Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Ватан куҷост?
Абдулфаттоҳ Шафиев

Рўзи нуҳуми сентябри соли 1991 Тоҷикистон эъломи истиқлол кард. Фурў рехтани имперотурии сурх ба масобаи дар ҳам рехтани мафҳумҳои бисёре буд. Аз ҷумла мафҳуми “меҳан”, ки дастхуши дигаргуниҳое шудааст.
 
Амондурдӣ моҳҳост ба фикри гир овардани раводид ба Туркманистон аст. Раводид барои вуруд ба зодбумаш; ба ҷое, ки хуни нофи худаш ва бачааш рехтааст; ба ҷое, ки волидонаш зери хоки он барои ҳамеша хуфтаанд ва хоҳаронаш рўйи хоки он зиндагӣ мекунанд.
 
Амондурдӣ як марди панҷоҳсолаи туркман аст, ки солҳост бо шиносномаи ғарбӣ дар диёри ғурбат ба сар мебарад. Бо шиносномаи ғарбӣ, аммо симои туркманӣ. Бо сару тани ғарбӣ, вале хўю хулқи туркманӣ. Ҳар бор дар бораи кишвари мизбонаш, ки феълан шаҳрванди он аст, суҳбат мекунад, ибороти “ин ҷо”, “ин кишвар”, “инҳо”, “дар фарҳанги инҳо”-ро ба кор мегирад ва ҳамвора кору одоти “инҳо”-ро бо “мардуми мо”, “дар Туркманистони мо”, “дар ватани мо” муқоиса мекунад. “Ватан” дар забони ў мутародифи Туркманистон аст, ҳарчанд иштиёқи дидор аз меҳанаш акнун ормонгуна шуда.
 
Бар хилофи фарзанди навҷавонаш, ки дар бораи Туркманистон яке ду нукта бештар намедонад: ин ки Туркманистон кишварест дурдаст ва волидонаш аз онҷо ба ватани ў омадаанд. Шояд ҳеч тори дили ин навҷавон барои Туркманистон наларзад, чун ба онҷо эҳсоси таъаллуқ надорад. Онҷо ватани ў нест.
 
Пас ватан чист? Ватан куҷост?
 
Куҷост маконе, ки дар адабиёти форсӣ барояш булбул нола мекунаду дар адабиёти араб шутур мегиряд? Он ҷое, ки аз батни модар берун меойӣ? Он ҷое, ки роҳ рафтанро меомўзӣ? Ҳарф задану хандидан ва гирйистанро? Сарфи назар аз ин ки “он ҷо” метавонад чизе бештар аз чаҳор сангу як кўча хок набошад? Ё сарду бебарқ бошад? Ё гарму беоб бошад? Ё зулму ситам ва фасоду фисқу фуҷуру фиреб фармонраво бошад?
 
Ин сатрҳоро дур аз Тоҷикистон дар як кишвари бегона менависам. Дар ин утоқи иҷора ба телевизюну роёна дастрасӣ надорам, ки суханони пурмағзтаре аз мафҳуми меҳан пайдо кунам. Танҳо ба худ меандешам, ки “меҳан” куҷост. Дафтареро варақ мезанам ва чашмам ба чанд масроъ аз Шаҳбози Эраҷи афғонистонӣ меуфтад, ки гуфта:
 
Ҷое барои тарки гуфтанҳо,
Хашму туфангу имтидоди ишқ,
Дуздида ин таъбирҳо дерест
Аз зеҳни ман мафҳуми меҳанро...
 
Яъне оё ҳамин гирифториҳост, ки ба мо маҷоли дарки мафҳуми “меҳан”-ро намедиҳад? Оё зиндагии осону беғам бо шароити беҳтару хотири ҷамъ, бо итминон ба адолату риъояти ҳуқуқ, бо тани пўшидаву шиками сер, бо барқу гозу оби фаровон ва пулису пизишку фурўшандаи хандарў, ки дар диёри ғурбат мебинем, метавонанд завоҳири мафҳуми “меҳан” бошад? Ё худ “хоки ватан аз тахти Сулаймон беҳтар?”.
 
