Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Тутрезони Машҳад
Алии Фозилӣ

Модар мегуфт: “Қатъаш кунед, ҳамаи ҳаёт (ҳавлӣ)-ю утоқҳои хонаро ин дарахт бо шоху баргҳои бузургаш торик карда”. Ману падар, аммо, мухолиф будем. Мегуфтем: “Ҳайф аст, ба дасти худамон онро коштем. Ҷилави офтобу боди шадидро мегирад, сафое ба хона медиҳад, тутҳояш хурданӣ шуда”. Кор ба раъйгирӣ кашида шуд. Бо каме ёргирӣ миёни бародарҳову хоҳарҳо натиҷа ба нафъи ману падар тамом шуд.

Ин рӯзҳо агар ба чеҳраи шаҳри Машҳад бингарем, равшан аст, ки қудрати раъйгирии мо маҳдуд ба ҳаёти хонаи худамон будааст. Хонаҳо дигар он шаклу шамоили гузаштаро надоранд. Хелеҳо шояд бигӯянд, ёди он ҳаётҳои бузург бо он дарахтҳои танумандаш ба хайр. Баҳор ки мешуд, мерафтем хонаи падарбузургу модарбузург ва диле аз азо дармеовардем. Ҳоло теъдоди андаке аз ин дарахтҳои тут, ки қидмат (синн)-ашон гоҳе ба қарн мекашад, боқӣ мондааст. Он ҳам дар ҳошияи ҷоддаҳову хиёбонҳои шаҳр. Авосит (нимаҳо)-и урбидиҳишт то авохири хурдод, ки фасли боронҳои баҳорист, борони дигар ҳам аз тутҳои сафеду обдор дар шаҳр ба роҳ меуфтад.

Якеро мебинӣ, ки рӯи ҷадвали хиёбон бо панҷаҳои пояш истода, сар дар баргҳои дарахт дорад ва охирин талошашро мекунад, то тути обдореро ба чанг оварад, ки он боло-болоҳост ва саркашӣ мекунад, ангор қасди ба дом уфтодан надорад. Дигарӣ, аммо, хам шуда ва аз осфолтҳои тамизи хиёбон онро бармедорад. Онҳое, ки бар ин андак қаноъат надоранд, ҳамроҳи хонавода бо як чӯби баланд барои таконидан, як чодар ва зарф по ба ҳавма (атроф)-и шаҳр мегузоранд ва ба суроғи дарахтони тут мераванд. Вуҷуди дарахтҳои бузург дар бархе маҳаллот боъис шуда, ки ҳатто бархе қисматҳои шаҳр барои абад номи тут ба худ бигиранд, монанди чаҳорроҳи Дарахти Тут воқеъ дар яке аз шаҳрҳои ақмории Машҳад.

Бо худам мегӯям, агар ҳамаи мо аз аҷносе, ки аз Чин меоваранд гиламандему нохурсанд, аз ин яке инсофан набояд бинолем. Чиниҳо барои пур кардани шиками серинопазири кирмҳои абрешимашон қарнҳо пеш шурӯъ ба парвариши дарахтони тут карданд. Ин дарахт ба Эрон ҳам роҳ ёфт, ки бисёре аз нуқоти он манотиқе гарму хушк аст ва маконе муносиб барои рушду нумувви дарахтони тут.

Муъаллиме доштем, ки мегуфт: “Намедонам чаро мо адои урупоиҳоро дармеоварем ва сайъ мекунем ҳама ҷо чаман бикорем. Магар барои обёрии ин чаманҳо чи қадр об дорем? Дарахт! Оқо, дарахт! Чаро дарахт накорем? Ҳама ҷо офтоб ҳаст, ниёз ба соя дорем, оби зиёд ҳам намехоҳад”.

Намедонам, аммо ҳадс мезанам манзури устод аз “дарахт” ҳамон дарахти тут буд. Баростӣ, кадомамон ба ёд дорад, ки пои дарахти туте як ливон (дӯлча) об рехта бошад? Бечора ангор тамоми сол аз ёд рафта ва танҳо вақте ёдаш меуфтем, ки фасли тутрезон аст.

Чи қадр ин тутҳо шабеҳи ҷавомеъи мо – одамҳо ҳастанд. Шоҳтут… Гӯӣ пас аз қарнҳо ҳанӯз низоми подшоҳӣ миёнашон ҳукм меронад. Шоҳтутҳо охирҳои хурдод мерасанд, ангор ба расми шоҳону маликаҳо тарҷеҳ медиҳанд охирин касоне бошанд, ки пой дар базм мегузоранд.

Тут анвоъи гуногун дорад. Дар Хуросон ба тути дарозу пуробу ширин “тути расмӣ” ё “ҳиротӣ” мегӯянд ва ба тути гирду камдона “тути бухороӣ”. Тути сиёҳ ҳам тарафдорони худашро дорад. Як тути деррас ҳам ҳаст, ки бисёр ширин аст ва ба “тути бедона” маъруф аст. Аз тути шаробӣ ва шоҳтут ҳам дар китобҳо бисёр ёд шуда ва бавижа аз хавос (хоссиятҳо)-и он барои одамиён. Дар канори тути хушкшуда бархе ҳам тути норасидаро хушк мекунанд ва мисли гарди ғӯраи ангур ва сумоқ онро барои туршии ғизо ба кор мебаранд. Дар гузашта шираи тутро ҳам мисли шираи ангур мегирифтанд ва аз он мураббо ва сиканҷабин ё сиркангабин (омезае аз сиркаву ангубин) дуруст мекарданд.

Шоъирон ҳам ба тут бетаваҷҷуҳ набудаанд ва дар миёни шоъироне, ки аз тут ном бурдаанд, метавон аз Фаррухии Систонӣ, Анварӣ ва Саъдии Шерозӣ ёд кард. Саъдӣ дар бораи шоҳтут ё тути шаробӣ мегӯяд:

Ин хуни касе рехта ва ё майи лаъл аст,
Ё тути сиёҳ аст, ки бар ҷома чакидаст?

Дар гузориши мусаввари ин сафҳа ба яке аз боғҳои тути перомуни шаҳри Машҳад меравем.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.