Заур Дахте Рустамович соли 1936 дар минтақаи Доғистони Русия ба дунё омад. Соли 1964 аз риштаи филмбардорӣ фориғ шуд ва то замони бознишастагӣ дар студиюи “Тоҷикфилм” кор мекард. Вай то кунун 13 филми ҳунарӣ ва ҳудуди 700 филми мустанад филмбардорӣ кардааст. “Инсон пӯсташро иваз мекунад”, “Шераки диловар”, “Ҷустуҷӯи бабр” ва “Рустаму Суҳроб” аз ҷумлаи муҳимтарин осори филмбардории Заур Дахте аст, ки то кунун аз тариқи шабакаҳои телевизюнии Тоҷикистон пахш мешаванд. Дар ин миён филмҳое, ки Борис Кимёгаров бо филмбардории Заур Дахте сохта буд, ҳамагӣ бидуни истисно пуртарафдор буданду ҳастанд.
Дар Иттиҳоди Шӯравии пешин, ки ҳамасола студиюи “Тоҷикфилм” чандин филми ҳунарӣ таҳвили Маскав медод, таъкиди филмсозон бар кайфияти ҳирфаии филмбардорӣ бисёр зиёд буд. Имконоте, ки филмсозони он давра дар ихтиёр доштанд, бо имконоти феълии “Тоҷикфилм” қобили муқоиса нест. Коргардон барои сохтани филмаш ба ҳунармандону ҳунарпешаҳои саросари Иттиҳоди Шӯравӣ дастрасӣ дошт. Дар филмҳои “Шоҳнома”-и Борис Кимёгаров ҳам ҳунарпешаҳо аз Тоҷикистон, Русия, Усетиё ва Узбакистон гирди ҳам омада буданд, то осореро биофаринанд, ки то кунун бар тораки синемои Тоҷикистон медурахшад. Заур Дахте мегӯяд, ки яке аз ҳадафҳои сохтани филмҳои “Шоҳнома” дар канори бузургдошти Фирдавсӣ ва офаридаи ҷовидонааш таҷлил аз сулҳу тақбеҳи ҷанг будааст.
Борис Кимёгаров, коргардони яҳудитабори тоҷик, ки ба Фирдавсӣ алоқаи бисёр дошт ва пурхарҷтарин филмҳои торихи синемои Тоҷикистонро бар мабнои “Шоҳнома” сохтааст, мехост ин силсиларо бо филме дар бораи шахси Абулқосими Фирдавсӣ ба поён бибарад, ки умр ба ӯ вафо накард ва ин тарҳи бузург нофарҷом монд. Ҷанги дохилӣ дар паи истиқлоли Тоҷикистон ва ҳарҷумарҷу бенавоии мутаъоқиби он имкони тавлиди филмҳои пурҳазинаро аз “Тоҷикфилм” салб кардааст.
Ин гирифториҳои саросарӣ, ки синемои Тоҷикистонро дар канори дигар арсаҳои ҳунарӣ ва санъатӣ замингир кард, афроди боистеъдоду баноме чун Заур Дахтеро ҳам дар гирдобе аз ҳаводис андохт. Ӯ барои чандин сол дурбини аккосиро ҷойгузини дурбини филмбардориаш кард ва рӯйдодҳои торихии Тоҷикистон ва зиндагии иҷтимоъию фарҳангии мардуми онро сабти торих кард.
Заур Дахте дар арсаи аккосӣ ҳам хуш дурахшид. Нахустин намоишгоҳи аккосии вай соли 2004 дар Кохи Ваҳдати Душанбе баргузор шуд. Дар паи он роҳи Заур Дахте ба хориҷ аз кишвар ба унвони аккосе, ки Тоҷикистонро муъаррифӣ мекунад, ҳамвор шуд. Вай то кунун дар Чин, Фаронса, Русия, Олмон, Жопун ва Ҳиндустон намоишгоҳҳои акс баргузор кардааст. Ӯ тавассути аксҳояш дар намоишгоҳҳои бурунмарзӣ хориҷиҳоро бо намоҳое аз табиъат, мардум ва пӯшишҳои суннатии Тоҷикистон ошно мекунад.
Заур Дахте имрӯз ҳам муқими шаҳри Душанбе аст ва барои нашрияҳои Тоҷикистон аккосӣ мекунад.
Дар гузориши мусаввари ин сафҳа Заур Дахте дар бораи таҷрубиёташ, бавежа дар мавриди филмбардории филмҳои “Шоҳнома”-и Борис Кимёгаров суҳбат мекунад.