Оё ба ростӣ хоки ватан аз тахти Сулаймон беҳтар аст?
 
Дар Тоҷикистон рўйкарди насли ҷавон ба мафҳуми “меҳандўстӣ” аз насли бузургсол каме фарқ мекунад. Ба назар мерасад ин мафҳум барои насли ҷавоне, ки аз кўзаи идеулужии шўравӣ об нанўшидаанд, камтар муқаддас аст.
 
Бузургсолон ғолибан ҳанўз ҳам СССР (Иттиҳоди Шўравӣ)- ро ватани худ медонанд. На танҳо ба хотири он, ки бо мадҳу санои Шўравӣ бузург шудаанд ва шабҳои дарозро сари китобҳои Морксу Энгелсу Ленин рўз кардаанд. Балки умдатан ба хотири он ки дар замони шўравӣ зиндагии содатару беғамтаре доштаанд. Насли шўравӣ ҳанўз қодир нест дарк кунад, ки чаро бояд барои таҳсили илм ва истифода аз хидмати пизишкӣ пул дод; он ҳам пуле, ки дастмузд ё ҳуқуқи бознишастагӣ кафофашро намедиҳад.
 
Аммо акнун ба назар мерасад, ки шиъори “Гадо бошу дар ватани худ бош” камтар тарафдор дорад; чи дар миёни бузургсолон, ки султаи бегонагонро бар истиқлоли кишвари фақирашон тарҷеҳ медиҳанд ва чи дар байни насли ҷавон, ки дигар монанди падару модарҳои худ дар деги доғи идеулужӣ намеҷўшанд. Барои насли ҷавон, ки вожаи СССР-ро аз суҳбатҳои ҳастратомези бузургтарҳо шунидаанд, “ватан” ба маънои ҳамин густараи сиёсии имрўз аст, ки рўи нақша ба номи “Тоҷикистон” мушаххас шуда. Аммо алоқаи навҷавонон ба ин маҳдудаи сиёсӣ зоҳиран камрангтар аз алоқаи аҷдодашон ба Шўравӣ аст.
 
Афзун бар ин, шумори маъдуде ҳам ҳастанд, ки улуми инсонӣ хондаанд ё ба ин навъи улум рағбати зиёде доранд ва барои забони порсӣ арзиши фаровоне қоиланд ва ин забонро шохиси ҳадду ҳудуди меҳани худ медонанд; яъне муътақиданд, ҳар ҷо ки забони порсӣ роиҷ аст, порае аз ватани онҳост. Иддае ҳам барои ватанашон номе қоил нестанд ва ин мафҳумро вобаста ба як теъдод авомил медонанд.
 
Ватан, яъне шароити хуби зиндагӣ
 
Ин идда аз ҳамватанонам мегўянд, ки агар дар Амрико ё Урупо ё Африқо ё ҳатто дар сайёраи Баҳром танҳо набошӣ, хонаводаат паҳлўят бошад, дўстону ошноён дошта бошӣ, дигар чӣ ниёз аст ба сар додани нолаҳои шабҳангом дар ҳасрати дидори Душанбеву Кобулу Теҳрон? Чи касе дўст дорад, ки дар сармои замҳарири Душанбе бидуни барқу гоз санги “ватан”-ро ба сина бикўбад? Ё зарби тозиёнаҳои шибҳинизомиён дар кўчаҳои Теҳронро як амри маъмулӣ пиндорад? Ё аз инфиҷори бумбе дар Кобул бим надошта бошад?

Бо ин ҳол, меҳре, ки масалан як тоҷики Тоҷикистон ба зодбумаш дорад, пас аз солҳои зиндагӣ дар Ландан ҳам нисбат ба Бритониё буруз намекунад. Пас танҳо шароити зиндагӣ нест, ки ватанро барои мо таъйин мекунад.

Аммо пурсиш ҳамоно боқист. Билохира, ватан ҷоест, ки дар он зодаву бузург шудаӣ ё ҷоест, ки дар он зиндагиат бар вифқи муродат мечархад? Ватан куҷост?
 
Ин матлаб бори нахуст рӯзи 08.09.2009 мунташир шуда буд.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.