Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Дар сӯги Камол Айнӣ
Тӯраҷи Атобакӣ*

Аз миёни баркашидагони фарҳангу адаби Тоҷикистон Камолиддини Айнӣ (1928-2010) аз нодир пажӯҳишгароне буд, ки ба баракати пешинаи хонаводагӣ ва таҳсилоти донишгоҳиаш ҳалқаи пайванди гузаштаи адабии тоҷикон бо фазои фарҳангии начандон қавомёфтаи имрӯзини ин сарзамин буд.

Камол Айнӣ зодаи Самарқанд буд; фарзанди Садриддин Айнӣ, аз меъморони фарҳангӣ-сиёсии Тоҷикистон шӯравӣ. Дар кӯдакӣ ҳамроҳи падар Самарқанди тозанишаста дар домани Ҷумҳурии Сусиёлистии Узбакистонро барои ҳамеша тарк кард, то ба ҳиммати падар тираки ошёнаро бар сарзамине бикӯбанд, ки ҳарчанд ҳишмати фарҳангии зодгоҳро надошт, аммо қарор буд ба фармоне маъвои навободи тоҷикони Осиёи Миёна шавад, ки шуд. Ҳокимони булшевики Маскав барои сарзамини навобод пойтахте низ сохтанд, дар рустои Душанбе; рустое, ки дар он замон ҷамъияте дар ҳудуди 46 хонвор дошт. Ҳамин шаҳр, аммо, саранҷом маскани Камол Айнӣ, падар, модар ва танҳо хоҳараш Лутфия шуд.

Талоши падар ва ёронаш ҳама ин буд, то дар нокуҷоободи Душанбе шаҳре дархури фарҳанги дерпои форсизабонони Осиёи Миёна бисозанд, ки сохтанд. Ҳиммати волои Абулқосим Лоҳутӣ низ дар ин созандагӣ ёдкарданист. Абулқосим Лоҳутӣ аз дӯстони падар буд ва Камол Айнӣ ба баракати ин дӯстию омадушуд аз Абулқосим Лоҳутӣ дар боби адаби форсии Эрон бисёр омӯхт.

Суханони устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар бораи Камол Айнӣ ва осораш
Авони кӯдакии Камол Айнӣ дар чунин фазои пурталоше гузашт. Аммо ба солҳои миёнии даҳаи сиюми мелодӣ, ки расид, бахтаки пуридбор (пурмусибат)-и тасфияҳои хунбори столинӣ бар хонаводаи Айнӣ низ сояи сиёҳашро афканд. Дар шаҳр хабар аз боздошти қарибулвуқӯъи падар мерафт. Оғози ҷанг дувуми ҷаҳонӣ, аммо, нуқтаи поёне шуд бар ин фароянди пуршитоби тасфияҳо. Падар ҳарчанд аз ин корзор ҷон бадар бурд, аммо тарси он рӯзҳо ҳамеша бо Камол боқӣ монд ва аз ӯ инсоне муҳтот, аммо ҳамеша нигарон сохт.

Бо поёни ҷанг Камол Айнӣ роҳии Сан-Петерзбург шуд, то дар бахши ховаршиносии донишгоҳи давлатии он шаҳр ба омӯхтани адабиёти форсӣ бинишинад. Шояд ин тавсия ва ташвиқи падар буд, ки аз фарзанд мехост роҳи ӯро пай гирад. Камол Айнӣ ба соли 1949 аз ҳамин донишгоҳ фориғуттаҳсил шуд ва сипас рӯ ба Тоҷикистон гузошт.

