Агар хоста бошед бидонед, ки ҳунари мусиқии имрӯзи тоҷик дар куҷо ҷараён дорад, бояд ба хиёбони Бохтар, яке аз хиёбонҳои марказӣ ва пурдарахти шаҳри Душанбе биравед. Чун ҳангоми гузар аз ин хиёбон ҳатто агар чашмонатон ба навиштаи “Осорхонаи Гурминҷ” ба се забони форсии тоҷикӣ, инглисӣ ва русӣ науфтад, аз садои мусиқии хушнавое, ки аз дохили сохтмон ба гӯш мерасад, мутаваҷеҳ мешавед, ки ин ҷо бояд маконе ҳунарӣ ва фарҳангӣ бошад.
Ин осорхонаро Гурминҷи Завқибек, ҳунарманди саршиноси теотр ва синемои тоҷик, бунёд кардааст. Ӯ мусиқишиносе буд, ки 40 соли умри худро ба ҷамъоварии созҳои манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳатто дуруфтодатарин рустоҳо сипарӣ кард.
Ӯ бештари созҳоро аз мардум харидорӣ мекард, вале бархе аз созҳоро сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба унвони армуғон ба оқои Завқибек медоданд.
Саранҷом пас аз гирдоварии созҳо, Гурминҷ ҳудуди 20 сол қабл ин осорхонаро таъсис кард ва ҳамакнун тамошогарон аз гӯшаву канори Тоҷикистон ва низ меҳмонон ва ҷаҳонгардон барои дидани ин музе меоянд.
Сохтмони осорхона иборат аз чанд утоқ ва муҳавватае бо саҳнаи тобистона барои кунсерт аст.
Дар даврони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон, дар солҳои охири қарни пеш, дастандаркорони ин осорхона тавонистанд аз созҳои ҷамъоваришуда, ки дар миёни онҳо созҳои хеле қадимӣ низ ҳаст, муроқибат кунанд. Баъзе аз созҳои музе бисёр куҳнаанд ва аз ҷумла рубоби бадахшии ин осорхона тақрибан 300 сол умр дорад.
Аммо ин як музеи маъмулӣ нест. Яке аз вижагиҳои ин музе ин аст, ки ҳамаи созҳое, ки дар он нигаҳдорӣ мешаванд, қобили истифодаанд. Яъне шумо агар бихоҳед, метавонед созҳоро бардоред ва мусиқӣ бинавозед.
Дар ин макони пуршӯру зинда навозандагон ва овозхононро метавонед бибинед, ки машғули тамрин ва машқ ҳастанд. Ду гурӯҳи машҳури Тоҷикистон, яъне “Шамс” ва гурӯҳи “Самоъ” дар ин музеи кӯчак бархе авқот консертҳое ҳам иҷро мекунанд. Яке аз машҳуртарин касоне, ки ба ин музе рафтуомад дорад, Нобовари Чанор, овозхони гурӯҳи “Шамс” аст, ки бисёр машҳур аст.
Гоҳе боздидкунандагони ин музе шоҳиди он мешаванд, ки мусиқинавозон ба кори кӯк кардани рубобу сетор машғуланд ва мусиқии суннативу нав ва ё фулклури тоҷикиро низ иҷро мекунанд.
Дар осорхонаи Гурминҷ ба ҷуз аз созҳои мардумони гуногуни Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, созҳои дигар кишварҳо, мисли Жопун ва кишварҳои урупоӣ низ маҳфуз аст.
Гузориши мусаввари ин сафҳа дар коргоҳи омӯзиши гузоришгарии чандрасонаӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор шуд, таҳия шудааст.
Ин матлаб бори нахуст рӯзи 29.11.2007 мунташир шуда буд