Ҳар сол милюнҳо тан аз мусалмонон, ки худро мустатеъ (тавонманд) медонанд, барои адои фаризаи ҳаҷ ба Макка мераванд ва маносик (ниёиш)-и ҳаҷро баҷо меоваранд. Дар бисёре аз кишварҳои исломӣ иди Қурбон бисёр муҳимтар аз аъёд (идҳо)-и миллӣ аст ва бо ҷашну сурур ба пешвози он мераванд.
Бисёре аз маносики ҳаҷ, монанди “лаббайк” гуфтан, саъй байни кӯҳҳои Сафо ва Марва, рамйи ҷамарот ё партоби санг, пеш аз ислом ҳам дар миёни аъроби Макка ривоҷ дошта ва аъроб аз гӯшаву канор гирд меомадаанд, то ин маросимро бар гирди хонаи Каъба барои парастиши бутҳо баҷо оваранд. Зеро, чунонки навиштаанд, хонаи Каъба ҷойгоҳи бутҳое будааст, ки паёмбари ислом онҳоро шикаст. Бархе низ гуфтаанд, ки шоъирони барҷастаи араби пешоисломӣ, ки ба “шуъарои ҷоҳилӣ” маъруфанд, барои хондани қасоиди баланди худ дар ин гирдиҳамоиҳо ҳузур меёфтаанд. Гӯё ҳафт қасидаи баланди арабӣ, ки ба номи “Муъаллақоти сабъ” (“Ҳафт овеза”) маъруфанд, дар хонаи Каъба овезон будаанд.
Мақсуд аз ҳаҷ, чунонки навиштаанд, боло рафтани рӯҳи ҳамбастагӣ ва маънавият дар миёни аҳли имон аст. Аммо гурӯҳе аз шоъирону нависандагон нияти бисёре аз зоиронро ба нақд гирифтаанд ва гуфтаанд, зоироне ҳастанд, ки на барои тазкияи нафс, ки барои таҳқими мавқеъияти иҷтимоъии худ ба Макка мераванд ва бештар ба фикри тиҷоратанд, то ибодат.
Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар шеъре аз яке аз дӯстонаш мепурсад, ки “барои чи ба Макка рафтӣ ва оё ба ростӣ нафсро фаромӯш кардӣ ва Худоро бар худ нозир дидӣ ё на?” Он шеърро метавонед дар зери ин навишта бихонед.
Мавлавӣ, Ироқӣ, Шайх Баҳоӣ ва дигарон низ ҳар як ба гунае дар бораи ҳаҷ шеъре сурудаанд. Мавлавӣ бо унвони “Эй қавми баҳаҷрафта” шеъре дорад, ки бисёре онро бо наво хондаанд.
Дар солҳои ахир шаҳри Макка бисёр дигаргун шуда ва бо сохта шудани биноҳои баланд, хонаҳои бисёр ва чандин ошёнаи дигар нишоне аз гузаштаҳои дур дар даруни шаҳр дида намешавад. Бо боз кардани ҷо барои васоили нақлияи ҷадид дар Макка шояд базудӣ онҳое, ки ба Макка мераванд, навъе аз ҳаҷро таҷруба кунанд, ки ба зеҳни пешиниён хутур ҳам намекардааст.
Дар гузориши мусаввари ин сафҳа Алии Бедгулӣ, пажӯҳишгари эронӣ, аз таҷрубиёт ва мушоҳидоти худаш дар ҳач мегӯяд. Бархе аз аксҳои гузориш мутаъаллиқ ба Ҳасан Аммор, Мустафо Ӯзар ва Муҳаммад Солим аст.
Ҳоҷиён омаданд бо таъзим,
Шокир аз раҳмати Худои раҳим…
Мар маро дар миёни қофила буд,
Дӯсте мухлису азизу карим.
Гуфтам ӯро: “Бигӯ, ки чун растӣ,
З-ин сафар кардани ба ранҷу ба бим?..
Шод гаштам бад-он ки кардӣ ҳаҷ,
Чун ту кас нест андар ин иқлим.
Бозгӯ, то чигуна доштаӣ
Ҳурмати он бузургвор ҳарим.
Чун ҳамехостӣ гирифт эҳром,
Чи ният кардӣ андар он таҳрим?
Ҷумла бар худ ҳаром карда будӣ,
Ҳарчи модуни кирдгори қадим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Задӣ “лаббайк”
Аз сари илму аз сари таъзим?
Мешунидӣ нидои Ҳаққу ҷавоб,
Боздодӣ чунонки дод калим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Чу дар Арафот
Истодию ёфтӣ тақдим,
Орифи ҳақ шудию мункири хеш,
Ба ту аз маърифат расид насим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Чу мекуштӣ
Гӯсфанд аз паи ясиру ятим,
Қурби худ дидӣ аввалу кардӣ
Қатлу қурбон нафси шуми лаим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Чу мерафтӣ
Дар ҳарам ҳамчу аҳли Каҳфу рақим,
Эмин аз шарри нафси худ будӣ?
В-аз ғами фурқату азоби ҷаҳим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Чу санги ҷамор
Ҳамеандохтӣ ба деви раҷим,
Аз худ андохтӣ бурун яксар
Ҳама одоту феълҳои замим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Чу гаштӣ ту
Мутталеъ бар Мақоми Иброҳим,
Кардӣ аз сидқу эътиқоду яқин
Хешии хешро ба ҳақ таслим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Ба вақти тавоф,
Ки давидӣ ба ҳарвала чу залим,
Аз тавофи ҳама малоикатон
Ёд кардӣ ба гирди арши азим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Чу кардӣ саъй
Аз Сафо сӯи Марва бар тақсим,
Дидӣ андар сафои худ кавнайн,
Шуд дилат фориғ аз ҷаҳиму наъим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Чу гаштӣ боз
Монда аз ҳиҷри Каъба бар дил рим,
Кардӣ онҷо ба гӯр мар худро
Ҳамчуноне кунун, ки гашта рамим?”
Гуфт: “Аз ин бод ҳар чи гуфтӣ ту,
Ман надонистаам саҳеҳу сақим”.
Гуфтам: “Эй дӯст, пас накардӣ ҳаҷ,
Нашудӣ дар мақоми маҳв муқим.
Рафтаӣ Макка дида, омада боз,
Меҳнати бодия харида ба сим,
Гар ту хоҳӣ, ки ҳаҷ кунӣ пас аз ин,
Инчунин кун, ки кардамат таълим”.