Солҳои пас аз ҷанг солҳои таҳаввулоте тоза дар сарзамини шӯроҳо буд. Аз ҷумла Маскав раъй бар ин дод, то дар тамомии ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ мустақил аз будубоши фарҳангӣ ва илмишон фарҳангистонҳои улуми ҳамгин ва ҳамсанг барпо шавад. Дар Тоҷикистон бахши адабиёт ва баррасии мутуни дастнависи шарқӣ дар қиёс бо бахшҳои дигари фарҳангистон зудтар шакл гирифт. Дар соли 1953, ҳангоме ки Камол Айнӣ 25 сол дошт, ба нахустин раёсати пажӯҳишкадаи мутуни дастнависи шарқӣ баргузида шуд. Ошноӣ бо ганҷинаи азими дастхатҳои куҳани форсӣ дар ин пажӯҳишкада фурсатеро барои Камол Айнӣ фароҳам овард, то бо баҳрагирӣ аз равишҳои донишгоҳӣ, яъне он чи ки дар Сан-Петерзбург хонда буд, ба тасҳеҳу интишори мутуни клосики форсӣ рӯ кунад. Ҳосили ин талош пажӯҳиш дар осори бузургоне аз адабиёти форсӣ, чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав ва Ҷомӣ буд.

Даврони раёсати Камол Айнӣ бар пажӯҳишкадаи мутуни дастнависи шарқӣ ду соле ба дарозо кашид ва аз паи он ӯ ба узвияти пажӯҳишкадаи ховаршиносӣ ва пажӯҳишкадаи забону адабиёт, ҳар ду вобаста ба Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, даромад. Камол Айнӣ бо пайгирии талошҳои пешин ҳамчунон ба тасҳеҳу интишори мутуни форсӣ пардохт ва дар ин росто аз мушорикати ӯ барои нашри нуҳҷилдии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва тадвини мунтахаби осори Абдурраҳмони Ҷомӣ дар панҷ ҷилд бояд ёд кард.

Аз дигар осори ӯ интишори матни интиқодии “Ҳумой ва Ҳумоюн”, “Гулу Наврӯз” аз Хоҷӯи Кирмонӣ буд ва низ ҳамкориаш бо дигар пажӯҳишгарон дар омода кардани мутуни “Вису Ромин” аз Фахриддини Гургонӣ, “Бадоеъ-ул-вақоеъ” аз Зайниддини Восифӣ. Аммо мондагортарин корҳои ӯ шояд нашри осори падараш Садриддин Айнӣ буд, ки гоҳ ҳатто ба ҳиммати ӯ ба забонҳои дигар низ тарҷума шуд.

Бо фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Сусиёлистӣ чун дигар пажӯҳишгарони тоҷик барои Камол Айнӣ низ арсаи тозае барои пажӯҳиш фароҳам омад. Камол Айнӣ сафарҳои бисёреро ба Шарқу Ғарб бо ҳадафи ширкат дар нишастҳои илмӣ оғоз кард. Дар бисёре аз ин сафарҳо ҳамсараш Муқаддима Ашрафӣ низ ки аз ҳунаршиносони барҷастаи тоҷик аст, ҳамгоми ӯ буд. Бархе аз рисолоти ӯ дар маҷмӯъаи мақолоти кунфронсҳое чун Анҷумани мутолеъоти Осиёи Миёна ба чоп расидаанд.

Камол Айнӣ ҳамгом бо Муҳаммади Осимӣ, аз бунёдгузорони Анҷумани тоҷикону форсизабонон “Пайванд” буд. Анҷумане, ки бо ҳадафи “ҳифз ва пайванди арзишҳо ва суннатҳои муштараки торихӣ ва фарҳангии тоҷикон ва дигар мардумони форсизабон ва ба манзури густаришу таҳкими муносиботи дӯстонаи миёни онҳо” шакл гирифт. Бо ба хок уфтодани бераҳмонаи Муҳаммади Осимӣ ба соли 1996 нақши Камол Айнӣ дар пайванди форсизабонон чашмгиртар шуд. Нақше, ки то поёни зиндагӣ аз он ғофил намонд.

Рӯзи якшанбе, 15 ут (август), пайкари Камол Айнӣ дар канори оромгоҳи падараш Садриддин Айнӣ ва дӯсти деринаш Муҳаммади Осимӣ дар Боғи Айнии шаҳри Душанбе ба хок рафт.

Гузориши мусаввари ин сафҳа, ки шомили суҳбатҳои Камол Айнӣ низ мешавад, бори нахуст рӯзи 21.04.2008 дар ҶадидОнлойн мунташир шуда буд.

*Дуктур Тӯраҷи Атобакӣ устоди торихи Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Лойдани Ҳуланд аст
.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.