модару ҳамсарам саъй бар коҳиши вазни худ намудам, эҳтимолан дар дидори муҷаддад, онҳо маро нахоҳанд шинохт.
Эрон ва забон
Мардуми Тоҷикистон бисёр алоқаманд ба Эрон ҳастанд ва сафар ба Эрон барои бисёре орзўст. Гўш додан ба мусиқии эронӣ дар кўчаву хиёбон, родю, токсӣ ва утубусу тангем (минибусҳои мўшмонанди Тоҷикистон) бисёр роиҷ аст. Си-диҳои эронӣ низ, аз ҷадидтарин олбумхои Орашу Мансуру Човушӣ гирифта, то охирин қисмати сериёли “Ҳазрати Юсуф”, ки аз нони шаб воҷибтар аст, ба вафур (фаровонӣ) ёфт мешавад.
Забон яке аз муҳимтарин абзорест, ки як гардишгар бояд дар кўлапушт (кӯлбор)-и худ пешбинии онро дошта бошад. Ҳамин забон метавонад, дар айни ҳол ки омили пешрафти умур гардад, сабаби мушкилоти фаровоне низ бошад. Ҳувияти забони форсии тоҷикӣ дар тўли торихи сиёсии ин кишвар дастхуши тағйироти фаровоне шудааст. Донишмандону забоншиносони тоҷик бисёр талош мекунанд, то ганҷинаи забони форсиро ҳифз кунанд.
Аммо забони, ба истилоҳ, кўчаву бозор бавузўҳ мутаассир аз забони ширинтари рўсист. Гўишварони тоҷик ҳар ҷо вожае кам меоваранд, даст ба домани забони рўсӣ мешаванд. Ва ҷолибтар ин ки бархе афрод, ки рўсии андак баладанд ва рўсӣ сўҳбат карданро нишони босаводӣ медонанд, ҳангоми рўсӣ гап задан аз забони форсӣ камак мегиранд. Ва низ гуфта мешавад, ки мо (тоҷикҳо ва эрониҳо) ҳамзабонем.
Вале ба муносибатҳои мухталиф ва ба ҳангоми боздид аз чанд донишгоҳу китобхона ва анҷоми бархе корҳои идорӣ на ба далели тафовути зоҳирӣ ва албатта ба сабаби таъаллуқ ба ақаллияти гўишӣ бархурди номуносиб ва албатта, на аз сари меҳмоннавозӣ бо ман шуд. Дарёфтам, ки аз дигар абзоре, ки дар канори забон дар кўлапуштӣ ҷояш холист, андаке дониши забоншиносист.
Аз лиҳози ҷомеъашиносии забон яке аз роҳҳое, ки метавон дар фароянди иртибот маваффақ буд, омили бартарии забонист. Дар бархурдҳои баъдии худ аз забони инглисӣ ҷиҳати озмудани навъи иртиботи худ бо афрод ва пешбурди умур истифода кардам. Натиҷаи боварнакарданӣ, вале қобили пешбинӣ ин буд, ки ғариба (бегона)-ҳо саъй дар эҷоди иртиботу анҷоми хидмат ва ибрози иродат ба шеваҳои мухталиф доштанд.
Бино бар ин, дар посух ба иддаъои ҳамфаҳмии забонии тоҷикҳо бояд гуфт, ки аввалан, ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст ва сониян ин ки тоҷикӣ як гўиш аст аз забони форсӣ ва ин яке аз далоили ихтилол дар иртиботи каломӣ байни эрониёну тоҷикҳост.
Қалъаи Ҳисор ва Сомонӣ
Душанбе дорои чаҳор дарвоза дар чаҳор ҷиҳати шаҳр аст, ки қаламрави онро мушаххас мекунанд. Дар як рўзи якшанбе аз дарвозаи ғарбӣ ба ҳамроҳи яке аз беҳтарин дўстонам, ки дар тўли иқомати ман дар Точикистон муҳаббати зиёде ба ман дошт, ба самти минтақаи торихии Ҳисор дар 25-килуметрии Душанбе сафар кардем.
Қалъаи Ҳисор, ки ҳамакнун аз он чизе ҷуз як дарвоза ва ду бурҷаки дидбонӣ боқӣ намонда, замоне маҳалли истиқрори амири Бухоро дар авоили қарни бистум ва баъдҳо майдони аспсаворӣ, майдони бузкашӣ, бозор ва ғайра будааст. Дар канори он корвонсарое қарор дорад, ки замоне маҳалли истироҳати мусофирони Ҷоддаи Абрешим буда.
Дар муқобили дарвозаи қалъа, осорхонае кўчак дар дохили мадрасае, ки қидмати он ба қарни ҳаждаҳум боз мегардад, вуҷуд дорад, ки дар утоқҳои кўчаки он метавон андаке бо либоси суннатии Тоҷикистон, абзори кишоварзӣ ва мухтасар сабки зиндагӣ ва шарҳи ҳоли донишмандону бузургони Тоҷикистон ошно шуд.
