Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Вақте Гурдофарид будам
Қамари Аҳрор

То сухан аз ҷойгоҳи зан дар Эрони бостон меравад, банохудогоҳ ному корномаи Гурдофарид ба ёд меояд; зане дилрабо ва дар айни ҳол диловар ва далер, ки бо разм ва афсуну найранг дар садади дифоъ аз зодбумаш бармехезад ва барошуфта аз шикасти бародараш Ҳажир ба дасти лашкари тӯрониён ба набарди Суҳроб мешитобад:

Зане буд бар сони гурде савор,
Ҳамеша ба ҷанг андарун номдор.
Чунон нангаш омад зи кори Ҳажир,
Ки шуд лоларангаш ба кирдори қир.
Бипӯшид даръи саворон ба ҷанг,
Набуд андар он кор ҷои диранг.
Ниҳон кард гесӯ ба зери зиреҳ,
Бизад бар сари тарги румӣ гиреҳ.
Фуруд омад аз диж ба кирдори шер,
Камар бар миён, бодпое ба зер.
Ба пеши сипоҳ андар омад чу гард,
Чу раъди хурӯшон яке вела кард.
Ки гурдон кадоманду ҷанговарон?
Далерону корозмуда сарон?

Ин абёти Фирдавсӣ дар достони “Рустаму Суҳроб”-и Шоҳнома ва тавсифи он пайкор Гурдофаридро ҷовидона кардааст. Ва барои бисёре аз мардуми Иттиҳоди Шӯравии пешин Сайрам Исоева, ҳунарпешаи тоҷик буд, ки ном ва ёди Гурдофаридро зинда кард ва симои ӯро ба наҳве сутуданӣ рӯи пардаи синемо бурд.

Дар соли 1971, ки Борис Кимёгаров, маъруфтарин коргардони тоҷики он даврон, дар ҷустуҷӯи бозигаре барои нақши Гурдофарид дар филми “Рустам ва Суҳроб”-аш буд, Сайрам Исоева бисту нуҳ сол дошт ва ҳунарпешае ҷавон буд. Аммо то Сайрам бар зини асп нишаст ва ҳолату ваҷоҳати Гурдофаридро ба худ гирифт, Кимёгаров фарёд даркашид, ки “Гурдофарид ҳамин аст!”

Тӯли муддати филмбардорӣ Сайрам борҳо аз асп уфтоду бархост ва як бор ҳам захмӣ шуд, аммо саранҷом нақшеро офарид, ки вориди дурахшонтарин баргҳои торихи синемои Тоҷикистон шуд. Имрӯза дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Шӯравии пешин Гурдофаридро дар симои ҳамон Сайрами ҷавон мутаҷассим мекунанд, ки бебокона савор бар асп, бо кулоҳхӯд ва ҷавшани мардона бо Суҳроб шамшер мезад, аз асп уфтоду мӯи баландаш афшон шуд ва бо найранг аз чанги Суҳроб раҳо шуд ва аз фароз бору (қалъа) ӯро ба ришханд гирифт.

Сайрам Исоева 68 сол пеш дар шаҳри Душанбе зода шуд. Дар донишгоҳи теотри шаҳри Тошканд таҳсил кард ва соли 1964 ба ҷамъи ҳунарпешагони теотри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, ки он вақт номи Пушкинро дошт, пайваст. Дар намоишномаҳои бисёре нақш офарид  ва саршинос шуд, аммо авҷи фаъъолияти ҳунариаш ҳамоно бозӣ дар филми “Рустам ва Суҳроб” буд.

Сайрам Исоева то даврони бознишастагӣ дар арсаи теотр ва синемои Тоҷикистон, Узбакистон ва Русия фаъъол буд ва маҳбубияти густардае дошту дорад. Фарзонаи Хуҷандӣ, аз шоъирони саршиноси Тоҷикистон, дар тавсифи Сайрам Исоева мегӯяд:

“Набарди инсонҳо дар муқобили тақвим ҳамеша бо шикасти онҳо анҷом мепазирад, зеро мавлои вақт ҳаргиз таслими ирода ва идораи одамӣ набудааст. Аммо, вақте ки ҳунар бо тақвим ҷиҳод мекунад, бавижа ҳунаре, ки мутародифи муъҷиза аст, вақт бо тамоми шаҳомати кайҳониаш оҷиз мемонад. Дар саҳнаи разми Суҳробу Гурдофарид (дар филми Борис Кимёгаров) таҷаллии нубӯғи Сайрам падидор аст. Сайрами ҷавон чи азиятҳое кашидааст, ки Гурдофарид офаринад. Гурдофарид, ки чун шаҳсавори аспе барқҷавлон бархостааст, зане ормонист, ки ниёгонамон тӯли ҳазорсолаҳо месутуданд; зане ки рӯҳи миллатро дар вуҷудаш паноҳ додааст. Ман меандешам, ки агар тандиси Гурдофарид дар синемо ва теотр сад бори дигар офарида шавад, ҳама сояи хираи Гурдофариди Сайрам хоҳад буд... Сайрам тимсоли ҳамаро меофаринад, вале худаш ба иборати Фурӯғи Фаррухзод , “касест, ки мисли ҳеч кас нест.” Ӯ бенамунатарин ҳунарварест, ки бо сабки номукаррар ҳамарӯза худро таҷдид мекунад”.

Сайрам Исоева дар соли 1985 дар теотри Камоли Хуҷандӣ истудюи ҳунарпешагони навҷавонро таъсис кард, то андӯхтаҳо ва ҳунарашро бо насли ҷавон қисмат кунад. Акнун бисёре аз ҳунарпешагони ин теотр аз шогирдони ҳамон истудюи Сайрам ҳастанд.

Дар ин рӯзҳо Сайрам Исоева ҳамроҳ бо фарзандону набераҳояш дар хонае кӯчак дар шаҳри Хуҷанд ба сар мебарад. Ҳамсараш Исломҷон Саломов аз коргардонони теотр аст ва духтараш Саъодат Саломова ҳунарпешаи саршиноси теотру синемост.

Дар гузориши мусаввари ин сафҳа Сайрам Исоева рӯзҳои филмбардории филми “Рустам ва Суҳроб”-ро ба ёд меоварад.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.