Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Носозгории замона бо китоб
Дориюши Раҷабиён

Гўӣ китоб ҳам мисли дору ва хўрокӣ муддати масраф дорад; ба вижа дар ҷавомеъи идеулужик, ки ҳама чизро аз равзанае танг арзёбӣ мекунанд ва ҳар он чиро, ки бо дидгоҳашон намехонад, канор мегузоранд, дур мерезанд, месўзонанд ё хамир мекунанд.
 
Иттиҳоди Шўравии пешин боризтарин намунаҳои мунқазӣ шудани китобҳоро ба намоиш гузошта буд. Умри бархе аз китобҳо ба яке-ду сол ҳам қад намедод ва то нависандаи он мавриди бемеҳрӣ қарор мегирифт, китобаш қабл аз худи ў эъдом мешуд; яъне китобҳо на танҳо аз қафасаҳо барчида мешуданд, балки дар коми оташ месўхтанд ва барои ҳамеша беному нишон мешуданд. Агар нусхае аз он ҷон ба саломат мебурд ва ба хориҷ роҳ меёфт, мемонду таксир мешуд. Дуруст мисли паноҳҷўе, ки мехоҳад дар сарзамини дигарон заминаи боландагиашро фароҳам кунад, китобҳо ҳам паноҳанда мешуданд.
 
Бархе аз китобҳо, ба монанди навиштаҳои бешумори Жузеф Столин, бо марги нависандагонашон мемурданд ва китобдорон муваззаф буданд қафаса (раф)-ҳо ва ганҷа (шкаф)-ҳояшонро аз навиштаҳои беэътиборшуда тасфия кунанд. Дастур аз болотарин мақом меомад. Барои намуна “столинзудоӣ”-и китобхонаҳо тасмими Николай Хрушчёв, халафи Столин дар мақоми раҳбарии Ҳизби Кумунисти Шўравӣ буд. Ғофил аз он ки ҳамин сарнавишт дар интизори навиштаҳои худи ў ҳам буд, бо ин тафовут, ки китобҳои Хрушчёвро пеш аз даргузашташ барчиданд.
 
Донишҷўёни он давраҳо маҷбур буданд ҳамгом бо замона муҳтавои поённомаҳои худро тағйир диҳанд. Масалан, касе, ки навиштани рисолаашро дар даврони Столин оғоз карда буд, наметавонист онро дар аҳди Хрушчёв таҳвили устодон диҳад. Бояд гуфтаҳои Столин, ки зикри онҳо дар рисолаҳои физик ва шимӣ (химия) ҳам ҳатмӣ буд, бо навиштаҳо ва гуфтаҳое аз Хрушчёв иваз мешуд. Тағйири раҳбарӣ, ба вижа дар чанд даҳаи нахусти умри кўтоҳи импротурии сурх, ба масобаи тағйири муҳтавои китобхонаҳо ва рисолаҳои илмӣ буд. 
 
Бад-ин гуна, аз соли 1924-и мелодӣ, ки нахустин китобхонаҳои мудерн дар Тоҷикистон падид омаданд, то акнун, қафасаҳои онҳо борҳо пуру холӣ шудааст, то хотири сармадорони вақтро хуш дорад ва муҳимтар аз он, заминаҳои таҳкими идеулужии ҳокимро фароҳам кунад.  Ин пуру холӣ шуданҳо танҳо далели идеулужик надошт, балки дар мавориде марбут ба тағйири дабира ё хат мешуд, ки дар Тоҷикистон дар зарфи даҳ сол ду бор иттифоқ уфтод.
 
Дар даҳаи 1920-и мелодӣ хатти тоҷикон форсӣ буд ва китобҳое, ки дар китобхонаҳои ҷадид анбошта мешуд, ҳамагӣ ба ҳамин хат буд. Аммо аз осори адибони клосики порсӣ дар қафасаҳои ин китобхонаҳо дар он давра хабаре набуд. Он даста аз адабиёт ҳанўз аз сўйи дастгоҳи навпои режими сурх табақабандӣ нашуда буд ё ба иборати дигар, аз софӣ (филтр)-и идеулужии кумунистӣ нагузашта буд. Дар иваз, китобхонаҳо аз навиштаҳои таблиғотии кумунистӣ оганда мешуданд, то насли навини шўравиро муҳандисӣ кунанд.
 