Дар канори вурудии қалъа бинои ёдбуде вуҷуд дорад, ки арусҳову домодҳо ба ҳамроҳи дўстонашон ҳамроҳ мешаванд ва бо оҳангу рақс дар аксҳои гирифташуда ба ёдгор мемонанд.
Аз дигар нишонаҳои торихӣ, ки мардум ба он болида ва намоди ғурури худ медонанд, муҷассамаи шоҳ Исмоъили Сомонист. Майдони Сомонӣ маҳалли иҷтимоъи мардум дар ҷашнҳои мухталиф, аз ҷумла иди соли нави милодист. Ва дар пои тандиси Сомонӣ, дар канори порки устод Рўдакӣ, суратгир (аккос)-ҳо дар интизор гардишгароне ҳастанд, ки ба сахтӣ ёфт мешаванд.
Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ҷазби туристи бисёр андаке дорад. Пас аз вуруд ба кишвар ҳар фарди хориҷӣ боистӣ дар фароянди вақту пулгир сабти ном шавад.
Фақри обрўмандона
Роҳнамои ҷойҳои дидании ин кишвар, ки маконҳои торихии фаровон ва табиъати бикри манотиқе чун кўҳистони Помирро муъаррифӣ кунад, дар ҷое ёфт намешавад. Ба таври куллӣ, метавон гуфт, ки Тоҷикистон гумшудаест дар Осиёи Миёна, ки шояд аз далоили ақибуфтодагии умрони ин кишвар низ ҳамин бошад.
Бо вуҷуди бархурдорӣ аз манобеъи ғании урониюм, киштзорҳои паҳновари пунба, манобеъи билқувваи фаровони оби ширин ва ғайра, ин кишвар тасмим гирифта навъе ҳамзистии мусолиматомез бо мушкили фақр дошта бошад. Мардум ба ҳангоми шаб, ки дар ҳоли нигоҳ кардани барномаи мавриди алоқаи худ мебошанд ва барқ ногаҳон қатъ мешавад, аз падари ду фард ёд мекунанд; бар яке раҳмат мефиристанд ва бар дигаре лаънат. Чаро кишваре бо чунин мардуми нек ва чунон манобеъи табиӣ ва нерўи билқувваи тавлиди барқ ба далели оби фаровон боистӣ ниёзҳои аввалияи худро бо меҳнату миннат дар ихтиёр дошта бошанд?
Бисёр кам пеш омад, ки гадое ҷилави маро бигирад ва талаби пул кунад. Ба ҳеч ваҷҳ касеро бо либоси жанда ва гадовор надидам. Ин танҳо метавонад баёнгари фақри обрўмандона ва бошарофат бошад. Шарофат то ҳадде, ки занҳои хонадор ҷиҳати таъмини ҳадди ақалҳои зиндагии худ бо либоси норинҷӣ ҷорўб ба даст гирифта ва ба назофати хиёбонҳо машғуланд.
Яке дигар аз мавориде, ки ба фақри ин ҷомеъа доман мезанад, суннати ҳасанаест, ки аз замони шўравӣ ба ёдгор мондааст: теъдоди фарзандони зиёд. Гуфта мешавад, Тоҷикистон дорои болотарин нархи рушди ҷамъият дар Осиёи Марказист. Дар он даврон ба модаре, ки даҳ фарзанд ба ҷомеъа тақдим мекард, сиккаи тило, лавҳи ифтихор ва мустамаррӣ (кумакпулӣ) барои фарзандон эҳдо мешуд.
Кишвари ношинохта
То кунун китобҳои андаке дар бораи Тоҷикистон навишта шудааст ва ҳамагӣ саъй бар муъаррифии табиъату фарҳангу одобу русуми мардум барои сайёҳон ва гардишгарон намудаанд. Қоъидатан таҷрубаи як фард дар бархурд бо як ҷомеъаи ҷадид бо фарди дигар мутафовит аст ва ин бастагӣ дорад ба авомиле, аз ҷумла дониши фарҳангӣ, сатҳи интизорот ва тавоноии ҳамоҳангсозии худ бо он ҷомеъаи фарҳангӣ ва ғайра.
Кишвари Тоҷикистон низ сарзаминест кўҳистонӣ ва мутанаввеъ ва суҳбат дар мавриди табиъату фарҳангу сабки зиндагӣ ва одоти мардум корест бас душвор. Ба назар мерасад, ки бояд талошҳои бештаре дар ҷиҳати шиносондани ин кишвар ва ҷозибаҳои туристии он сурат гирад, то на танҳо сайёҳон, балки гардишгарони одӣ низ аз сартосари ҷаҳон ба Тоҷикистон сафар кунанд.
Ин матлаб бори нахуст рӯзи 07.04.2009 мунташир шуда буд