Шиъор метавонад баёнгари ҳиссе бошад фардӣ ё ҷамъӣ аз ҳолате, воқеъае ва ё шояд ҳам баёни ормоне миллӣ барои эҷоди ҳамбастагӣ ва ё ҳаяҷоне гузаро. Гуфта шуда, ки шоъирони тавоно мекӯшанд шиъорҳоро ба волоии шеър бирасонанд ва шоъирони камтавон шеърро то сатҳи шоъор поин меоваранд. Аз сӯи дигар, кам нестанд тарона ва шеърҳое аз шоъирони бузург, ки дар ҷаҳони имрӯз чун забони ҳоли мардуманд; шиъори ҷунбишҳо ва ҳатто инқилобҳо шудаанд.
Дар ҳафтаҳои ахир дар кӯчаву хиёбонҳои Тунис ва Миср ва дигар кишварҳои арабӣ шеъре ба гӯш мерасад, аз шоъире тунисӣ, ки 76 сол пеш дар 24-солагӣ даргузашт. Шеъре, ки хоҳони дигаргунии дарунӣ ва шолудашиканӣ (қолибшиканӣ) дар миёни миллатҳост. Ин шеър имрӯз бар забони касоне меояд, ки мехоҳанд шолудаҳои сиёсии кишварҳои худро дигаргун кунанд. Шумо метавонед ҷавононеро бибинед, ки шеъри ӯро фарёд мекунанд ва ё заноне, ки шеъри ӯро бар коғазе навишта ва рӯи дастҳо баланд кардаанд. Дар ин роҳпаймоиҳо шиъоре, ки шунида мешавад, ду мисраъи аввал аз шеъри 26-байтии Абулқосим аш-Шобӣ бо номи “Иродат-ул-ҳаёт” ё “Иродаи зиндагӣ” аст. Оғози ин шеър ба арабӣ, ки бахше аз Суруди миллии Тунис шуда, чунин аст:
Изо-ш-шаъбу явман арод ал-ҳаё(т)
Фало будда ан ястаҷиб ал-қадар
Ва ло будда ли-л-лайли ан янҷалӣ
Ва ло будда ли-л-қайди ан янкасир
Ва шуҳрати ин қасида, албатта, ин рӯзҳо ба хотири ҳамин ду байт аст, ки бар порчанавишта дида мешавад, аммо чанд байти аввали ин шеър ҳам маъруф шуда, ки бардоште аз онро ба назми форсӣ мехонед:
Иродаи зиндагӣ
Абулқосим аш-Шобӣ кӣ буд?
Абулқосими Шобӣ дар 24 феврие (феврал)-и соли 1909 дар шаҳри Тузури кишвари Тунис зода шуд ва дар хона назди падараш, ки қозӣ буд ва дар Донишгоҳи ал-Азҳари Миср дарс хонда буд, омӯзишҳои ибтидоиро оғоз кард. Дар соли 1920 ба мадрасае дар шаҳри Зайтуна рафт ва ба фарогирии Қуръон ва адабиёти араб пардохт. Гароиши шадиди ӯ ба мутолеъа ва фарогирии фарҳанги наву куҳан пояҳои фарҳангии ӯро нерӯманд ва ӯро бо андешаҳои ҷавони нав муҷаҳҳаз сохт. Ӯ дар понздаҳсолагӣ шеър суруданро оғоз кард.
Шобӣ дар даврони донишҷӯӣ бо афкори озодихоҳона ошно шуд. Ӯ дар соли 1930 Донишкадаи ҳуқуқи Тунисро тамом кард ва чун падараш даргузашта буд, бори сангини ҳазинаҳои хонавода ҳам ба дӯши ӯ уфтод. Издивоҷ ҳам барои Шобӣ шодмонии чандоне ба ҳамроҳ надошт ва гарчи ду фарзанд ба ӯ дод, зуд ба ҷудоӣ анҷомид. Абулқосими Шобӣ саранҷом дар нуҳуми уктубри 1934 бар асари бемории қалбӣ дар бемористоне дар Тунис даргузашт.
Зиндагии кӯтоҳ, аммо пурбори Шобӣ аз чандин зовия баррасӣ шуда. Аз сӯе, ӯ наздик ба шоъирони муҳоҷири араб дар қораи Омрико буд, ки ба “адабиёти муҳаҷҷар” маъруф аст; шоъироне чун Ҷуброн Халил Ҷуброн, Михоил наъима ва Илё Абумозӣ аз ҷумлаи дигар чеҳраҳои ин ҷараёнанд. Аз сӯи дигар, ӯ аз шеъри Фаронса, ба вижа мактаби румонтизм, таъсир пазируфта. Румонтизм роҳи худро аз мактаби суннатӣ ҷудо кард ва бо қуюди адабии суннатӣ ба мубориза пардохт. Лаззат бурдан аз табиъат, арҷ гузоштан ба эҳсосот ва қувваи тахайюл ва баёни он чиро, ки ҳунарманд ҳис мекунад, пешаи худ кард.
Албатта, дар ин даврон неҳзати бедории сиёсӣ ҳам дар миёни адибони ҷаҳони араб аз Миср то Шому Ироқ ривоҷ дошт ва шоъирони барҷастае дар ҷаҳони араб падидор шуданд, ки ҳам навхоҳу таҷаддудгаро ва ҳам мухолифи истилои Ғарб бар миллатҳои араб буданд. Аз ҳамин рӯ румонтизми касоне мисли Шобӣ чеҳрае иҷтимоъитар дошт ва дар воқеъ, дар даврони миёни ду ҷанги ҷаҳонӣ ин шоъири ҷавон яке аз пешгомони неҳзати румонизм дар ҷаҳони араб шуд.
Шобии ҷавон, ки шояд шинохтатарин шоъири шимоли Офриқо дар шеъри имрӯзи араб бошад, дар даҳ соле, ки шеър гуфт ва хотирот навишт, осори барҷастае ба ҷой ниҳод. Зиндагии шеърии ӯ, гарчи бо бадбинӣ оғоз шуд, ба хушбинӣ расид ва саранҷом бо умед ба тағйиру таҳаввул, ба вежа дар шеърҳои иҷтимоъиаш, ба поён расид. Ишқ ва умед ба ояндаи инсон дар бисёре аз шеърҳои ӯ мавҷ мезанад. Ӯ панҷ асари муҳим аз худ ба ҷо гузошт: “Ба саркашони ҷаҳон”, “Сурудҳои зиндагӣ”, “Хотирот”, “Номаҳо” ва “Садиқӣ”.
Шояд худи ӯ ҳам тасаввур намекард, ки номаш ва ашъораш ба хотири чанд байт аз як шеър инчунин ҳамаҷогир шавад.