Бо гузор ба дабира (хатт)-и лотин дар соли 1930 муҳтавои китобхонаҳо ҳам лотин шуд. Ва даҳ сол тўл накашид, ки хатти “сирилик” мустақиман аз Маскав ба Тоҷикистон омад ва китобхонаҳо лотинзудоӣ шуданд. Яъне китобхонаҳои Тоҷикистон ва дигар бахшҳои Шўравии пешин чандин мавҷи поксозӣ ба худ дидаанд.
 
Бо поёни муддати масрафи кумунизм ва дарҳам рехтани бисоти сиёсии он Тоҷикистон муддате дар сардаргумии идеулужик ба сар бурд, ки аворизи он ҳамчунон машҳуд аст ва гўё ин кишвар ҳанўз ба истгоҳи идеулужики бахусуси дигаре нарасидааст; ба гунае ки як солро ба тамаддуни ориёӣ ё Зартушт ва соли дигарро ба Имоми Аъзами мактаби ҳанафимазҳаби тасаннун ихтисос медиҳад.
 
Дар ин сардаргумӣ , ки саранҷомаш нопайдост, танҳо як чиз равшан аст: пайванди ин пора аз хоки Осиёи Миёна бо гузаштаи кумунистиаш гусаста шуда ва гумон намеравад дар ояндаи қобили пешбинӣ тоҷикон дубора ба он рў оваранд. Аз ин рў бисёре аз китобхонаҳои Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки бори дигар қафасаҳои худро поксозӣ кунанд ва ин бор ин поксозӣ шомили ҳамаи адабиёти кумунистӣ хоҳад шуд: аз даҳҳо ҷилди куллиёти Ленин гирифта то ашъори хушку беҷони шоъирони маддоҳи шўравӣ аз маърази диди мардум нопадид хоҳанд шуд ва ба зерзаминиҳову анборҳои китобхонаҳо хоҳанд рафт. Ва маъмулан китобҳое, ки роҳашон ба зерзаминиҳои торику намнок хатм мешавад, саранҷоме ҷуз пўсидану нобудӣ надоранд.
 
Оё метавон аз як бурҳаи муҳимми торихӣ, ки мо ба ҳар далеле шояд аз он хушамон намеояд, ба ин роҳатӣ чашм пўшид ва ҳосили зеҳнии он давраро чун туфолаҳо (ахлот)-и зеҳнӣ  дур рехт? Ин пурсишест, ки имрўза иддае дар Тоҷикистон матраҳ мекунанд. Дар баробари онҳо шуморе дигар иддаъо мекунанд, ки китобҳои даврони кумунистӣ дигар ба дарди касе намехуранд ва фазои бузурги китобхонаҳоро ишғол кардаанд, дар ҳоле ки он фазоро метавон ба китобҳои маҳбубтаре дод.
 
Дидгоҳе шабеҳи назари ахир бархе аз китобхонаҳои устон (вилоят)-и Хатлони Тоҷикистонро мутақоъид кардааст, ки адабиёти кумунистиро аз толорҳои қироат ҷамъоварӣ ва пинҳон кунанд, то фазои бозтаре дошта бошанд.
 
Аммо акнун ба назар мерасад, ки фазои ин китобхонаҳо беш аз андоза боз аст. Қафасаҳое, ки то дирўз пур буданд, акнун холианд ва китобҳои нави чандоне вуҷуд надорад, ки ҷойгузини онҳо шавад; ба ҷуз чанд китоби мунаққашу мусаввари раҳбари кишвар ва теъдоде кам аз осори нависандагон, ки танҳо ҷои кўчаке аз ҷойгоҳи васеъи китобҳои раҳбарон ва нависандагони пешинро пур кардааст. Бо буҳрони феълии интишори китоб, ки домангири Тоҷикистон шуда, тасаввур мешавад, ки ин бор навбати пургард шудани худи қафасаҳои холист, на китобҳо.
 
Дар гузориши тасвирии ин сафҳа, ки Муъмин Шерхонов дар устони Хатлони Тоҷикистон таҳия кардааст, ба шуморе аз ин китобхонаҳо сар мезанем.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.