Шояд қидмати Cездаҳбадар, ба андозаи қидмати ҷашни Наврӯз бошад, аммо манобеъи таърихӣ дар ин бора иттилоъи дақиқ намедиҳанд. Он чи рушан аст, пайванди мустақими он бо ҷашни Наврӯз ё эътидоли баҳорӣ аст, ки дар Бобули бостон низ давоздаҳ рӯз ба дарозо мекашид.
Дар фарҳанги эронӣ мардум сездаҳумин рӯзи солро дар берун аз хонаҳояшон сипарӣ мекарданд, то бадин гуна аз гуҷастагӣ ё наҳвасти шумораи сездаҳ фарор кунанд. Ин ҷашн акнун дар Эрон ва бахше аз Афғонистон бо ҳамин номи Cездаҳбадар машҳур аст.
Мардуми Ҳирот дар Ғарби Афғонистон сездаҳумин рӯзи аввали солро рӯзе медонанд, ки дар он сарнавишти рӯзҳои ояндаи сол рақам мехурад. Духтарон онро рӯзи гушоиши бахти худ медонанд.
Онҳо дар чунин рӯзе дар тафарруҷгоҳҳое дар канори Ҳарирӯд, Дашти Шайдоӣ ва ё мантақаи Карух мераванд ва фарше ба рӯйи сабзазорҳо мегустаронанд ва то поёни рӯз ба шодӣ мепардозанд.
Бовар бар ин аст, ки агар дар Сездаҳбадар касе дар хона бимонад ва бадар наравад, кораш дар ҳама рӯзҳои сол фурӯбаста хоҳад буд ва гушоише падид нахоҳад омад.
Дар қадим занон бо худ доира мебурданд ва сурудҳои вижаи ин рӯзро бо доира мехонданд. Имрӯзҳо доира задан дар тафарруҷгоҳҳои Сездаҳбадар хеле роиҷ нест, аммо ҳанӯз иддае ба ин расм пойбанд мондаанд.
Дар рӯзгори Толибон, ки баргузории ин ҷашн мамнуъ буд, мардум ба боғҳое мерафтанд, ки бо деворҳое маҳсур шуда буданд, то Толибон мутаваҷҷеҳи ҳузури мардум дар боғ нашаванд.
Рустоиёни Ҳирот навъе кейк ё нони суннатӣ дар ин рӯз мепазанд, ки исми он қалфӣ аст. Онро дар дег ё қалф мегузоранд ва дар танӯр зери оташ мекунанд. Аммо шаҳрнишинон як бори дигар “ҳафтмева” омода мекунанд.
Мардон ба паҳлавонӣ ва кудакон ҳам ба аспаксаворӣ ва чархуфалаксаворӣ мепардозанд.
Шаҳри Ҳирот дар ин рӯз дар ҳоли ниматаътил дар меояд, ҳарчанд ин рӯз таътили расмӣ нест, аммо ҳукуматҳои мухталиф пайваста ба ин нукта таваҷҷуҳ доштаанд, ки аҳолии ин шаҳр дар сездаҳумин рӯзи ҳамал (фарвардин) ба берун аз шаҳр мераванд ва то ҳудуди зиёде талош кардаанд, ба ин суннати қадимӣ эҳтиром бигзоранд.
Аммо дар Тоҷикистон ки ҷашнҳои наврӯзии он дар давраи шӯравӣ ба чаҳор то панҷ рӯз хулоса шуда, сездаҳуми фарвардин (аввали апрел) “Рӯзи ханда” аст, ки зоҳиран бо Сездаҳбадар риштае воҳид дорад, аммо аз роҳи Урупо ба Осиёи Миёна роҳ ёфтааст.
Рӯзи ханда ҳамон “Рӯзи аҳмақ”-и марсум дар Ғарб аст. Дар ин рӯз дӯстон ва наздикон сар ба сари ҳам мегузоранд ва шӯхӣ мекунанд ва ба ҳамдигар дурӯғҳои боваркарданӣ мегӯянд, ки шабеҳи “дурӯғи сездаҳ” дар Эрон аст.
Яке аз дурӯғҳои аввали апрел, ки пас аз фурӯпошии шӯравӣ дар матбуъоти Тоҷикистон мукарраран мунташир шуда, баргузории консерти Гугуш, овозхони мусиқии попи эронӣ дар шаҳри Душанбе буд, ки аз бас такрор шуд, дигар лутфашро аз даст дод ва дурӯғҳои тоза ихтиро шуд.
Тоҷикистон “Рӯзи ханда”-ро аз тариқи Русия аз Урупо ба вом гирифтааст. Таърихи он дар Урупо ҳам мубҳам аст. Аммо ҳама навиштаҳои таърихӣ ба пайванди он бо соли нави пешини Урупо, тибқи солшумории жулиусӣ ишора мекунанд, ки дар ҳамон рӯзи Наврӯз (21 март) будааст.
Ҷашни Соли нави урупоиҳо ҳам то рӯзи аввали апрел (13 фарвардин) идома дошт. Дар пайи пазириши солшумори григурӣ ва интиқоли соли нав ба аввали январ дар авохири садаи 12-и мелодӣ барои солиёни мутамодӣ афроди зиёди бехабар аз тағйири тақвим, рӯзи аввали апрелро ба унвони поёни ҷашнҳои соли нав таҷлил мекарданд.
Онҳое, ки аз тағйири тақвим огаҳ буданд ва аз он ҳимоят мекарданд, афроди ноогоҳро ба сухра (масхара) мекашиданд ва ба онҳо ҳадяҳои тухолӣ мефиристоданд ё онҳоро ба ҷашнҳое даъват мекарданд, ки барпо набуд.
Дар Тоҷикистон ҳама аз пайванди аввали апрел ба Сездаҳбадар огоҳ нестанд ва онро ёдгоре аз даврони шӯравӣ медонанд.
Абдуфаттоҳ Шафиев, ҳамкори мо дар Душанбеи Тоҷикистон дар бораи Рӯзи ханда дар Тоҷикистон мегӯяд: “Рӯзи аввали апрел ба дасти мардуми Тоҷикистон баҳонае медиҳад, то ба ҳоли худ ва ба ҳоли нобасомониҳои иқтисодии кишвари худ биханданд. Ва агар касе гули ҳарфҳои дурӯғашонро хурд, бо ханда мегӯянд: “Аввали апрел ба касе бовар накун.”
Матлаби мусаввари ин сафҳа ҳовии достонҳое аз аввали апрели соли гузашта дар Тоҷикистон аст.