Ҳавои зуҳр асту гармои кавир (биёбон) бедод мекунад. Пушти як хамкўча даре қадимӣ рестуроне суннатиро нишон медиҳад. Агар тоблуи болояш набуд, ҳеч тафовуте бо бақияи дарҳои он кўча намекард. Як дари кўчаки чўбӣ. Ворид ки мешавам, ҳавзи васати ҳаёт (саҳн) пур аз об аст ва садои фаввораҳо аз ҳамон дами дар ҳам ба гўш мерасад. Дар он гармо ва аташ (ташнагӣ) садои шуршури об ҳисобӣ сари ҳолам меоварад.
Давр то даври ҳавз тахти чўбӣ бо рўкаши қолӣ чидаанд ва бўйи дизӣ (як навъ хуроки суннатӣ) тамоми муҳаватта (ҳавлӣ)-ро бардоштааст. Худоро шукр, дигар осоре аз гармои берун нест.
Дар як утоқи седаре, ки тоқчаҳояш бо тирма (як навъ порчаи нафис) пўшида шуда, менишинам. Хидматгор феҳрести ғизоҳоро меоварад. Як тарафи он ғизоҳои суннатист ва тарафи дигар ғизоҳои саридастӣ ва десертҳо. Чанд суфрахонаи дигар ҳам ки қаблан рафта будам, онҳо ҳам ғизои саридастӣ, ё ба истилоҳ, “фаст фуд” ҳам доштанд.
Хидматгор мегўяд: “Он авоил фақат ҳамин ғизоҳои суннатӣ буд. Дурусташ ҳам ҳамин буд. Аммо баъд як муддат муштариҳо суроғи питзо ва сондвич ҳам мегирифтанд. Мо ҳам ки аз пул бадамон намеояд. Ин шуд, ки ин ғизоҳоро ҳам мепазем”. Нигоҳе ба он тараф мекунад ва зери лаб мегўяд: “Албатта, агар бишавад исмашонро бигузорӣ ғизо”.
Дар синаи девор як коғази коҳии қобгирифтаро мебинам, ки торихаш ба соли 1320 (1941) бармегардад. Хатташро ба заҳмат мехонам. Баъдан ки мепурсам, мудири рестурон мегўяд: “Ақдномаи Ҳоҷӣ-хонум аст. Ҳоҷӣ-хонум, соҳиби рестурон, дар яке аз ҳамин утоқҳои болоӣ зиндагӣ мекунад”.
Зоҳиран ин хона то 15 сол пеш ҳам маскунӣ буда ва баъд аз чанд сол, ки беистифода монда, ҳудуди панҷ сол пеш табдил ба рестуронаш кардаанд. Ва Ҳоҷӣ-хонум ҳам, ки танҳо бозмондаи сокинони ин хона аст, ҳанўз ҳамин ҷо зиндагӣ мекунад.
Ақдномаро ки мебинам, ба ин фикр мекунам, ки тақрибан ҳамаи суфрахонаҳо ва ҳутелҳои суннатии Язд рўзе маскунӣ будаанд. Ин набуда, ки биное аз нав бисозанд барои рестурон ё ҳутел. Ба хотири ҳамин биноҳо ҳис доранд ва бо рестуронҳои, ба истилоҳ, суннатӣ мутафовитанд. Рестуронҳое, ки на асаре аз меъмории эронӣ доранд ва на муҳиташон ёдовари хотироти қадимӣ ва фақат номашон “суннатӣ” асту бас. Ба ин фикр мекунам, ки дар ин макон рўзе зиндагӣ ҷараён дошта. Рўзе ин деворҳо шоҳиди хандаву гиряи одамҳое будаанд, ки дигар нестанд. Ва чи розҳое, ки дар дили худ нуҳуфта доранд.
Ризо масъули умури иҷроии рестурон аст. Мегўяд: “Субҳҳо, ки хилваттар аст, донишҷўҳо панҷ-шаш нафарӣ ҷамъ мешаванду меоянд инҷо, даври ҳам ва рўйи тахтҳо дарс мехонанд, истироҳат мекунанд; хулоса хуш мегузаронанд. Ва ман ҳам аз ин ки муштариҳоям розӣ ҳастанд, лаззат мебарам. Ва як идда муштариҳои собиту хос дорем, ки, масалан, аввали шаб меоянд, ҳамин ҷо мемонанд то охири шаб”.
Ризо либосҳояш хокӣ аст ва аз дасти ҳавои кавирии Язд ба шиддат шокӣ. Ғур мезанад ва мегўяд: “Ин ҷо сақф ки надорад. Ҳудудан 1200 метр ҳам зербинояш аст. Ҳоло фикр кун як бод биёяд, фотиҳаи ҳамаи болиштҳо ва қолиҳои тўи ҳаёт хонда аст. Махсусан ин фасл, ки асрҳо ҳаво хароб аст ва ҳар чи хок аст, мерезад тў (дарун)-и ҳавз ва қолиҳо. Ҳоло биё ҳар рўз бишўю тамиз кун. Чанд боре ҳам хостем сақфдораш кунем, аммо диламон наёмад муштариҳоямонро аз дидани осмони шаб маҳрум кунем”.
Баъдаш дасте ба либосҳояш мезанаду мегўяд: “Тўи хонаҳое, ки қидмат доранд, Срзмони Мероси Фарҳангӣ иҷозаи тахриб ба онҳо намедиҳад. Аммо ба хотири ин ки соҳибонаш розӣ бошанд ва зарар накунанд, вом (қарз)-е ба онҳо медиҳад ва метавонанд таъғйири корбурдӣ бидиҳанд. Ҳоло рестурон ё ҳутел, майли худашон аст”.
Ҳоло ғизоям тамом шуда ва аз суфрахона берун меояму худамро ба кўча-паскўчаҳои коҳгилии Язд месупорам. Шаҳре, ки тибқи омори Мероси Фарҳангӣ, яке аз рутбаҳои аввал дар теъдоди суфрахонаҳои суннатӣ дар кишварро дорад. Ва ҳамин бозмондагони рўзҳои порину перорин дар ин шаҳр мондагорем кардааст.