Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Суҳроби суфолгар
Парвиз Аминов

Пиёлаю қӯрӣ (чойник)-ҳои минётурии ороста бо нақшу нигори зариф, ки танҳо мавриди корбурдашон тазйини хонаю дафтар аст, дар канори кӯзаю шамъдонҳои клоссик, аммо дорои тарҳҳои мудерн, ки истифодаи рӯзмарра доранд ва тимсолу тандисҳои хурду бузург ва мокетҳои ҷойҳои торихии Ҳисору Хуҷанд ва Бухорою Самарқанд аз офаридаҳои Суҳроб Саъидов, саршиностарин кулоли Тоҷикистон аст.

Дар Тоҷикистон ба ӯ ба шеваи клоссик “кулол” мегӯянд ва ба ҳирфааш “кулолгарӣ”, ки мутародифи ҳамон “суфолгар” ва “суфолгарӣ” аст. “Кулол” ҳам як вожаи решадори форсист ва дар осори гузаштагон ба фаровонӣ омадааст:

Ҳар косае, ки сохт, надонам чаро шикаст,
Гарданда осмон, ки чу чархи кулол гашт. (Амир Хусрав)

Нигар, то дар ин чун суфолина тан
Ба ҳосил шуд аз ту муроди кулол. (Носири Хусрав)

Гилро чи маҷол аст, ки пурсад зи кулол,
К-аз баҳри чӣ созию чаро мешиканӣ. (Абӯъалии Қаландар)

Аммо кулолҳои даврони Ҳаким Носири Хусрав ва Амир Хусрави Деҳлавӣ шояд ғолибан косаю кӯза месохтанд ва маъруф ба кӯзагару косагар буданд. Дар ҳоле ки гил дар дарсти ин суфолгари варзидаи тоҷик шакли ҳар чизеро мегирад; аз косаю кӯза гирифта то манораҳою кохҳо; ва ӯ бештар ба муҷассамасозе мемонад, ки осорашро дар абъоде кӯчактар ва бо суфол ё гили пухта месозад.

Бо ин ки гил дар дасти ӯ чун мум мелағжаду шакл мегирад ва зоҳиран барои суфолгар иҷрои ин ҳаракатҳои тунду онӣ корест бас содаю саҳл, ин танҳо яке аз марҳилаҳои поёнии як фароянди тӯлонию пурранҷ аст. Ҳар гиле ин ҳама гироӣ ва чиголиш надорад. Суҳроб Саъидов хоки онро аз каронаи рӯд меовараду мекӯбад, дар об хис (тар) мекунад, то гил шавад ва пас аз ду-се рӯз он гилро бо ғирбол мебезад ва регро аз ғайри рег ҷудо мекунад. Баъдан он моса (рег)-и гилшударо мековад, то ҳаво аз дарунаш батамом берун ояд. Сипас он моддаро барои яке-ду соъат канор мегузорад. Танҳо баъд аз он аст, ки масолеҳи сохти зарфу тандисҳо фароҳам мешавад.

Коргоҳи Суҳроб яке аз панҷ утоқи хонааш аст. Коргоҳ бисёр содаю суннатист ва аз мошинолот дар он хабаре нест. Ҳамаи лавозими суфолгариро Суҳроб худаш таҳия кардааст; қолибҳои суфолинаҳо ҳам сохтаи худи ӯст.

Кору зиндагии ӯ дарҳам омехтааст ва фарзандонаш ҳам миёни гилу кӯра ва рангҳояш мепалаканд (мегарданд). Писараш Амон ва духтараш Саъодат, ки дар гузашта бо асбоббозиҳои сохтаи падар дар коргоҳаш бозӣ мекарданд, акнун аз синни бозиҳои кӯдакона берун омадаанд ва ҳамкори ӯ шудаанд ва худашон асбоббозӣ месозанд. Саъодат бо маҳорати сутуданӣ гилеро аз даруни қолибе берун мекашад ва дар арзи ним соъат бо афзудани васлаҳои гилии дигар ва рангпардозӣ аз он хирси кӯчакеро шакл медиҳад, ки бароҳатӣ дар мағозаҳои шаҳр ба фурӯш меравад.

Фаровардаҳои коргоҳи Суҳроб Саъидов харидорони фаровоне дорад ва бисёре аз ин суфолинаҳо ба унвони савғоти шаҳрҳои Тоҷикистон ба хориҷ рафтаанд. Аммо Суҳроб мегӯяд, ки муҳимтарин ангезаи ӯ даромади ҳосил аз кораш нест, балки муъаррифии ториху фарҳанг ва зебоиҳои Тоҷикистон ба ҷаҳониён аст. Ӯ то кунун ду бор ба хотири офаридаҳои ҳунарии камназираш ифтихорномаи Бунёди омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (UNESCO)-ро дарёфт кардааст.

Акнун танҳо орзуи кулоли Тоҷикистон поярезии як мадрасаи суфолгарӣ аст, то ҳунараш беш аз пеш доман паҳн кунад ва ривоҷ ёбад. Шояд барои суфолгаре, ки коргоҳаш хонаи худаш аст, таъсиси мадраса як орзуи маҳол ҷилва кунад. Аммо маҳбубияти корҳои Суҳроб Саъидов ба ҳаддест, ки шояд битавонад ин маҳолро ҳам мумкин кунад.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.